ХАБАРИ ДОҒ

 

25.07.2021. Соат ба вақти Душанбе 12:58 дақиқа. Аз ҷанозаи эшони Саймаҳмуд, писари кенҷаи эшони Сӯфӣ Олими Данғарагӣ ва падари Шарифзода Хушвахт Салим-садри Раёсати тандурустии пойтахт, ки дар Кангурт фавтид, бармегаштем. Ҳамин вақт телефонам занг заду аз он сӯи гӯшӣ садои ларзони Умар-ако, корманди БДА Душанберо шунидам, ки бо овози гиряолуд мегуфт:

-Сайёф, бачаи оча, беҳтарин дӯст ва бузургтарин бародарамон Мирзо Қаюмовро аз даст додем…

Ҳангу мадор аз дасту поям рафт. Чамбари мошин дигар ба ихтиёрам набуд. Чӣ хел? Чаро? Кай, Чигуна???...

 

Мирзои мариз

Медонистам, ки дар бемористон асту медонистам, ки COVID-19 шудааст. Вале ҳамин дина шаб аз телефонаш, бо имзои писари дӯстдораш-Мирсаид порахат-СМС омад:

-Акаҷон, падарам хеле хуб шудаанд. Худо хоҳад, ташдиди касал паси сар шуд. Бо дуо бошед…

Каноре истода, порахатҳоямонро варақ задам. Зеро ин охирин додуситад бо Акои қиёматиям Мирзои нозанин буд. Акое, ки маро пайваста чунин нидо медод:

-Сайёф-ако? Қандай сиз???

-Қандай сиз ё қанфит???- ин суоли шӯхиомези ман буд ва ҳамеша ӯ посух медод:

-Якши, якшииии….Сиз қандай?

Ман бо Ако мукотиба мекардаму намедонистам, ки мариз аст. Зеро Олуфта ва Покизарӯзгор, ки буд, намехост, ЯГОН дӯст аз маризияш хабардор шудаву зиқ гардад. 

Ҳусейн Эмомович Раҳмонов-бародари дигари мо, ки духтурамон низ буд, боре навишт:

-Хабар дорӣ, ки Ако дар Клиникаи Мансуров хоб аст?

Ҳуш аз сарам парид. Гуфтам, о, ҳар рӯз чақ-чақ мекунему ӯ чизе намегӯяд?

Ҳусейн Эмомович хандиду гуфт:

-Акамона намедонӣ? Ман, ки духтури қалбаш мебошам, нав фаҳмидам ва он ҳам аз дигарон…

 

Мирзои хушсухан

10.07.2021. Соат ба вақти Вайбер 12:17 дақиқа. Инро шунида, оҷилан бо шӯхӣ навиштамаш:

-Шумоён куҷоҳонба?

-Салом Сайёф-Ако. Навбат ба мо расид. Хабаргирӣ медонӣ, худат, ин касалиро манъ аст. Фақат дар сари намозатон дуо кунед, дар ҳаққи мо. Ҳамин 100% қабул, дӯсти азиз…

-Муҳим дилро бақувват гиред, Ако! Иншооллоҳ ин ҳам мегузарад. Мову Шуморо боевикҳои Ғарму Кӯлоб накуштанд, ин касал худаш кист?-шӯхӣ кардам ман ва афзудам-Дорувор лозим мӣ?

Навишт:

-Хама хуб. Мо Метавонем! Маро бачаҳо, 1 шӯъбаи табобати махсус барои хешомон будааст, ҳамонҷо хобонданд. Ҳозир ман дарборӣ шудагӣ, ҷӯра-чун ҳамешагӣ шӯхӣ кард Ако ва афзуд-Ҳама чӣ мерасад, раҳмат бародари азиз.

17.07.2021. Соат ба вақти Вайбер 16:09 дақиқа. Навиштамаш:

-Салом, Ако! Беҳтарку бехатарак шудед-ми?

18.07.2021. Соат ба вақти Вайбер 07:10 дақиқа. Навишт:

-Салом. Хубам. Ба аҳли оила саломи маро расонед!

Аз 20.07.2021 мукотибаи мо қатъ гардид. Ин танҳо Мирсаиди нозанин, баччаи кенҷа ва “писари дадош” (ибораи дӯстдори Ако) буд, ки аз номи Ако ба мо посух менавишт. Охирин номаи Мирсаид, ки моро рӯҳбаланд карда буд, ҳич аз хотир намеравад. Ҳамагӣ рӯзе қабл аз фавти бародари гиромии мо Мирзо Қаюмов ӯ муждагонӣ гирифт:

24.07.2021. Соат ба вақти Вайбер 14:45 дақиқа.

-Салом ака! Ман Мирсаид, ба отам иҷозаи телефон нест. Худоба шукр, хеле беҳбудӣ ёфтааст! Шукри Худо акаҷон. Фақат дуо кунед дар ҳаққаш.

Оҳҳҳҳҳҳ. Мирсаид ва ман намедонистем, ки ба худ омадану хушгӯии Ако, ин хонаравшанкунӣ будааст....

25.07.2021. Акои хушрӯву зебои ману мо аз олами сифлӣ бибридаву бар олами улвӣ бупайваст, ки рӯҳаш ҳамеша шоду хонаи ахираташ обод бошад...

 

АКА

Бо Мирзо Қаюмов дер шинос шудам, вале тибқи ҳамон масали “Деру Шер!!!”. Чунон унс гирифтем, ки нонро бе ҳамдигарӣ намехӯрдем. Ба вежа чун фаҳмидем, ки ҳарду  “ҳамдилем”, яъне дили он кас низ ҷарроҳӣ шуда буд. Зиёд фарҳангдӯст буд. Шеърро ба ҳадди олӣ мефаҳмид. Гулрухсор, Бозор, Лоиқро аз ёд медонист. Хотирааш ба ҳадде қавӣ буд, ки шеъри писандомадаро бо 1 хондан аз бар мекард. Шоҳиди гуфтаҳо, Шоираи Раҳимҷон аст, ки китоби “Вопасин номаҳои дард”-ашро аз ёд карда буд.

Метсенат! Сарояндаҳо, адибонро сарпарастӣ мекард ва онгуна ки касе намедонист.

Соҳибкор! Бизнесро хуб мефаҳмид. Ӯ аз даврони советӣ соҳибкориро шуруъ карда буд, зеро забони англисиро дар сатҳи олитарин медонисту ҳанӯз дар СССР, дар ширкати “Интурист” фаолият дошт ва бо олами капитал аз ҳамон овон ошно буд.

Олуфта: Ончунон покизарӯзгор, хушлибос ва хушанҷом буд, ки мислаш шояд дар кишвар набошад. Нисфи Душанбе аз ӯ либоспӯшӣ меомӯхту нисфи дигар ороиши мӯю сар... Ҳич аз ёдам намеравад, ки боре бо ӯ ба маросими 40-уми модари дӯсти Питериям-Игор Семиков рафтем. Баъди худоӣ-поминка, хоб кардем. Субҳ хеста, хонаро комилан тамизу пок дидам. Ҳайрон шудам, ки ин корро карда бошад, ки аз хонаи хоби Ако садояш баромад:

-Сайёф-ако! Шаб то табақу косаҳоро нашустаму хонаро ҷорӯб назадам, хобам наомад...

Ватансоз: Дар Бошбулоқи Данғара, дар 1 биёбони беобу долу дарахт, 1 оазис, 1 ҷаннат дар замин офарид. Роҳҳои деҳаи падариро аз ҳисоби худаш асфалтпӯш намуд ва мехост ин ҳама объектҳоро дар рӯзи 30-солагии Истиқлолият ба миллати тоҷик тӯҳфа кунад.

Дареғу дод, ки рафт ва кушодашавии роҳашро, ки Хайри Ҷория аст, надид...

 

С.Мизроб,

Раҳмонов Ҳусейн,

Файзалӣ Ҳасанов, Ҳуринисо Ализода, Замира Набиева, Ойтилло, Ғайратшоҳ, Умар, Сафар ва боқӣ дӯстону бародарони Ака...

 

 

Таъзия

Коллективи кори редаксияи газетаи мардумӣ ба Шарифзода Хушвахт Салим сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе бино бар сабаби даргузашти 

Падари Бузургворашон-Самиев Салим, муаллими собиқадори математика,

тасаллият намуда, ба ишон ва аҳли байташон сабри ҷамил мехоҳанд

 

 

-Коллективи кори редаксияи газетаи мардумӣ ба доктори илмҳои тибб, табиби саршиноси кишвар,  Холмаҳмад Раҳимзода, директори Маркази Тиббии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ  бино бар сабаби реҳлати 

Хусурашон, ки гуфтаанд, “4 пиру 4 тадбир” 

тасаллият карда, ба ишон ва аҳли оилаашон сабри ҷамил мехоҳанд.

 

 

    Коллективи кори редаксияи газетаи мардумӣ ба ҳуқуқшиноси шинохташуда, собиқ генпрокурори ҶТ, собиқ директори Агентии мубориза бо коррупсия, собиқ директори Агентии мубориза бо гардиши маводи мухаддира, собиқ Раиси Иттифоқҳои Касабаи ҶТ Шерхон Салимзода бино бар сабаби реҳлати 

Амакашон

изҳори ҳамдардӣ менамояд. 

 

 

Аҳли хешу табор, уламои фиқҳ, сайидзодаҳои н.Данғара бо эшони Ҳомид бино бар сабаби даргузашти фоҷеавии додарашон

Эшони Саймаҳмуд

шарикғам гардида, ба раҳматӣ омурзиш ва ба пасмондагон сабри ҷамил металабанд.

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter