Ракурси миллӣ-3

 Тоҷикистони имрӯза рӯи устухонбандии РАСС Тоҷикистон қомат задааст. Пас бояд ҳафтаи гузашта аз 92-солагии он ҷашн мегирифтем...

РАСС Тоҷикистон, агар касе намедонад, аккурат дар рӯзи 14.10.1924 дар территорияи 135.600 километри мураббаъ, ҳомили 827.100 нафар сокин, ки бахши аъзам, яъне 74,6% Тоҷикон буданд, дар ҳайъати РСС Ӯзбакистон таъсис ёфтааст. Аз вожаи «дар ҳайъати РСС Ӯзбакистон» натарсед. Зеро дар ҳамон сол РАСС Қазоқистону Қарақирғизистон низ дар ҳайъати РСФСР, яъне Русияи имрӯза бунёд гузошта шудаанд. Вале сухани баҳс ин ҷост, ки чаро мо аз бунёди Ҷумҳурии худ на ёд мекунему на парвояш дорем? Бовар кун, хонанда, ин иштибоҳи сахт ва нобахшиданист. Зеро ҳар кишваре умри кӯтоҳ дорад, аз миён бардоштанаш 2х2 аст. Маҳз ба ҳамин хотир на танҳо давлатҳои хурду кӯчак, ки ҳатто абарқудратҳо низ талош доранд, замони эъмори Давлати худро соат ба соату дақиқа бар дақиқа муайян кунанд. Дар мо баракс аст. 

Мо ҳатто биноеро, ки дар он Тоҷикистон республикаи комилҳуқуқ ва дар ана ҳамин шаклу андому арзу тӯл шинохта шуда буд, танҳо ба ин хотир, ки кадом тануманде мехост он ҷо баландошёна созад, вайрон кардем. Сухан сари бинои театри Маяковский меравад (Бовар дорам рӯзе не рӯзе ин баландошёнаро хароб кардаву ун театрро бозпас месозанд. Зеро он таваллудгоҳи Ватани мост!). Ин нахустин теша бар решаи таърихи худамон буд! Ва ин амали вандалистӣ, ҳатман акси садо хоҳад дод, мутмаин бошед (аукнется, да ещё как!).

Минҷумла, аз осорхонаҳо «гум» шудани нахустин парчамҳои РАСС ва РСС Тоҷикистон низ идомаи ана ҳамон теша ба реша заданҳои таърихии мост. Намедонам кӣ, вале пайваставу муттасил ин тешаро бар решаҳои мо мезанаду мезанад. Ҳатто валангорсозии Герби РСС Тоҷикистон дар маркази пойтахт идомаи фалсафиву мантиқии ана ҳамон тешазаниҳост! Мо ҳатто натавонистем ё нахостем ин Гербро ақаллан ба ягон порки дигар интиқол додаву устувор кунем. Ин Нишон ба ғайр аз он ки арзиши гарони антиқӣ-таърихӣ дошт, ҳамзамон мӯҳри Миллат ва Давлати Тоҷикон дар тӯли 100 соли ахир буд!

Файласуфе барҳаққ гуфтааст, ки «Сӯи гузашта аз таппонча тир андозед, фардоиён сӯи шумо аз тӯп тир мекушоянд!». Сухани тилоист, ки шахсан ман, СМ, омодаам зери ҳар ҳарфаш имзо гузорам. Вале ба оянда тир кушодан дорем...

Намегӯям ин сохтор хуб буду ваяш бад ва баракс. Мавқеъи истиқлолиятхоҳиву озодипарастии маро ҳар хонанда хуб медонад, вале сухан сари Паспорти Давлат меравад ва мӯҳру печату штампи он!

Ҳоло ба назар чунин мерасад (тибқи горе-идеологияи навини мо), ки ҶТ дар 1 хало, холигӣ, биёбон, масоҳати номаълум бунёд шудааст. Ин шеваи сиёсии пешгирифтаи мо хеле хатарҳо дар пай дорад! Бинед, ки атрофи давлатҳои навтаъсис чигуна баҳсҳо меравад. Дур намеравем. Ҳамин баҳси бепояи Давлати исломиву бунёди Хилофат аз чунин бархурдҳо маншаъ мегирад. Мо ҳатто барои гражданҳои худ исбот карда наметавонем ё намехоҳем, ки РАСС Тоҷикистон меҳвари Давлати имрӯзаи мост ва мо таърихи 92-солаи давлатдории муосир дорему ба ягон хилофату пилофат банд набудему нестем!

КГБ, Прокуратура, Милиса ва ҳатто хадамоти оташнишониву Ёрии таъҷилиямон 90-у 80-у 70-солагиашонро ҷашн мегиранду ДАВЛАТАМОН неъ! О, мантиқан ин хадамот бояд дар давлате арзи вуҷуд мекарданд. Ё не?

Ман ростӣ, мантиқи ин идеологияро намефаҳмам, ки ба назар мерасад, агар гӯем Давлати мо зодаи сессияи 2-юми ЦИК СССР дар таърихи 14.Х.1924 аст, гӯиё хиёнат карда бошем. Ҳуй одамони боақл! О, ин таърихи мост ва мо аз он хоҳ бад асту хоҳ нек, дур шуда наметавонем!!!

Ман низ ҷонибдори Давлати Сомониёну қаҳрамонии Спитамену Шераку Рустаму Кайковусу Золи Зарам... Вале аксарияти ин ифтихорот дар асри муосир далели шайъӣ надоранд: қаҳрамону лашкаркашонамон бо ҳама ҳурмату иззат аз шахсияташон моли адабиёту асотиранд; мо ҳатто акси онҳоро надорем, санаи таваллудашонро намедонем. Дар ин аср мадрак, факт, далел, рақам лозим аст, то Паспорти Давлат шуда тавонад. Ва, мехоҳе(м)д инро ё на, ягона факти давлатдории мо баргузории ана ҳамон Сессияи ЦИК СССР дар соли 1924 асту бас! Ва ин рӯзро мо муваззафем ҷашн гирем!

Воқеан ҳам санаи дигари таърихӣ, ки РСС Тоҷикистон бо арзу тӯли 143.100 километри мураббаъ таъсис ёфт, низ ба ҳамин шабу рӯз рост меояд. 16.Х.1929 РАСС Тоҷикистон барҳам хӯрда, РСС Тоҷикистон таъсис ёфта, аккурат 5 декабри соли 1929 ба ҳайъати СССР ворид шуд...

Метавоне(м)д бо Империяи Эрониёну Кайони Шоҳнома, Ҳайтолиёну Давлати Сомониёну... фахр кунем. Ин шарт ва зарур аст. Аммо факти таърихӣ танҳо ин аст, ки мо танҳову танҳо меросбари РАСС Тоҷикистонем. Тамом вассалом!

Зимнан 14 ё 16 октябр бояд чун Рӯзи Таъсисёбии ҶТ ҷашн гирифта шавад.

Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase