Принт

Мактаб муқаддас гардад!!!

Дар бораи мактабу маориф, омӯзгор мавқеъу мартабаи ӯ дар ҷомеа, норасоиҳои соҳа бисёр навиштаанду менависанд, вале аксар вақт камбудиҳо ислоҳ нашуда мемонанд. Сабабаш дар он аст, ки ба соҳа (мактаб, шуъбаи маориф, мақомотҳои дахлдори соҳа) шахсони бесалоҳият ва тасодуфӣ роҳбарӣ менамоянд.

Барои ин гуна ашхос обрӯю мартабаи омӯзгор, пешрафти соҳаи таълиму тарбия, муваффақиятҳои соҳаи маориф арзише надоранд.

Лоиқи ситоиш аст, ки раисони шаҳрҳои Ҳисору Кӯшониён ва баъзе ноҳияҳо дар рӯзи муаллим ба омӯзгорони ҷавон сертификати истифодабарии қитъаи замини наздиҳавлигӣ супориданд. Ин албатта муаллими ҷавонро ба кор дилгарм мекунад.

Рӯзи муаллим бояд бо тантана таҷлил шуда, ба омӯзгорони пешқадам, собиқадорони соҳа Ифтихорнома, китоб ва дигар маводи дастрас супорида шавад. Пеши роҳи ҳама қонуншиканиҳо дар мактаб гирифта шавад. Намояндагони мақомотҳои давлатию ҳуқуқӣ ба мактаб бо мақсади ёрирасонӣ ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо ташриф биёранд, на бо мақсадҳои ғаразноку хусумат.

Ҳар нохалафе, ки ба номи пуршарафи муаллим иснод меорад ё муаллимро озор медиҳад, ҳаматарафа маҳкум карда шуда, ба ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ кашида шавад. Мактаб даргоҳи муқаддас аст, онро пок бояд нигоҳ дошт!

Бегмат Маҳмадов,   

н.Тоҷикобод

Матлабҳои дигар