27.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 11:10 дақиқа.

Имрӯз сардабири газетаи мардумии СССР-Сайёфи Мизроб дар ҳузури меҳмонон, шоир Ҷумъа Қувват ва Ҳаким Қурбонов-профессор, дипломи дувуми худро ба Афсонаи Умар-хонандаи мактаби миёнаи №12-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки зимни баргузории 1 маҳфили шеъру суруд бо номи «Забон-пайванди ҷон» дар Қурғонтеппа ғолиб омада буд, супорид. Афсона пеш аз ба даст гирифтани диплом шеъри «Забони модарӣ»-и устод Бозор Собирро бо садои хело фораму дилнишин ва бо мимикаву интонатсия қироат кард.

Ёдовар мешавем, ки маҳфили шеъру суруд бо номи «Забон-пайванди ҷон» санаи 5.10.2016 дар Кохи Лоҳутии шаҳри Қурғонтеппа бо ширкати Амирулло Асадулло-шаҳрдори Қурғонтеппа ва садҳо мухлису ҳаводори шеъру калом бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ барпо гардида буд. Дар ин маҳфил ҳайати эҷодии газетаи мардумии СССР бо роҳбарии сардабири он С.Мизроб низ ширкат доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки дипломи нахустинро газетаи СССР 2 ҳафта қабл ба Марҳабо Рамазонзода-муовини раиси ТВ ва радиои вилояти Хатлон супурд.

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase