Принт

Муаллими тоҷик чӣ имтиёз дорад?

 

Дар моддаи 53 тамоми имтиёзҳое, ки омӯзгори тоҷик бояд аз он бархӯрдор бошад, кафолат дода шудааст-сар аз таъхири хизмати ҳарбиву рухсатии эҷодӣ то фонди манзилу истироҳату дорувории ройгон. 

 2 шумора пеш дар газетаи мардумии СССР мусоҳибаи ихтисосии мухбирони мо бо Саидзода Раҳимҷон Ҳамро, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳоҷирати омӯзгорон, имтиёзҳо ва «облава»-и муаллимони ҷавон дар кишвар нашр шуда буд. Воқеан ҳам аз 4 вазири гузаштаи соҳа ба вазири нави маориф ва илми кишвар мушкилоти хеле зиёд мерос мондааст-дар 6 соли ахир (2016-2022) аз мактаб рафтани 53 ҳазор омӯзгор худ далели ин гуфтаҳост.

1 бахши суҳбати мо ба имтиёзҳои муаллимони мамлакат бахшида шуда буд ва Саидзода Раҳимҷон Ҳамро таъкид доштанд, ки барои дар амал татбиқ ёфтани имтиёзҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои муаллимон кафолат додааст, кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро пайдо намуда, пурра хонда баромадем. Он 22.07.2013 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст. Дар моддаи 53-и ин қонун тамоми имтиёзҳое, ки омӯзгори тоҷик бояд аз он бархӯрдор бошад, кафолат дода шудааст-сар аз таъхири хизмати ҳарбиву рухсатии эҷодӣ то фонди манзилу истироҳату дорувори ройгон. 

 

Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф

1. Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дорои чунин имтиёзҳо мебошанд:

– мӯҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбӣ ба таъхир гузошта шавад;

– ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат бароянд;

– ҳангоми беморӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва табобати ройгон таъмин гарданд;

– аз хизматрасонии коммуналӣ ройгон ё имтиёзнок истифода баранд, ки тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;

– барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шаванд;

– барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонида шаванд;

– омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилиашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд;

– ба омӯзгорони муассисаҳои таьлимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилотҳои қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд;

– барои омӯзгороне, ки дар хонаҳои истиқоматии фонди манзили давлатию ҷамъиятӣ зиндагӣ мекунанд, дар сурати доштани собиқаи кории омӯзгории на камтар аз 15 сол манзили истиқоматиашон ройгон хусусӣ карда мешавад;

– бо пешниҳоди хулосаи тиббӣ роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ, инчунин сайёҳию туристиро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунанд;

– омӯзгорони ҷавон дорои имтиёзҳои иловагӣ мебошанд, ки онҳоро тибқи қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи истифодаи рухсатии дарозкардашудаи пардохтшаванда истифода намоянд;

– омӯзгороне, ки собиқаи кории бефосилаи на камтар аз 25 сол доранд, бо хоҳиши худашон метавонанд ба нафақа бароянд ва дар асоси шартнома дар муассисаи таълимӣ ё дигар соҳа кор кунанд;

– омӯзгороне, ки бемории музмин доранд, баъди на камтар аз ҳар 10 соли кори муттасили омӯзгорӣ ба рухсатии дарозмуддати то яксолаи пардохтшаванда ҳуқуқ доранд. Номгӯи беморӣ, тартиб ва шарти пардохти музди рухсатии дарозмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;

– барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, барои 3 сол иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

– барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар муассисаҳои таълимии низомаш махсус фаъолият менамоянд, иловапулӣ ба маош муқаррар карда мешавад, ки андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ аз имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар истифода бурданро доранд.

 

Имтиёзи муаллимро кӣ гирифт?

Аз суҳбат бо чанд нафар муаллим, аз ҷумла омӯзгори МТМУ №53-и н.Восеъ Ҳавасхон Неъматов, ки хонанда ва муаллифи доимии газетаи мардумист, маълум шуд, ки қаблан муаллимон, хосса дар деҳот аз ин имтиёзҳо бархӯрдор буданд.

Вале пасон дар давраи вазирии Нуридин Саид (солҳои 2012-2020) ба хотири сарфа кардани буҷа ва ё кам кардани хароҷот (сабаби воқеиро касе шарҳ надодааст) бо фармони дохилии вазорат истифода аз бархе имтиёзҳои қонунӣ барои муаллимин муваққатан манъ гардид. 1 сабаби дигараш он буд, ки мақомотҳои маҳаллӣ бо баҳонаи камбуди буҷа аз дастгирии омӯзгорон даст кашиданд-иҷроиши ҳамаи ин имтиёзҳо аз ҳукуматҳои маҳаллӣ вобаста буд ва ҳоло ҳам ҳаст. Ва наздики 10 сол аст, ки дигар касе дар бораи дар амал татбиқ намудани ин имтиёзҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст, фикр намекунад.

Талошҳои вазири нави маориф ва илми кишварро мо мебинем, умедворем, ки Саидзода Раҳимҷон Ҳамро барои лоақал дар амал татбиқ шудани ҳамин имтиёзҳое, ки дар қонун ҳастанд, ҳатман коре мекунад. Зеро агар накунад, шояд дар ояндаи наздик ба ҷои «облава» карда бурдани муаллим аз мактаб, мо баръакс муаллимонро аз кӯча қапида «облава» карда, ба мактаб меорем.

Мо пайгири мавзуъем. Мо Метавонем!!!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

 

Матлабҳои дигар