Сафаров Сафар Ғаюрович

 Рӯзи 21.10.2016 соати 09:10 дақиқа, дар шаҳри Душанбе, Сафаров Сафар Ғаюрович, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар синни 69-солагӣ аз дунё чашм пӯшид. Сафаров 22.05.1947 дар шаҳраки Кангурти н.Данғара, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Хамтуттаҳсили Донишкадаи политехникии ш.Тошканд (1970), номзади илмҳои иқтисодӣ.

Фаолияти меҳнатӣ: Муҳандиси корхонаи пахтаи ш. Кӯлоб (1970-71), муҳандиси калони раёсати кишоварзии комиҷроияи н.Данғара (1971-74), корманди комсомол ва ҳизбии ноҳ. Данғара ва ш.Қурғонтеппа, ҳамзамон таҳсил дар мактаби олии ҳизбии Тошканд (1974-83), инструктор, ҷонишини мудири шуъбаи ташкилӣ ва котиби дуюми кумитаи ҳизбии ш. Қурғонтеппа (1983-88), котиби якуми кумитаи ҳизбӣ ва раиси Шӯрои вакилони халқи ноҳ. Совет (1988-90), намояндаи халқ дар Шӯрои Олии ҶТ (1990-92), муовин ва раиси Кумитаи иқтисод ва буҷети Шӯрои Олии ҶТ, узви Раёсати Шӯрои Олии ҶТ (1992-95), вакили мардумӣ дар Маҷлиси Олии ҶТ (даъвати якум), узви Раёсати Маҷлиси Олии ҶТ ва раиси кумитаи иқтисод ва буҷет (1995-2000), вакили халқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ (аз 2000) буд.

Солҳои 2000-2001 роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

(2001-2006), Сафири фавқулодда ва мухтори ҶТ дар Федератсияи Россия, соли 2007 як муддат намояндаи ҶТ дар Созмони Ҳамкориҳои Шангхай, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2010-2014).

Бо ордени “Шараф”, унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва медали «10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2002) сарфароз гаштааст.

Сафаров Сафар Ғаюрович пас аз марги бармаҳали нахустписараш, ки 2 сол муқаддам ба таври фоҷеавии аз кор мондани гурдаҳояш дунёи фониро такр гуфта буд, ба маризии “ғами падарӣ” печида, ахиран ин дунёро бе фарзанд дидан нахоста, аз олами сифлӣ ва ба олами улвӣ пайваст, ки ҷояш ҷаннат ва манзили охираташ обод бод...

Умари Шерхон

адиб

Коллективи кори газетаи мардумии СССР аз марги хонандаи доимии худ-Сафаров С.Ғ. сахт андӯҳгин буда, ба аҳли байти марҳум аз боргоҳи илоҳӣ сабри ҷамил ва барои худобимурз ҷаннатулмавъо дуо дорад. Омин ё рабул оламин!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase