ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Май 26 2021

Дастгоҳи президенти Қирғизистон-Садыр Нуркожо уулу Жапаров аз Тоҷикистон талаб кардааст, ки муҷримини тиркушоӣ дар марз ҷазо дода шаванд. Ин дар ҳолест, ки президентони Қирғиз муҷрими №1, фашистмаоб, занаки иғвоангез-Роза Усароваро орден медиҳанд. Бигзор аввал ин занак низ муҷозот шавад!!!

Роза Усарова, ки бо шиорпартоиҳои фашистонааш маъруфу машҳур аст, то ин замон сари 4 президентро хӯрдаву мехоҳад 1 гази калон аз каллаи президенти нави қирғиз низ гирад. Ӯро, ки 4 сарвари давлати қаблӣ сарашро мемолиданд, дар маҳаллаҳои наздимарзӣ чун провокатор, иғвогар, тундрав, фашистка мешиносанд. Маҳз ӯ сабабгори хуни ноҳақ рехтани даҳҳо Тоҷик дар манзили зисташон шудааст. Ӯст, ки пайваста қирғизҳоро таҳрик медиҳаду нахустин шуда, санг вардошта, сӯи ҳамватанони мо меандозад ва тибқи шаҳодати исфарангиҳо, маҳз ӯст, ки олами криминали қирғизро дар хонааш ҷо кардаву масту аласт сохта, сӯи Тоҷикон таҳрик медиҳад ва маҳз аз хонаи ӯ чанд тири снайпер ба Тоҷикони Хоҷаи Аъло ва Ворух расидааст-ва ин ҳама факту далели собитшудаанд.

Зимнан, вақте Жапаров талаб мекунад, ки Тоҷикистон дастандаркорони хунрезии марзиро дар Воруху Хоҷаи Аъло ҷазо диҳад, чаро ҷониби Тоҷикистон даъво пеш наорад, ки ин зан ба муҷозот кашида шавад? Боз дар ҳоле, ки далелҳои шайъӣ, видеороликҳои қирғизӣ дар интернет равуо доранд, ки ин хонум ба аскарбачаҳои қирғиз дод мезанад, ки автомататро ба ман деҳ, номард, ман худам тоҷиконро мекушам?!

Роза Усарова тавре гуфтем, 4 президентро сар хӯрд. Инҳо Аскар Акаеви академик ва воқеан ҳам ЯГОНА президенти қобили қабул (адекватный), Қурмонбек Боқиев, Алмазбек Атамбоев ва Сооронбой Жээнбекованд. 2 нафари аввалӣ фирориянду яке зиндонӣ ва ахирӣ (пока) дар Қирғизистон. Воқеан ҳам ахирӣ, барои ҳифзи курсияш ба ин фашист-занак ҳатто ордени «Баатир Анэ» дода, бо ҳамин рафтор ба фашистони маҳаллӣ паём фиристод, ки Бишкеки расмӣ ҷонибдори миллатгароӣ ва ксенофобия дар кишвар аст. Ва маҳз чунин бархӯрд бо фашистакони маҳаллӣ буд, ки дар соли 2010 қирғизҳо дар Ӯши Қирғизистон қатли омми ӯзбектаборони кишварашонро роҳандозӣ карда, дар шаби 10.06.2010 беш аз 470 ӯзбекро бо шумули занону кӯдакон ва пирони солхӯрда кушта, 2000 нафарро захмӣ карда, 1500 хонаро сӯхтанд. То ҳанӯз ҷасади 19 тани дигарро наёфтаанд. 110.000 ӯзбектабори маҳаллӣ маҷбур ба Ӯзбекистон фирорӣ шуд, то қатл нашаванд. Ва то имрӯз ЯГОН президенти Қирғиз ҳатто 1 нафарро барои ин қатлу куштор ва метавон гуфт, генотсиди ӯзбекҳои маҳаллӣ, ба ҷавобгарӣ накашидааст.

Ва табиист, вақте Жээнбеков барин президент Роза Усарова барин фашистро орден медиҳад, ин месенҷ ба фашистони маҳаллист, ки қатлу куштори Тоҷикон низ ҷавобгарӣ надорад.

Зимнан, марзбонони Тоҷик бояд ҳушёриро аз даст надиҳанд. Зеро то Усароваҳои ордендор дар озодиянд, сарҳад ва ҷони Ворухиён дар хатар аст.

 

Чоршанбе, Май 19 2021

 

То ин ки Путин В.В. мисли солҳои 20-и асри пор атрофи республикаҳои собиқ СССР интрига метанад, аксарияти кишварҳои пасошӯравӣ пушт ба Кремл кардаву аз сиёсати Маскав ва шарикӣ бо Россияи “беэътимод” канор мезананд. Ва то даме ғалати ВВП дар Россия ба риштаи таҳқиқ кашида нашавад, гумони ғолиб бар он аст, ки Маскав дигар шарикони боэътимодтаринашро низ аз даст хоҳад дод.

06.05.2021. Мехи ахирин дар тобути ҷудоии Россия ва хоҳархондаш Украина зада шуд! Дар ин рӯз Зеленский бо Блинкен-котиби давлатии Амрико (ба тоҷикӣ вазорати корҳои хориҷии ИМА) дар Киев дидор кард. Блинкен гуфт, Вашингтон истиқлолият ва томияти Украинаро арҷ мегузорад ва омода аст ба агрессияи Россия ҷавоби сазовор диҳад. 

Дар ҳамин дидор, хариду фурӯши ҳавопаймоҳои ҷангии НАТО ба Киев матраҳ шуданд. Президенти Украина ҳадаҳа мужда гирифт, ки акнун агрессорҳо наметавонанд бидуни тарс ҳарими ҳавоии хохолҳоро рахна созанд. Маълум, ки мухотаб танҳо 1 давлат аст-ФР.

Ба НАТО майл кардани Украина таърихи 28 сола дорад. Ҳанӯз соли 1992 Киев мехост ҳомили ин паймони ҷангии Ғарб шавад, вале он вақт мавқеи русгароҳо ба дараҷае тавоно буд, ки ба миллатгароёни хохол танҳо механдиданд. Хатари воқеӣ вақте эҳсос шуд, ки Калисои Киев аз тобеияти “Серкови Всея Руси” ҳангомавӣ бадар шуд. Аннексияи Қрим косаи сабри Киевро лабрез намуд. Ҷанг дар Донбассу Днепру Одесса бошад, 2 давлати баробарро абадан душман кард.

Вале бо ин ҳама Кремли расмӣ ба НАТО шомил шудани Киевро ба ҷидд намегирифт. Акнун эҳсос шуд, ки воқеан ҳам хадамоти ҷосусии урусӣ бисёр чиро намедонистаанд. Киев бе бозгашт аз дасти Маскав раҳо шуд!

Ва аммо агар Украина дар ин моҷаро нахустин ва охирин давлати дӯсти душманшуда мебуд, як гапе. Мутаассуф, дар тӯли ҳамагӣ 30 соли ахир, Маскав Латвия, Литва, Эстонияро ба худ душман сохт. Озарбойҷону Арманистон дур нест, ки ҳар 2 аз Маскав талоқ талабанд. Ягона себи нифоқ, ки Россия сари ин 2 давлат бо он фишор меорад-Қарабоғи Кӯҳист. Конфликтҳо абадӣ нестанд ва рӯзе ин ташаннуҷ хатм шуд, 2 кишвари қафқозӣ аз Россия мебурранд. 

Молдоваро Маскав аз рӯи қартаи кӯҳани худаш, бо Приднестровйе метӯронид. Кишинёв, ба назар мерасад, ки аз ин нифоқ ба ҷон омада, ин минтақаро ба Россия додаву худ сӯи Руминия майл хоҳад кард.

Дальше-больше: Гурҷистон баъди аннексияи Абхазия ва Осетия саривақт аз Маскав фирор намуда, аз дӯсти №1 ба душмани №1 бадал гардид. Имрӯз бештарини душманони ашаддии Россия собиқ иттифоқчиёнаш мебошанд.

Вале ин ҳама ба ФР дарси ибрат нашуд, ки нашуд. Аз рӯи ҳамон масали сиёсати дақюнусии “тафриқа андозу ҳукм рон!”, Россия ба Осиё бархӯрд дорад. Имрӯз дигар пӯшида нест, ки равғанрези конфликти ахирии Қирғизу Тоҷик низ Маскав аст. Инро ҲАМА медонад, вале тавре бархӯрд доранд, ки гӯё чизеро намедонанд.

Ва зимнан, агар Россия шеваи бархӯрд бо дӯстони содиқтарини хешро тағйир надиҳад, соате дур нест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ низ чун парандаҳои озод аз боми Кремлин парвоз кунанд! Мо ҳушдор додем. Ихтиёр ба дасти бахтиёр, яъне худи ВВП аст дигар. Мо Метавонем!

 

 

 

Чоршанбе, Май 12 2021

 Ба ҳар 1 хоҷагии зарардида дар деҳаҳои Навобод-4 ва Навобод-5-и н.Абдураҳмони Ҷомӣ, ки манзилҳояшон бар асари фуруди ярчу лағжиши замин валангор гардидааст, дар маҳалли амн 10-сотихӣ замин барои бунёди хонаҳои нав ҷудо карда шудааст.

    Ин нукта дар ҷаласаи Ситод оид ба рафъи оқибати офати табиӣ дар ноҳияи А. Ҷомӣ, ки зери роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир гардид, баён шуд. Ҷаласаи ситодро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ бахшида, итиллоъ дод, ки бар асари офати табиии 6-7 май 19 манзили зист пурра хароб гардида, зарардидагон феълан дар шаҳраки хаймаҳо будубош доранд. Ба онҳо кумакҳои тиббию равонӣ ва ғизоӣ расонида ва ҳамарӯза барои 150 нафар хӯроки гарми нисфирӯзӣ ва шомгоҳӣ дода мешавад.

   Тавре мухбирони рӯзномаи «Хатлон хабар медиҳанд, роҳбари Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар н.Абдураҳмони Ҷомӣ, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Сулаймон Исозода ба маҳалли бехавф кӯчонида шудани 235 нафар аз деҳаҳои офатдидаи Навобод хабар дод. Бино ба итиллои раиси н.Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармаҳмад Раҳимзода, тибқи арзёбии пешакӣ, ҳаҷми талафот аз ҳисоби 82 гектар замини киштшуда 779 ҳазор сомониро ташкил додааст. 

   То имрӯз 6000 литр сӯзишвории дизелӣ барои рафъи оқибати офати табиӣ, инчунин ба зарардидагон 2 тонна орд, 1 тонна картошка, 500 кг биринҷ, 500 кг шакар, дигар анвои маҳсулоти ғизоӣ, маводи гигиенӣ ва асбоби рӯзгор кӯмак расонида шудааст.

 

Сешанбе, Май 04 2021

 Ботканд, марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Радиои Озодӣ дар бораи он нақл карданд, ки дар пасманзари муноқишаи марзӣ чӣ гуна зери фишор ва тамаъҷӯӣ аз сӯи шахсони ҷудогона қарор гирифтанд. Намояндаҳои ҷамъияти тоҷикон мегӯянд, вазъият ором аст. Дар сафорати Тоҷикистон дар Бишкек гуфтанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ онҳоро бовар кунондаанд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя мекунанд.

Шикояту изҳорот

Дар рӯзҳои охир дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ ва хабарҳое пайдо шуданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Русия ба фурудгоҳи Уш (Ош) омадаанд, шахсони ношинос латукӯбу ғорат мекунанд.

То ҳанӯз бо ягон ҷанҷол дучор нашудем, зеро тақрибан аз хона намебароем. Аммо худро бехатар ҳис намекунем.

Самир, донишҷӯ

Радиои Озодӣ натавонист, ҳақиқати ин матлабҳои паҳншударо тасдиқ кунад. Раиси ҷамъияти тоҷикон "Дӯстӣ" дар Уш, Холиқназар Алиназар, дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар шаҳр ором асту рӯзҳои охир дар интернет хабарҳои бардурӯғ мепартоянд.

"Ниҳодҳои амниятӣ бо мо доим дар тамосанд, занг мезананд ва вазъро мепурсанд. Шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки аз Русия тариқи транзит меоянд, тибқи иттилои мо, бо мошинҳо то марзи Узбекистон ҳамроҳӣ мекунанд", -- гуфт Алиназар.

Аммо, ба гуфтаи Нуриддин Илёс, як донишҷӯйи тоҷики муҳассили Донишгоҳи давлатии Уш, вай ҳангоми гузаштан аз сарҳади Қирғизистону Узбекистон (гузаргоҳи Дустлик) дар рӯзи 30-юми апрел мавриди тамаъҷӯӣ қарор гирифтааст.

 

Гузаргоҳи "Дустлик", сарҳади Қирғизистону Узбекистон. Акс аз бойгонӣ

"Дар марз гурӯҳе бо либоси варзишӣ буданд ва аз куҷо омадани моро пурсиданд. Бо намоиш додани наворҳои сарбозони ҳалокшуда мепурсиданд, ки оё мо ба ҷанг меравем? Онҳо аз мо пул талаб карданд. Касе муқобилият кард, заданд. Зарур шуд, ҳам ба онҳо ва ҳам ба шахсоне, ки бо либоси пулис буданд, пул бидиҳем. Ба онҳое, ки аз Русия тавассути фурудгоҳи Уш ба марз омада буданд, дағалии бештар мекарданд", -- нақл кард ӯ.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарони тоҷик видеоҳоеро нашр мекунанд, ки дар онҳо дар бораи тамаъҷӯиҳо дар фурудгоҳи Уш гузориш медиҳанд ва аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш мекунанд, ки тавассути транзит ба василаи қаламрави Қирғизистон парвоз накунанд.

Тоҷирони тоҷике, ки аз бозори "Дордой"-и Бишкек ба Душанбе молу коло меоваранд, мегӯянд, вазъи онҳо низ бадтар мешавад. Шӯҳрат (ном иваз шудааст), як соҳибкор аз Душанбе, рӯзи 28-юми апрел, қабл аз даргириҳои мусаллаҳона дар марз, ба Бишкек барои хариди мол рафта буд.

"Рӯзи 30-юми апрел, ҳангоми телефонӣ гап задан бо забони тоҷикӣ, кормандони милиса дар бозор маро боздошт карданд. Ду нафар бо либоси пулис ва дигаре либоси мулкӣ доштанд. Онҳо ба таҳдид ва ҷустуҷӯи ман оғоз карданд. Дар ҷайбам 2700 сом доштам, онро гирифтанд ва амр доданд, ки аз чашм дур шавем”, -- мегӯяд Шӯҳрат.

Ӯ афзуд, муроҷиат кардан ба пулис дар ин вазъ метавонад мушкилоти бештаре ба бор биорад. Ҳоло ӯ мунтазири наздиктарин парвоз ба Душанбе мебошад.

Шаҳрвандон аз сафорат розӣ нестанд

 

Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо иттилои марбут ба вазъи шаҳрвандони Тоҷикистонро пайгирӣ карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон мерасонанд. "Мо итминон дорем, вазъ зери назорат аст ва шаҳрвандон муҳофизат хоҳанд шуд", -- гуфтанд масъулони сафорат.

Ҳамзамон, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон менависанд, дар фурудгоҳ банд монданд ва наметавонанд ба намояндагони сафорат тамос бигиранд.

Донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд, метарсанд, ки вазъ дар сарҳад метавонад, ба будубоши онҳо дар ин кишвар таъсир гузорад.

Самир, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия дар Бишкек, гуфт, пас аз вазъ дар марз онҳо кӯшиш мекунанд, аз хонаҳои худ берун набароянд: "Мо то ҳанӯз бо ягон ҷанҷол дучор нашудаем, зеро тақрибан аз хона намебароем. Аммо худро бехатар ҳис намекунем. Хабарҳо аз маҳалли даргириҳо хеле манфӣ аст ва ин метавонад ба муносибати мардум ба мо ба унвони шаҳрвандони Тоҷикистон таъсир расонад."

Тоҷикони бумӣ, ки дар минтақаҳои Уш ва Бодканди Қирғизистон зиндагӣ мекунанд, дар як суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки равобити байни миллатҳо дар минтақаҳои онҳо ором аст, аммо бо ишора ба ҳассосияти вазъ нахостанд аз онҳо ном бибарем.

Тибқи маълумоти расмии ду кишвар, дар қаламрави Қирғизистон тақрибан 60 ҳазор тоҷикони бумӣ ва дар қаламрави Тоҷикистон 96,3 ҳазор қирғизҳои бумӣ зиндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, дар ду рӯзи даргириҳо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон, 28 ва 29-уми апрел, даҳҳо нафар аз ҳарду ҷониб кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Рӯзи 1-уми май ҷонибҳо дар бораи оташбаси комил ва берун кашидани нерӯҳо ба ҷойҳои доимии будубоши худ ба мувофиқа расиданд.

 

Чоршанбе, Апр 28 2021

Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор намуд, ки мақомоти қудратӣ гурӯҳеро дастгир кардаанд, ки мехостанд ба ҷони ӯ ва фарзандонаш сӯиқасд намоянд. Лукашенко дар ин бобат аз ҷумла гуфт: «Онҳо мехостанд фарзандони маро, ҳар кадомеро, ки битавонанд рабуда, дар таҳхона нигаҳ доранд. Мо гурӯҳро дастгир кардем ва онҳо ҳамаи нақшаҳояшонро ифшо намуданд».                                                  Ба гуфти Лукашенко, ба ин кор хадамоти ҷосусии ИМА даст дорад ва ин нақшаро онҳо кашидаанд. Ӯ инчунин қайд кард, ки гумонбарони ин суиқасд дар Маскав дастгир шуданд. 

PS: Маълум нест, амрикоиҳо чи падаркуштагие бо фарзандони Лукашенко доштаанд, ки онҳоро ҳам ба марг маҳкум кардаанд? Ё шояд Батко каме муболиға мекунад??? 

 

Чоршанбе, Апр 21 2021

Президенти Қирғизистон Содир Жапаров дар рафти муроҷиаташ ба миллат бобати ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Сарқонун гуфт, ки ба қирғизҳо бори аввал дар таърихи кишвар ҳуқуқи интихоби шакли ҳокимият дода шудааст: ”Танҳо бо ҷорӣ кардани масъулият дар системаи идоракунии давлатӣ ва эҳтиром ба волоияти қонун, виҷдони мо дар назди халқ тоза шуда, умед ба ояндаи нек пайдо мешавад”. Жапарови зирак ахиран Қирғизистонро давлати президентӣ кард, зеро республикаи парлумонӣ ба қирғизи подабони кӯчӣ рост намеомадааст.

PS: Бо Сарқонуни парлумонӣ  4 “инқилоб” кардед, ҳоло бо Сарқонуни тағйирёфта чӣ хоҳед кард?

 

саҳ 3 аз 88

Китобҳо

Flag Counter