ХАБАРИ ДОҒ
Ҷумъа, Нояб 03 2017


Алмосбек Отамбоев-президенти Қирғизистон ҳангоми супоридани стипендияи президентӣ ба донишҷӯёни фаъол дар Бишкек гуфт, вақте бо эҳсосот дар бораи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбат мекард, шояд "ноҳаққӣ" кардааст. Пештар ӯ раҳбарияти Қазоқистонро барои ҳимоят аз Омурбек Бабанов-номзад ба мақоми президентӣ ва дахолат ба кори дохилии Қирғизистон муттаҳам карда буд. Ӯ вазъ дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистонро, ки баъд аз изҳороташ ба вуҷуд омад, кори атрофиёни Назарбоев номид: “Фикр мекунам, президенти Қазоқистон ҳатто дар ин бора гумон намекунад. Атрофиёни Назарбоев-олигархҳое ин корро мекунанд, ки дар фикри Қазоқистону Назарбоев нестанд ва танҳо ояндаи худро меандешанд.” Тоҷикон мақоле доранд, баъди афтидан чорзону назан!

Ҷумъа, Нояб 03 2017


Ҳайати Парлумони Аврупо (ПА), ки барои ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ вазифадор карда шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 4 ноябри соли 2017 ташриф овардааст. Ҳайати ПА иборат аз 7 вакил аст, ки онҳо ҳизбҳои асосии сиёсии Парлумони Аврупоро намояндагӣ мекунанд.
Мақсади асосии сафари меҳмонон ин иштирок дар ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкории байнпарлумонист, ки онро хонум Ивета Григуле-Петерс аз тарафи Иттиҳоди Аврупо раисӣ мекунад.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, зимни сафар, ҳайати ПА 1 қатор мулоқотҳоро бо сиёсатмадорони олимақоми мамлакат мегузаронанд. Тибқи барномаи сафар, вохӯриҳо бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров пешбинӣ шудаанд. Инчунин, ҳайати ПА бо намояндагони ҷомеаи байналмилалие, ки дар Тоҷикистон ҳузур дорад, ва бо ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат вохӯриҳоро баргузор мекунад.
Вакилони ПА якчанд масъалаҳои муҳимеро, ки ба муносибатҳои миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон иртибот доранд, аз ҷумла амну субот, муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, пешбурди ҳуқуқи инсон ва идоракунии демократӣ, дастгирии ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҷиҳати кам кардани таъсири номусоиди омилҳои берунӣ ва ниёзи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима намуданд.

СССР

Панҷшанбе, Нояб 02 2017


Салом, СССР! Дар матбуоти даврии мо роҷеъ ба ҳаёт, фаъолияти сиёсӣ ва раҳбарии раҳматӣ Ислом Абдуғаниевич Каримови Тоҷик (маҳз Тоҷик, аммо Ӯртоқ не!!!)-президенти собиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳар гуна матолиб рӯи чоп меояд. Ман-кадри советӣ тамоми нашрияҳоро ҳиҷҷа карда мехонам, зеро банда тарбиятдидаи детдом-кадри интернати шаҳраки Колхозчиён (имрӯз Панҷакент) ҳастам. Минҷумла, газетаи СССР дар бораи сиёсати ғалати имрӯзаи Каримов зиёд менависад ва хуб ҳам мекунад, зеро миссияи ӯст.
Хуб, чаро дар бораи Каримов ва Ӯртоқ набудани ӯ гуфтам?

