Принт

РЕЗААХБОР

 

 Қарзи кредитории Ширкати «Барқи тоҷик» дар нимсолаи аввали соли 2022 ба 32 миллиард сомонӣ расида, бояд ба НБО «Сангтуда-2» - 2,8 млрд. сомонӣ, ба НБО «Сангтуда -1» 2,4 млрд. сомонӣ, ба «Ориёнбонк» - 1,2 млдр. ва ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23,6 млрд сомонӣ пардохт намояд.

***

Маркази миллии тестӣ эълон намуд, ки 57.988 нафар  аз шумораи умумии 96.021 довталаб донишҷӯ шуда, 22 ҳазору 470 кас афтид.

 ***

    Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ»-ро таҳия кардааст, ки дар асоси он калимаҳои тоҷикие, ки дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навишта мешавад, ба таври автоматӣ ислоҳ мешаванд.

 ***

   Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол биноҳои асосии “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”-ро нафурӯхтааст. Дар 1 музояда нархи ибтидоии бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ҳудуди 12 миллион доллар ё 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ ва бинои меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, наздики 25 миллион доллар ё 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ муайян шуда буд.

Матлабҳои дигар