Принт

ДАСТАИ «СӮҲРОБ МУРОДОВ” – ҒОЛИБИ "ҶОМИ ГАЗЕТАИ СССР”-2021 БАЙНИ КАЛОНСОЛОН

Бо мақсади мусоидат намудан ба татбиқи бевоситаи “Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” аз 15-уми сентябр то 1-уми октябр дар ҷамоати деҳоти “Бохтариён”-и ноҳияи Кӯшониён мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми газетаи мардуми СССР” баргузор гашт.

Дар мусобиқа ҳашт дастаи футболи кӯчаву маҳаллаҳоиҷамоати деҳоти “Бохтариён” ширкат варзиданд. Тибқи Низомнома дар марҳилаи аввал дастаҳо аз рӯи қуръакашӣ ба ду гурӯҳи 4 дастагӣ тақсим карда шуданд ва дар ҷамъбаст дастаҳои футболи “СССР” ва “Суҳроб Муродов” ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 1-уми октябр дар майдони варзишии ҷамоати деҳоти “Бохтариён” хеле пуршукӯҳ сурат гирифт. Вақти асосӣ ва 2 қисми иловагӣ ҳам бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои пеналти бошад, бахт ба рӯи футболбозони дастаи “Суҳроб Муродов” хандид ва онҳо бо ҳисоби 6 бар 5 пирӯз шуда, Ҷоми ғолибиятро болои сар бардоштанд.


Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Сардабири газетаи мардумии СССР Сайёфи Мизроб, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён Шукрона Маҳмадализода, корманди масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон Нуралӣ Хоркашев иштирок намуда, ҷому медалҳо ва дигар тӯҳфаҳои хотиравиро ба ғолибон тақдим намуданд. Сардабири газетаи мардумии СССР Сайёфи Мизроб зимни баромади худ ваъда доданд, ки мусобиқаи мазкур дар оянда ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола ташкилу баргузор карда мешавад. Ин иқдоми сардабири СССР аз ҷониби сокинони ноҳияи Кӯшониён хеле хуш истиқбол гардид.

Баҳодур Уроқов

Махсус барои СССР

 

Матлабҳои дигар