Принт

Ҷастаку бандпарак…

Салом СССР! Ман оиди барномаи «Вожаварз» 2 калима гуфтаниам. 1 маротибаи дигар ҳам оиди вожаи «гимнастический кож» навишта будам, ки донишмандони мо яке онро бузаку дигаре хараку сеюми аспак номгузорӣ карда буданд. Чанд рӯз пеш мусоҳибаи онҳоро оиди вожаи «скакалка» тамошо кардам. 3-4 нафар заданду заданду маслиҳат карда, дар охир онро «ҷастак» номгузорӣ карданд.

Ростӣ ман фикри дигаронро намедонам, вале ба Худо қасам вақте баҳси ин донишмандонро тамошо мекунӣ, хандаи кас меояд. Охир ҳамин вожаи «скакалка» аз аввал дар байни мардум бо номи «Бандпарак» маълуму машҳур аст. Пас, чаро шумо худатонро азоб медиҳед ва сари мардумро гаранг мекунед? Скакалка, ин бандпарак аст. Тамом вассалом!

Ғуломалӣ Асоев, 

узви Ихвон ал СССР,

н.Файзобод

Матлабҳои дигар