Хатсайри наву...вагонҳои кӯҳнаи КВД Роҳи Оҳан

  • Ҷумъа, Окт 21 2016

 

Мехостам Комили Мирзоалӣ, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 1 маротиба дар ҳамин хатсайри наву вагонҳои фарсудаву «акт»-шудаи худ бишинад ва хизматрасонии худ ба мизоҷонро бубинад. «Слабо» акаи Комил!?

Аз ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб беш аз 1 моҳ сипарӣ шуд ва имрӯз қатораҳо ба ин самт ҳафтае 2 маротиба аз рӯи ҷадвали ҳаракат бемамониат равуо доранд. Бояд гуфт, ки роҳи оҳани Ёвон-Қӯрғонтеппа ва Қӯрғонтеппа-Кӯлоб қаблан низ фаъол буд, аммо ба роҳиоҳанчиёни Тоҷик лозим омад барои пайвасти ин роҳҳо бо пойтахт қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвонро аз 0 бисозанд ва ҳамин тавр ҳам шуд: беш аз 40 км роҳ бо бунёди 3 нақб ва 5 пул дар муддати зиёда аз 4 сол ва бо маблағи умумии 71,992 млн доллари ИМА сохта шуд. Мо Тавонистем! 

Газетаи СССР тасмим гирифт, тавассути ин роҳи нав, ки Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандаду яке аз самтҳои рушди стротегии кишвар маҳсуб меёфт, то Қӯрғонтеппа сафар намояд ва бо чашми худ бинад, ки вазъи хизматрасонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ин самт чӣ гуна асту мусофирон чӣ мегӯянд. Рррраааафффтттеееммммм! Мо Метавонем!

 Чиптафурӯши хоболуд!

13.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 7.20-и субҳ. 

Қатора бо хатсайри Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб соати 8.00 ҳаракат мекунад ва мо низ зудтар ба вокзали ш.Душанбе бо нияти харидани чипта омадем. Вақти сафар дар ин масир 8 соату 56 дақиқаро ташкил медиҳад, ба Қӯрғонтеппа бошад қатора соати 12:45 дақиқа мерасад. Пештар дӯстон гуфта буданд, ки чиптаро худи ҳамон рӯз пеш аз сафар ҳам харидан мумкин аст ва мо ҳам ҳамин тавр кардем. Чанд нафар дар назди оинаи хазинаи вокзал истодаанд, наздиктар рафта мебинем, ки хазина холисту чиптафурӯш нест. 10 дақиқа дар интизори «кассир» мегузарад, аммо аз ӯ дараке несту шумораи мусофирон бештар мешавад. Ба 1 марди дигари дар тан либоси роҳиоҳанчӣ муроҷиат мекунем, вай бошад ба хотири ором намудани мо мегӯяд: «Ҳеҷ гап нест, бе билет ҳам ба вагонҳо даромадан гиред, проводникҳо билет доранд, навишта медиҳанд. Шаб қатораи Маскав рафт, чиптафурӯш хаста шуд!». 

Мо ба суханҳои ӯ бовар карда, ба вагоне, ки дараш боз аст, медароем. Ҳини ворид шудан ба вагон аҳамият медиҳам, ки дар ягон ҷои қатора навиштае бо номи хати сайр нест…

Нафароед аз вагон...

Дар вагон нишаста, ҷо ба ҷо мешавем, вале расо соати 07.45 боз ҳамон мард моро барои рафта аз хазина чипта харидан даъват мекунад. Мо низ аз вагон фаромада, назди хазина меравем. Зани чиптафурӯш, ки паҳлӯяш 2 фарзандаш буд, саросема ба навиштани чипта сар кард. Дар навбат наздики 10 нафар будем ва он замон садои сигнали якуми поезд барои ҳаракат баланд шуд. Зани чиптафурӯш ҳамоно ба қавле чапу рост чипта менавишту дар ин байн ба сари духтарча ва писарчааш, ки ба ҳар чизи утоқ мерасиданд, дод мезад. Саросемакории чиптафурӯш баъдан барои чанде аз мусофирон дарди сар шуд.

Хулоса, 1 дақиқа пеш аз ҳаракати қатора бо 2 билет аз Душанбе то Қӯрғонтеппа, ки 20 сомонӣ шуд, вориди вагон шудему қатора расо соати 8.00 ҳаракат кард. 

То ҷое медонам, дар ҳар 1 вокзали дунё новобаста аз будан ё набудани қатора хазинаи чиптафурӯшӣ бояд ба таври шабонарӯзӣ кор кунад, лек чаро дар вокзали Душанбе ин тавр нест? Шояд КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз бештар будани хатсайрҳои қатораҳо ва мусофирон ба чиптафурӯшони худ имтиёз додаст, ки ҳангоми смена ба хонаашон рафта, 2-3 соат дам гирифта оянд!?

 Вагонҳои кӯҳнаи хатсайри нав

13.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 08:00 дақиқа.Қатора бо 8 вагони пласкарт аз ҷой ҷумбид. Мо дар кадом вагон ҷой гирифтем нафаҳмидем, чун ҷой, рақам, ё навиштае набуд. Пеш аз нишаст курсиҳо ва мизро, ки рӯяш пур аз хоку чанг буд, хуб тоза кардем. Мусофирони дигар низ ба тозакории атрофи ҷои нишасти худ сар карданд. Дар ҷамъ аз вагонҳои кӯҳнаву фарсуда, аз чангу хок сиёҳшуда, хира будани шишаҳо, пояи курсиҳои шикаста, шишапораҳои қабати дуюми оинаҳо маълум, ки ин вагон ё ба қавле «списат» шуда буду мӯҳлати истифодааш кайҳо гузашта ё бо истифодаи асбобу ашёҳои 3-4 вагони фарсуда аз сари нав маҳз барои ҳамин хатсайр ҷамъ карда шудааст. Нафаре мегуфт, ин вагонҳо 7 сол пеш дар масири Душанбе-Конибодом дар истифода буданду вагонҳои кӯҳнаро дар хатсайри нав баровардаанд! Пас он вагонҳои наве, ки КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пайваста таблиғ мекард, куҷо шуданд?

Ба «Тоҷики мо» шудан мегирад!?

Сафар дар вагонҳои фарсуда агар 1 мушкил бошад, набуди хизматрасонии оддитарин дар қатора проблемаи №2 буд. Манзурам ин, ки зимни сафар, аз оғоз то ба охир қариб 9 соатро ташкил менамояд, ба мусофирон на курпа, на болишт ва на оби ҷӯш барои чой намедиҳанд!!! Мардуме, ки ба Кӯлобу Шаҳритус мераванд, рӯи курсиҳои чанголуди вагон дастон зери сар, дароз кашидаанд, ҳоло он, ки худи роҳбаладон матрасҳои 2 қабата кашида пас аз истгоҳи Ёвон худро ба хоб заданд. Масъули қаҳвахонаи қатора бошад ҳар замон ин тарафу он тараф гузашта «Самбӯса дорем, пирожки дорем, қаҳваю чой дорем!» гуфта саргарми савдо буд. Чаро мусофирони ин хатсайри дохилӣ, ки барои боз карданаш вақту маблағи зиёд масраф шудааст, аз оддитарин хизматрасонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бархӯрдор нестанд? Ё ин ки ин ширкат мутмаин аст, ки «ба Тоҷики мо шудан мегирад!»?

 Вокзали Қӯрғонтеппа: Ба мусофирбарҳо роҳ нест!

13.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 12:45 дақиқа.

Пас аз 4 соату 45 дақиқаи сафар қатора ба вокзали Қӯрғонтеппа, ки истгоҳи Сарбанд ҳам ҳаст, расид. Роҳ тавассути масири нав аз Душанбе то Ёвон хеле ҳам хуб буд, аммо аз истгоҳи Ёвон то стансияи Вахш қатора хеле ҳам суст ва бо истоданҳои зиёд пеш рафт ва ин мусофиронро хеле хаста мекард. Дар вокзали Қӯрғонтеппа қатора 30 дақиқа ист карда, дар ин муддат вагонҳои Шаҳритус ҷудо мешаванду мусофирони Кӯлоб ба қатора савор. Яъне 2 вагон сӯи Шаҳритус мераванд ва боқимонда ҷониби вилояти Кӯлоб...

Мо бо роҳбаладон хайрухуш намуда, аз вагон фаромадем. Фаромадем, вале нафаҳмидем, ки ба куҷо равем, зеро вокзал на дарвозаи баромад дошту на дар наздаш нақлиёти мусофиркаш. Бо тавсияи мусофирони дигар маҷбур шудем роҳи оҳанро гузашта тавассути ҳавлии 1 корхонаи дигари роҳи оҳан убур намуда, ба шоҳроҳи Сарбанд-Қӯрғонтеппа бароем. Аз ин ҷо ба мошинҳои сабукрав нишаста, бо пардохти 3 сомонӣ то маркази шаҳри Қӯрғонтеппа омадем. Баъдан боз ба 1 автомашинаи дигар шишта, то автовокзали шаҳр расидему танҳо пас аз ин ба мошинҳои байнишаҳрӣ нишаста, аккурат соати 15.00 ба пойтахт баргаште! 

Чаро вокзали Қӯрғонтеппа дарвозаи баромад ба шаҳр надошт? Чаро то наздики он ягон мошине нест, бароямон нофаҳмо монд. Вақте фаъолияти вокзал дубора эҳё шуд, пас то назди он роҳу коммуникатсияро низ бояд муҳайё намуд!!! Инро ҷузъитарин талаботи хизматрасонӣ мегӯянд!

 Комили Мирзоалӣ, 1 бор ба поездҳоятон шинед!

Сафари банда тавассути қатора аз Душанбе то маркази вил.Хатлон, новобаста бо назардошти вазъи антисанитарии вагонҳо ва пешниҳод нашудани оддитарин шароити хизматрасонӣ, хуш гузашт. Ҳам мардум зуд ба ҳам унс гирифтаву сӯҳбатҳо гарм шуд ва ҳам роҳбаладон хеле ҳам боэҳтиром буданд. Гирди 1 пиёла чою лаби нон бо ҳам будем. Чангу хоку хошоки вагонҳову гарди роҳ, ки тавассути оинаҳои шикаставу рехта ва кафида вориди долон мешуд, ба сару рӯи мо маникюри нави табиӣ замм мекард ва маро ба кадом даврони аз филмҳои ҷанги бузурги ватанӣ дидаам, яъне 70-80 сол муқаддам мебурд: 

То кадом дараҷа мо «пеш рафтаем» дар асри 21!

Бо ин ҳама мусофирон хушгапу хушчақ-чақ буданд. Он замон танҳо мехостам Комили Мирзоалӣ, сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро даъват кунам, то ин ки 1 маротиба дар ҳамин хатсайри наву вагонҳои фарсудаву «акт»-шудаи худ бишинад ва ҳамин хизматрасонии худ ба мизоҷонро бубинад. Метавониста бошад? Не «слабо» акаи Комил!?

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

мусофири қатораи Душанбе-Қӯрғонтеппа

РS: Дурустӣ, ҳамвории роҳ ва 3 нақби навсохту замонавӣ то расидан ба Ёвон ба Шумо, ҷаноби Комили Мирзоалӣ, дахл надорад!!!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase