Принт

Аз наҳзати исломӣ то исломи оилавӣ

Саркардаи фирории ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом, ки чун гуреза дар мамолики аврупоӣ қарор дорад, зимни мулоқоту вохӯриҳояш бо аксар созмону муассисаҳои давлативу ғайридавлатии исломиву аврупоӣ барои ҳамкорӣ бо наҳзати ифротгаро ва шиносонидан ба ҷамъияти он кишварҳо гуфтугӯйҳо анҷом медиҳад. Вай дар суханрониҳо аз муваффақияту дастовард ва имкониятҳои наҳзат ёдоварӣ карда, дар баъзе ҳолат худро ҳомии асосии дини ислом ва ҳокими мутлақ ҳисобида, бори туҳмату буҳтонро бар сари давлату миллат ва бошандагони Тоҷикистон мерезад.

Ҳангоми мулоқот бо ашхоси гуногунсоҳа перомуни наҳзатиҳои фирорӣ, ки чун одати ҳамешагӣ баъди ба шӯр овардани ҷомеа роҳи гурезро пеш мегиранд (замони ҷанги шаҳрвандӣ низ ба Афғонистон фирор карда буданд), сухан мекунад ва бо лагандбардории хос аз аҷнабиён изҳори қаноатмандӣ менамояд, ки дар давраи барои наҳзатиҳои фирорӣ душвор ба онҳо кӯмак мерасонанд. Чунин сипосгузориҳо танҳо ба хотири дастгирии «дӯстонаш» аз ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом аст, чунки роҳбарону аъзои гурезаи ҳизби мазкур ҳоло дар Аврупо маскан гирифта, бо ҳар роҳу восита ба давлату миллати тоҷик бо чашми хашму хусумат менигаранд.

 

Чаро Аврупо фанатҳои исломии Тоҷикро парасторӣ дорад?

Қаноатмандии онҳо дар вохӯриҳояш танҳо ба хотири он аст, ки пайравони наҳзатро дар он кишварҳо ҷонибдорӣ мекунанд ва ҳарчи мехоҳанд, барои онҳо муҳайё месозанд. На ба хотири 1 нафар фарди тоҷик, ки дар хориҷ иқомат мекунад ё мушкиле дорад. Танҳо ба хотири наҳзати тундгаро. Зеро, ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст ва ин нимкосаро аксар касон дарк кардаанд.

Мақсаду мароми наҳзатиҳо аз номи мардуми тоҷик баромад кардан набуда, танҳо аз номи ҳизби наҳзат аст. Ҳадафи асосии наҳзат ҳамин 1 то буд, яъне вохӯрию мулоқот бо созмону ҳаракатҳо ва ҳизбҳои ба худ монанди тундгаро. Ҳоло Кабирӣ худро ба ҳар дар мезанад, ки «ёридиҳандае» ё «хайрхоҳе» пайдо кунад. Инро ҳама медонанд ва дар хотир доранд, ки раҳбарони қаблии наҳзат низ бо ҳамин роҳ ба ҳукумат даст ёфта буданд. Ва бо кӯмаки хоҷагони хориҷӣ давлатро табоҳ намуданд.

 

Тоҷикистонро Афғонистони 2 карданиянд!!!

Воқеан ҳам, наҳзат 1 нерӯи иртиҷоиву ақибмонда аст ва агар ташкилоти террористӣ ва экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом нуфуз пайдо кунад, Тоҷикистонро ба Афғонистони дуввум мубаддал месозад. Ҳарчанд стратегияи асосии ҳизби наҳзатро ислоҳи ҷомеа номанд ҳам, аслан стратегияи ҳизби тундгарои наҳзати исломӣ ислоҳи ҷомеа набуда, балки исломикунонии ҷомеа аст. То имрӯз наҳзат дар ҷомеа ягон ислоҳоте нагузаронидааст, ки ҳамчун ислоҳгар шинохта шавад.

Аз ин рӯ, ҳадафи онҳо пайдо кардани хоҷа ва ҳамақида бо наҳзатиҳост, ғайр аз ин чизи дигаре нест. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом замоне домони мамолики исломиро мегирифт, ҳоло бошад, думи кишварҳои аврупоиро доштааст.

Онҳо дар сиёсат барои худ исломро чуноне, ки мехоҳанд, тағйир медиҳанд ва инро падидаи нав дар ҳаёти наҳзатиҳо мешуморанд. Гоҳо исломи сиёсӣ мекунад, гоҳи дигар исломи фарҳангӣ, гоҳо исломи гуруҳиву гоҳи дигар исломи оилавӣ. Хусусияти хоси исломгароии сиёсии онҳо дар он зоҳир мегардад, ки муносибати мусулмон ба мушрикон ва ғайримусулмононро ба принсипи дохилиисломӣ табдил дода, аз ҷониби 1 мусулмон такфир хондани мусулмони дигарро раванди нав дар ҷомеа меҳисобанд. Ва ин ҳама аз ва дар Аврупо: пас суоле посух мехоҳад, ки Аврупо низ исломи такфирӣ шудааст  ва ё решаҳои тундгароии такфириро дар Бруссел бояд ҷуст?

Р. МАҶИДЗОДА, номзади илмҳои фалсафа, устоди ДМТ

 

Матлабҳои дигар