Мизу курсиҳои мо сифат надоранд!

  • Ҷумъа, Нояб 04 2016

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Мо-муаллимони мактаби миёнаи №12-и ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ барои бунёд ва ба истифода додани мактаби нави замонавӣ барои 624 хонанда ба Ҳукумати ҶТ сидқан изҳори миннатдорӣ мекунем. Рӯзҳои 22-23 октябр аз ноҳияи мо комиссияи махсуси кории ҳукуматӣ дидан намуданд. Гарчанде, ки мактаб пурра ба истифода супорида шуда бошад ҳам, дар он ҳоло хонандагон ҳамагӣ камтар аз 2 моҳ таҳсил карда, мо муаллимон аллакай барои сварка-кафшер намудани почаҳои мизу курсиҳо ва кофтани болту шрубу гайка ва краска намудани он сарсону саргардонем. Аз ҷониби муаллимон дархост шуд, ки бо ҳайати комиссия гуфтугӯ намоем ва он мушкилоте, ки ҳоло мавҷуд аст, барои ислоҳи он кӯмак расонанд. Аммо дархости мазкур аз ҷониби комиссия рад карда шуд. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоем, ки газетаи СССР оид ба ин масъала таҳқиқоти журналистӣ гузаронад.

Бо эҳтиром, муаллимони мактаби №12

ва бошандагони деҳаи Пушкини н.Ҳамадонӣ, ҷамъ 35 имзо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase