Дар Панҷакент бюрократия нест!

  • Душанбе, Нояб 28 2016

Мақолаи «Бюрократияи панҷакентӣ» (СССР, №39, 29.09.2016), ки бо имзои Бибиҷон Шарифзода чоп шудааст, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ш.Панҷакент бо ҷалби кормандони шуъбаю бахшҳои дахлдор, мутахассисони комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар минтақаи шаҳр ва Ҷамоати деҳоти Моғиён мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи санадҳо ва таҳлили масъулин аён шуд, ки матлаби муаллиф пурра ба ҳақиқат рост намеояд ва бо ҳангома навишта шудааст. Дар асоси маълумоти комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар минтақаи шаҳр сокини деҳаи Сор-Ботирова Моҳинав барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдор муроҷиати хаттӣ накардааст. Иловатан, дар асоси маълумотномаи Ҷамоати деҳоти Моғиён, Моҳинав ба Ҷамоати деҳот барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат накардааст ва дар натиҷаи санҷиш муайян шуд, ки ӯ тибқи суроғаи ш.Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ-163 зиндагӣ намекунад. Ӯ дар қайди деҳаи Сори Ҷамоати деҳоти Моғиён буда, он ҷо зиндагӣ дорад. Дар дафтари баҳисобгирии хоҷагӣ ба номи Ботурова ба масоҳати 0,05 га замини наздиҳавлигӣ ба қайд гирифта шудааст. Фақат ӯ санаи 20.08.2016 дар Рӯзи қабули шаҳрвандон ба таври шифоҳӣ барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ё таъмини ӯ бо манзили зист муроҷиат кардааст. Ба ӯ фаҳмонида шуд, ки бояд барои гирифтани қитъаи замин ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод кунад. Мутаассифона, то санаи 7.10.2016 аз номи Моҳинав чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод нашудааст. Бояд таъкид намуд, ки дар ҳудуди ш.Панҷакент ҷудо кардани қитъаи замин барои сокинони деҳот ғайриимкон аст. Чунки садҳо нафар сокинони шаҳр барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ доранд...

И.Сатторов,

муовини раиси шаҳр

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase