Принт

«Нишаст»-и президентӣ

«Мемураду мешинад!»-ин нидои сарвазири Гурҷистон, Ираклий Ғарибашвилист, дар пасманзари иддаои бархе евро-депутатҳо, ки талаб карданд, Мишка Саакашвилӣ-собиқ президенти ин кишвар озод шавад. Хотиррас мешавем,  рӯзе қабл, Саломат Зурабашвилӣ-президенти фаол низ гуфт, «Михаил 6 соли бутун дар турма хоҳад нишаст, на паси курсии ҳукумат ва ё парлумон!».

01.10.2021. Михаил Саакашвилӣ, ки аз интригантҳои №1 дар кишварҳои пасошӯравӣ маҳсуб мераваду ба фикри хелеҳо «сараш вайрончоп аст», ғайричашмдошт, марзи Гурҷистонро рахна карда, бе виза вориди кишваре шуд, ки 9 соли бутун, 2004-2013 сарвараш буд.

Михаил Николаевич сароғоз чун патриот, демократ, реформатор сари қудрат омад. Вале дар тӯли 2 давре, ки президент буд, Гурҷистонро 3 қисмат карда, ба Россия дод. Ҷанги 08.08.08 ҳанӯз аз хотирҳо зудуда нашудааст, ки Мишка ба ваъдаи НАТО бовар карда, бо Дима Медведев ҷанг эълон кард. Ин ҷанг бо коллапси комили Тифлис ва аз даст додани 2 республикаи автономӣ-Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ хатм шуд. Ҷанги «Рустами замон», яъне Мишка Саакашвили ҳамагӣ 5 рӯз давом кард, ки дар охираш ӯ галстукашро аз тарс хӯрд…

Баъди нузул дар Тифлис бар муқобилаш делои ҷиноятӣ кушоданду ба Аврупо гурехт.

Чанд сол муқаддам, ӯ аз Полша ба Украина, мисли имрӯза, бе иҷозат, бе виза, бе даъватнома ворид ва ҳабс шуд. Вале Зеленский ӯро озод ва бар курсии губернатори Одесса шинонид. Интригаҳои Мишка хомӯш нашуд ва ӯро аз Украина депорт карданд.

02.10.2021. Дар Гурҷистон интихобот ба парлумон баргузор шуд. Саакашвилӣ умед дошт, ки дар интихобот оппозитсия ғалаба ва ӯро соҳибкурсӣ мекунад. Вале баракс шуд. Мардуми аз иғвоҳои Мишка ба дод омада, баракс, бар ҳизби ҳоким раъй дод.

Саакашвилӣ, ки зода ва парвардаи инқилоби лолагини Ҷорҷ Сорос аст, акнун бояд 6 соли расо нишинад. Ӯро ба чӣ муттаҳам мекунанд?

-Ҷурмаш зиёд аст-мегӯяд прокурори кишвар-кофист, ки Саакашвилӣ дар суистифода аз мансаб, саркӯбии тазоҳуротгарон ва қатли премйер-министри худаш, раҳматии Зураб Жвания, даст доштааст.

Дар номаи ахири худ ба Зеленский Саакашвили худро «бандии шахсии Путин» номид. Аҷиб, гуфти Бобои Ғулом «при чём тут Путин!», вақте Тифлиси расмӣ куллан аз Аврупо ва Амрико бастагӣ дорад?

Вале муҳим ин нест. Муҳим он аст, ки душмани Путин шудӣ, аҷала дӯсти Аврупову Амрико мегардӣ. Интригааааа!!!!!!

 

Матлабҳои дигар