Ислом тарбиятдидаи сағерахона аст!
Соли таваллуди Исломи тоҷикбачча 1938 асту зодаи шаҳри Самарқанди Тоҷикон ва қариб ҳамсоли мо. Падараш Абдуғанӣ ӯзбек асту очааш-Санавбар Тоҷик! Таври маълум, дар даврони Советӣ рафтуо байни халқҳои шӯравӣ озод буд, зеро ҳама халқу миллатҳои 15 ҷамоҳири шӯравӣ дар 1 давлати абарқудрату сағерапарвари СССР зиндагӣ мекардем ва бачаҳои бепарасторро ба наздиктарин хона-интернатҳои атроф тақсим мекарданд. Аз Самарқанд то Панҷакент 1 қадам аст. Хуллас, вақте Каримови сағераро ба интернати бачагони шаҳраки Колхозчиён “партофтанд”, ман тақрибан 10-11-сола будам (Аҷиб, вақте автобиографияи ӯро дар сайтҳои интернетӣ мехонем, ягон ҳарф дар бораи Каримови интернатӣ нест).
Ҳатто аз овони интернатӣ акси гурӯҳӣ дорем, ки он ҷо Ислом дар сар тоқӣ, дар пой калӯши резинӣ дорад. Вақте “аспакбозӣ” мекардем, ӯ бой медод ва мезадемаш (на танҳо ӯро, балки ҳар касе дар бозӣ мағлуб мешуд, бояд лат мехӯрд), зеро қоидаи бозӣ чунин буд, охир! Ӯ бошад мегирист. Он замон аз куҷо медонем, ки Исломи детдомӣ бо мурури замон ва гардиши айём президенти 1 давлат дар Осиёи Марказӣ мешавад... Ман ӯро баъди аз интернат рафтану соҳибмансаб шуданаш ҳамагӣ 2 бор дидам ва охирин дафъа соли 1982, вақте ки дар Шӯрои Вазирони СССР кор мекард. Аҷибаш ин, ки чун бо мо якҷо дар “детдом” буд, комилан Тоҷикӣ гап мезад ва ягон калимаи ӯзбекиро намедонист...

Саидмухтор Сатторов,
Узви Ихвон-ал-СССР, ш.Панҷакент

Панҷшанбе, Нояб 02 2017


Субҳи имрӯз Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, президенти Ҷумҳурии Туркманистон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе эшонро Қоҳир Расулзода, сарвазири мамлакат ва Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе пешвоз гирифтанд.
Дар назар аст, ки дар доираи сафари 2 рӯзаи хеш ба Душанбе Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, дар пайи музокироти ҳайатҳои ҳукуматҳои 2 кишвар 1 қатор тавофуқот ба имзо хоҳад расид.

СССР

Душанбе, Окт 30 2017


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-президенти Туркманистон дастур дод, ки имтиёзҳои иҷтимоӣ барои об, газ ва барқи ройгон бекор карда шаванд. Ин дастур дар ҳоле аст, ки даромади буҷаи Туркманистон дар муқоиса бо коҳиши арзиши нерӯи барқ ва интиқоли он ба хориҷа кам шудааст. Дар фармон омадааст, ки нархҳои пардохти об аз 1 ноябр то 1,43 доллар барои ҳар 10 метри мукааб об зиёд карда шавад. Ин беҳтарин посух ба тоҷикаконест, ки дар интернет мегуфтанд, Туркманистон ба мардумаш имтиёзҳо додаасту Тоҷикистон намедиҳад...

Душанбе, Окт 30 2017


Акбаралӣ Абдуллоеви 33-сола, ҷияни ҳамсари Ислом Каримов-президенти собиқи Ӯзбакистон, ки тобистони имсол ҳаққи паноҳандагӣ дар Украинаро ба даст оварда буд, аз ин кишвар рафтааст. Ҳоло дар куҷо будани ӯ маълум нест. Нашрияи “KyivPost”, ки қазияи Акбаралиро дар Украина пайгирӣ дошт, навиштааст, чанд муддат боз ӯро пайдо карда наметавонанд. “Дар ин кишвар чизе набуд, ки ӯро нигоҳ дорад. Ҳаққи паноҳандагии Украина роҳи ӯро ба кишварҳои дигар боз кард. Ба ҷуз ин, ӯ шиносномаи чандин кишвар, аз ҷумла, ҷумҳурии Доминиканро дорад” нигоштааст ин нашрия. Дар Ӯзбекистон ҷияни Каримовро дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла, "дуздӣ тавассути азхудсозӣ ё исрофкорӣ", "пинҳонсозии асъори хориҷӣ", "сохтакории ҳуҷҷат" ва "пулшӯӣ" айбдор мекунанд. Ҷияни хирааш ҳамин кас будааст-де!

саҳ 72 аз 104

Китобҳо

Flag Counter