ХАБАРИ ДОҒ
Душанбе, Окт 23 2017


Рамазон Қодиров-президенти Чеченистон дар 1 сафари корӣ ба Узбакистон бо ҳамтояш Шавкат Мирзиёев мулоқот ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳс карданд. Қодиров аз Мирзиеёв барои даъваташ ба Узбакистон, кишваре, ки он ҷо падараш таҳсил кардааст, изҳори ташаккур кард ва дар ин сафар аз оромгоҳи Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф-рӯҳонии маъруф, ки падари ӯ - Аҳмад Қодировро таълим додааст, зиёрат кард. Аҳмад замони Шӯравӣ дар Узбакистон таҳсили расмии динӣ гирифтааст. Ҳангоми зиёрат аз оромгоҳи ин шахс ӯро Ойбек Турсунов, домоди Мирзиёев ҳамроҳӣ мекард.

Душанбе, Окт 23 2017


Собиқ губернатори вилояти Одессаи Украина-Михаил Саакашвили (президенти пешини Гурҷистон) дар шаҳри Харков, зимни баромадаш дар митинги зиддикоррупсионӣ гуфт, ки “Ман аниқ медонам, ки раҳбарияти кунунии Украина тарҳи ҷисман аз байн бурдани маро кашида истодаанд, ё мехоҳанд, ки маро комилан аз Украина бадарға кунанд. Ман инро пешопеш ба шумо мегӯям. Аммо ман аз инҳо сари 1 мӯ наметарсам...”.

Ҷумъа, Окт 20 2017


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тоҷикистон меояд. Ин сафари расмии президент, рӯзи 19 октябр, зимни вохӯрӣ ва сӯҳбати вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо муовини вазири умури хориҷаи Туркманистон Бердинияз Мятиев садо додааст. 

Ҷумъа, Окт 20 2017


Тибқи иттилоъи Вазорати нақлиёти ҶТ, барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ва Украина бо шиносномаҳои хориҷии муқовааш кабуд, ки муҳлаташ дароз шудааст, иҷоза нест. Аз ин рӯ доштани шиносномаи хориҷии биометрӣ зарур аст. Дароз кардани муҳлати амали шиносномаҳои хориҷӣ барои аксари шаҳрвандони қулай буд, зеро на ҳама ба харидани шиносномаи нави хориҷии биометрӣ имкон доштанд: ба расмият даровардани он 86 доллар (75 доллар худи шинсонома ва 100 сомонӣ - боҷи давлатӣ). Дар номаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба нуқтаҳои фурӯши билетҳо ишора шудааст, ки дар робита ба ҳодисаҳои манъи вуруду ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик бо шиносномаҳои хориҷии муҳлаташон дарозшуда, аз 16 октябр дигар ба шаҳрвандони дорои чунин шиносномаҳо билет фурӯхта нашавад. Феълан арзиши шиносномаи биометрӣ дар Тоҷикистон, ки дар муҳлати 15 рӯз омода мешавад, 75 доллар ва 100 сомонӣ боҷи давлатӣ, дар муддати 7 рӯз - 150 доллар ва 100 сомонӣ боҷи давлатӣ ва дар муддати 2 рӯз - 225 доллар ва 100 сомонӣ боҷи давлатиро ташкил медиҳад.

Душанбе, Окт 16 2017


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар 1 нишаст Қаҳрамон Қуронбоев-раиси Иттифоқи ҷавононро барои маъракаи ҳиҷобпартоӣ дар н.Музрободи вил.Сурхондарё гапҳои сахт зад ва гуфт: "Магар шумо ба ғайр аз сарашон кашидани ҳиҷоби духтарон кори дигар надоред? Даст аз ҳиҷоби занону духтарон бардоред ва ба корҳои ҷиддитар машғул шавед. Онҳоро ором гузоред! Бигзор чизе ки хоҳанд, пӯшидан гиранд! Шабакаҳои иҷтимоиро бихон, фикри мардумро бихон. Онҷо мардум менависад, ки Иттифоқи ҷавонони Узбекистон ин вориси Комсомоли Шӯравӣ аст, ки фаранҷиро аз сари занон мекашид.”

Душанбе, Окт 16 2017


Еленаи 35-сола, сокини шаҳри Алейски кишвари Алтайи Русия, зодаи шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд)-и Тоҷикистон номзадиашро ба курсии президентии Русия, дар соли 2018 пешбарӣ кардааст. Ӯ ба хотири ҷамъоварии маблағ барои таъсиси штаб ва оғози маъракаи интихоботиаш дар Интернет саҳифаи махсус кушодааст. Елена худро нахустин "Прометейи асри 21” номида, гуфтааст, "омодаам, ки ба сари кӯҳ баланд шуда, фарёд бикашам, ки "Ман ҳама чизро тағйир хоҳам дод.” Елена 24.03.1982 дар ш.Ленинобод ба дунё омада, падару модари ӯ ҳамроҳи 2 духтарашон дар ибтидои солҳои 1990 бо оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон аз Ленинобод ба Алтай кӯчидаанд...

саҳ 73 аз 104

Китобҳо

Flag Counter