ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Янв 13 2021

Президенти Русия Владимир Путин изҳор намуд, ки боз кардани сарҳад барои муҳоҷирони меҳнатӣ имкон дорад.

Путин дар нишасти Шӯрои давлатӣ гуфт, ки мавзӯи боз кардани сарҳадро барои вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ, метавон бо баъзе кишварҳо мавриди муҳокима қарор дод. Дар баробари ин Путин қайд кард, ки ин корро бояд “нуқтаӣ” анҷом дод. Яъне нерӯи кориро танҳо барои соҳаҳое, ки онҷо аз он танқисӣ мекашанд, сафарбар намуд. Президенти Русия афзуд: “Инро бояд муҳокима кард ва ман ин корро бо ҳамкороне аз он кишварҳо анҷом медиҳам, ки бароямон бештар нерӯи корӣ ирсол мекунанд”. 

 

Ҷумъа, Янв 08 2021

   Ба гуфтаи хабаргузории Интерфакс, суди Бағдод барои боздошти президенти собиқи ИМА Доналд Трамп муҷаввиз (ордер) содир кард. 

Тавре ин хабаргузорӣ мегӯяд, суди Бағдод Трампро ба қатли роҳбари нерӯҳои мардумии Ироқ Абу Маҳдӣ ал Муҳандис айбдор кардааст. Абу Маҳдии Муҳандис дар аввали соли 2020 ҳамроҳ бо генерали эронӣ Қосими Сулаймонӣ дар фурудгоҳи шаҳри Бағдод кушта шуда буд.

СССР

 

Чоршанбе, Янв 06 2021

Президенти Россия Владимир Путин, аз ВҲФ (МЧС)-и кишвараш барои саҳми арзанда гузоштан дар мубориза бо коронавирус изҳори қадрдонӣ намуд.                                             

 Путин кормандони ин ниҳодро барои кори самаранокашон дар соли ҷорӣ ташаккур гуфт. ВВП аз ҷумла кори хуби наҷотдиҳандагонро ҳангоми рафъи пасомадҳои сел ва тӯфон дар Шарқи Дур, рехтани сӯзишвории дизелӣ дар Норилск ва дигар ҳолатҳои фавқуллодда қайд карда, онҳоро барои кори ҳирфаияшон қадрдонӣ намуд. Президент дар баробари ин, саҳми арзандаи наҷотдиҳандагонро дар мубориза бо коронавирус қайд кард. 

 

Чоршанбе, Дек 30 2020

Президенти Беларус Александр Лукашенко тақвияти ҳамгироӣ дар қаламрави собиқ СССР-ро зарурати иҷтинобнопазир хонд.                                                                                                       

Лукашенко гуфт: “Тақвияти созу корҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ, масъалаи интихоб нест, балки зарурати иҷтинобнопазир аст. Ман бар ин боварам, ки танҳо дар сурати истифодаи комил аз имконоти кишварҳои муштаракулманофеъ, мешавад дар бораи фоидаи ин Иттиҳод сӯҳбат кард”.                                                                                                                 

Лукашенко инчунин қайд кард, ки Беларус дар замони раёсати худ дар ИДМ, қасд дорад “таммаркузи худро бар тақвияти нақши кишварҳои Иттиҳод барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардум” ва “ҳалли мушкилоти ноши аз ҷаҳонисозӣ” равона кунад.                                                                                                       

 Президенти Беларус вазъияти ҷорӣ дар ИДМ-ро ба сӯхтор ташбеҳ кард ва пешниҳод намуд, вохӯрии навбатии сарони кишварҳои ИДМ-ро дар солгарди 30-солагии парокандашавии СССР дар ҷангали Беловежск баргузор намоянд.

 

Чоршанбе, Дек 23 2020

 

 Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев иддаои сарвазири Арманистон Никол Пашинянро рад карда, дар навбати худ, тарафи арманиро ба нақзи қарордори сулҳ дар Қарабоғи Кӯҳӣ айбдор намуд.  Ба гуфти Ӯ, маҳз тарафи арманӣ боиси нақзи оташбас дар Қарабоғ гардид. Алиев гуфт: “Айни замон дар онҷо (Қарабоғ) низомиёни Россия қарор доранд ва ба фаъолияташон шурӯ кардаанд. Вазъият тақрибан ором аст. Новобаста бар он, ки ба ман айни замон иттилоъ доданд, ки ҷангиёни арманӣ ё сарбозони боқимондаи ба ном Артиши арманӣ, чанд амали террористӣ дар Қарабоғ анҷом доданд. Ин кор албатта боиси ташвиши мо шудааст, аммо вазъиятро ба кули ноором намекунад.”   

 

Чоршанбе, Дек 16 2020

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби ифтитоҳи заводи металлургии Тошканд, бо ҳайати намояндагони Русия дидор намуд. Ҳайати Русияро дар ин дидор, вазири саноат ва савдои ин кишвар Денис Мантуров сарварӣ мекард. Мирзиёев ҳангоми дидор қайд кард, ки сохтмони заводи мазкур дар минтақаи пойтахтӣ нишонаи ҳамкориҳои самараноки ширкатҳо ва бонкҳои Ӯзбекистон ва Русия мебошад.                                                                                                                     

Президенти Ӯзбекистон инчунин иброз намуд, ки сохтмони ин корхонаи муосир гувоҳи он аст, ки дар солҳои охир ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Русия сифати комилан нав касб кардаанд. Денис Мантуров бошад, дар навбати худ ба президенти Ӯзбекистон барои пазироии гармаш изҳори миннатдорӣ карда, аз номи Путин ба ӯ салом расонид.

 

саҳ 22 аз 104

Китобҳо

Flag Counter