Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Федератсияи Россия консулгариҳои генералӣ ифтитоҳ намуд.
Бино ба иттиллои ВКХ ҶТ, Давлаталӣ Назризод консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск таъйин гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, айни замон корҳои ташкилӣ оид ба оғози кори ин 2 консулгарӣ идома доранд. Бояд таъкид кард, ки имрӯз дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург, Уфа, Санкт-Петербург, Новосибирск, ки минтақаҳои калонтарини Федератсияи Россияро дарбар мегиранд, консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.
СССР
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Ҷумҳурии Туркманистон маротибаи 3-юм ба ҳайси президенти кишвараш интихоб гашт.
Дар интихоботе, ки дар ин мамлакат рӯзи 12.02.2017 сурат гирифт, Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо гирифтани 97,69 %-и овозҳо барои дафаи 3-юм президенти ин кишвар интихоб шуд.
Бояд хотиррасон намоем, ки Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соли 2007, пас аз марги президент Сафармурод Ниёзов ба курсии роҳбарӣ нишаста то ба имрӯз сарварии Ҷумҳурии Туркманистонро ба ӯҳда дорад.
СССР
Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – рӯзи 28 феврали имсол ба Тоҷикистон хоҳад омад, вале ҳоло маълум нест, Путин дар ҷараёни сафар чӣ масъаларо баррасӣ мекунад. Дар бораи нияти боздиди Путин аз Тоҷикистон охирҳои моҳи январ Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия дар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар Душанбе хабар дод ва гуфт, “мо бояд ба сафари президент Путин ҷиддӣ омода бошем. Мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, пурсамар хоҳад буд.”
Маҳбуба Ҳабибӣ-муовини раиси ш.Панҷакент аз вазифааш озод шуд. Муҳаммадсодир Сафаров муовини аввали раиси шаҳри Панҷакент бо тасдиқи ин хабар ба СССР гуфт, хонум Ҳабибӣ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, ба вазифаи раиси Иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф таъин гардид. Ин дар ҳолест, ки хабарҳо оид ба аз вазифа рафтани Ҳабибӣ вақтҳои охир зуд-зуд миёни сокинон паҳн мешуд. Ӯ ҳанӯз 6 сол қабл ба ин вазифа таъин гардида буд ва сарпарастии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, идеология ва ҷавонону фарҳангро ба зима дошт. Акнун таваҷҷӯҳи сокинонро кӣ ба ҷои Ҳабибӣ таъин гардидан, ба худ ҷалб намудааст. Яке аз номзадҳо ба вазифаи муовини раиси шаҳр директори мактаби миёнаи №1-и ш.Панҷакент, Зайнура Азимова дониста мешавад.
Сулаймон Султонзода, раиси нави Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ гуфт, ки кормандони ниҳоди мазкурро ҳатман тағийротҳои кадрӣ дар ояндаи наздик интизор аст.
- Ҳатман тағийротҳои кадрӣ хоҳанд шуд, вале ин тағийротҳо пас аз дидани малакаву таҷрибаи кормандон, сатҳи касбият ва донишашон пас аз омӯзиш сурат хоҳад гирифт, қайд намуд зимни мулоқоти хеш бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамалакат Сулаймон Султонзода.
СССР
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дархост кардааст, фаъолияти КВД «Сохтмони манзили дастрас», ки тайи 5 соли охир бо сохтмони манзили нархаш нисбатан арзон дар пойтахти кишвар машғул аст, зери санҷиш қарор бидиҳанд. Ҳамчунин, шаҳрдорӣ аз Агентӣ хостааст, ки баъзе аз субъектҳои хоҷагидории пойтахтро низ тафтиш намоянд ва бубинанд, ки хароҷоти буҷа то кадом сатҳ дуруст ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии мазкур Илёс Идрисзода, муовини раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар