ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Июл 26 2017


Дар Тошканд роҳу чорроҳаҳоеро, ки қаблан барои таъмини амнияти корвони мошинҳои Ислом Каримов-президенти нахустини Узбакистон ҳаракат дар онҳо манъ шуда буд, дубора боз мешаванд. Ин роҳҳо дар хиёбони Мустақилият, воқеъ дар атрофи қароргоҳи президент ҷойгир буда, бастани онҳо, ки "таъмини амният" арзёбӣ мешуд, равуои шаҳрвандони одӣ ва соҳибони мошинҳоро мушкил мегардонд. Боз шудани ин минтақаҳо роҳи сокинони маҳаллиро аз хона то ҷои кор чанд км наздиктар хоҳад кард.

Душанбе, Июл 24 2017


Собиқ президенти Украина-Виктор Янукович дар 1 сӯҳбати кӯтоҳ ва махсус ба ТВи Русия гуфт, ки ҳич гоҳ дар мурофиаҳои судии Киев ширкат нахоҳад кард. Янукович гуфт: “Ин суд не, балки масхарабозӣ аст ва ман ҳаргиз дар тирпарониву хунрезиҳо дар Киев даст надорам! Аммо тавре маълум, имрӯз Ҳукумати Украина пурра бар зидди ман кор мебарад ва дар ин кишвар дигар адолати судӣ вуҷуд надорад!”

Душанбе, Июл 24 2017


Судии Олии Қирғизистон хабар дод, ки 1 суди минтақавӣ Одил Тойғунбоев-домоди президенти фирории Қирғизистон-Аскар Акаевро ба 20 соли зиндон, мусодираи амвол ва ҷарима дар ҳаҷми 20.000 сом маҳкум кард. Одил ҳамчунин вазифадор шуд, ки ба ҷониби зарардида-"Фурудгоҳи байналхалқии Манас" 9,6 млн доллар пардохт кунад. Ӯ дар замони раёсати хусураш бизнесҳои бузурги кишвар, аз ҷумла, бизнеси атрофи пойгоҳи ҳавоии Манасро таҳти назорат дошт ва ҳамчунин фурӯдгоҳро бо маводи сӯхт таъмин мекард. Тойғунбоев ҳоло дар хориҷа пинҳон шудааст ва ба ин сабаб суд ҳукми ӯро дар ғайбаш содир кард.

Душанбе, Июл 17 2017


Алмосбек Отамбоев-президенти Қирғизистон соли гузашта 1 млну 246.000 сом (қариб 18.000 доллар) даромад дошта, харҷаш 8 млну 385.000 сом (қариб 120.000 доллар) будааст. Ӯ дар эъломияаш навишт, ки аз ҳисоби даромадҳои шахсиаш харҷ кардааст. Тибқи ин ҳуҷҷат, Алмосбек 1 бинои иборат аз 116 метри мукааб ва боғи иборат аз 6,4 га-ро дар ихтиёр дорад. Ӯ амволи манқул надорад. Отамбоев пештар гуфта буд, ки қабл аз президентиаш миллионер шуда буд.

Душанбе, Июл 17 2017


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки рӯзи 6 июл 77-сола шуд, дар остонаи Рӯзи Пойтахт ҳангоми сайругашт дар кӯчаҳои Остона зери навои мусиқии навозандагони кӯчагӣ лаҳзае чанд арғушт рафт. 2 ҳафта пеш фурудгоҳи байналмилалии Остонаро ба номи Назарбоев гузоштанд. Аммо худи ӯ дар 1 мусоҳиба бо ТВ Русия дар остонаи 77-солагиаш гуфт, ба номаш гузоштани номи ин ё он иншоотро хуш надорад: "Ман бисёр вақт 1 сухани султони бузурги Рум ва файласуф Марк Аврелийро ба ёд меорам. Ӯ дар посух ба ин савол, ки “чаро то ҳол ҳайкалатро насохтаанд?”, ҷавоб медод, ки “ман намехоҳам, пурсанд, ки ин ҳайкали кист. Беҳтар ин аст, то баъди ман бипурсанд, ки чаро то ҳол ба вай ҳайкал нагузоштаанд.”

Ҷумъа, Июл 14 2017


Туркманистон тасмим гирифтааст, ки 1 кумитаи махсуси мубориза бо фасод ташкил кунад. Ин Кумита аз сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ вобаста нахоҳад буд. Бино бар иттилои мақомоти он кишвар, ниҳоди нави мубориза бо фасод дорои салоҳиятҳои васеъ хоҳад шуд, ки эҳтимол дорад, баъди таъсиси он шумори боздоштҳо дар робита ба порахӯрӣ афзоиш ёбад. Ёдрас мешавем, 12 май президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба котиби Шӯрои амнияти давлат ва раиси порлумон дастур дод, ки барномаи махсуси мубориза бо фасод ва порахӯрӣ таҳия кунанд.

саҳ 81 аз 104

Китобҳо

Flag Counter