Ҷасадро бишносед! - даъвати ВКД ҶТ аз мухлисони Баха 84

  • Сешанбе, Окт 11 2016

Субҳи рӯзи 05.09.с.2016, тахминан соатҳои 06:00, аз ҷамоати Унҷи, кӯчаи Ҷ.Солиеви ноӽияи Б.Ғафуров, аз қафои бинои МТМУ №29, ҷасади ҷинсаш мард, шахсияташ номаълум, тақрибан 18-23 сола дарёфт карда шуд.

 

Нишонаҳои махсус: қадаш 165-170 см, мӯйи сараш сиёҳ, рӯяш даврашакл, биниаш рост, дар танаш куртаи варзишии хокистаранги остиндароз бо навиштаҷоти «CANADA», шими ҷинси рангаш кабуд ва дар пояш пойафзоли варзишӣ мебошад.

Мавриди қайд аст, ки якчанд рӯз пеш аз дарёфти ҷасади мазкур барномаи консертии ҳунарманди шинохта Баха-84 дар шаҳри Хуҷанд доир гардида, ӯ бо ҳамроҳии Баха-84 расм гирифтааст.

Бо назардошти ин, ВКД ҶТ аз мухлисони ҳунарманд ва тамоми   шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошанд, бо «Телефони боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, ё ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Б.Ғафуров бо рақами (83442)-3-22-35, 92-888-06-71 занг зананд.

Хотиррасон менамоем, ки муддати зиёда аз 1 моҳ мешавад, ки ҷасади мазкур дар сардхонаи ноҳияи Б.Ғафуров қарор дошта, шахсияташ то айни замон номаълум боқӣ мондааст.

 (Дар расм аз тарафи рост якум) 

 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase