Вазир ба хатояш қоил шуд!

  • Панҷшанбе, Дек 01 2016

Вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри ҳисоботи нави хеш эътироф кардааст, ки зимни таҳлили  фаъолияти ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” дар давраи солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 ба хатоиҳо роҳ додааст. Хотиррас мешавем, ки чанде пеш ин вазорат фаъолияти ширкати «ТАЛКО»-ро зараровар хонду ширкатро дар пинҳон кардани даромадҳо муттаҳам намуд. Акнун вазорати молияи кишвар дар гузориши наваш, ки дирӯз дар сомонаи ин ниҳод ба нашр расид, мегӯяд, ки хато кардааст. Вазорати молия ин гузориши нодурусти худро дар бораи фаъолияти «ТАЛКО» ба хатоҳои техникӣ ва омилҳои инсонӣ рабт додааст. 

 

Ғалат буд ё дурӯғ?

Инҷо саволе пеш меояд, ки чӣ гуна 1 вазорати калидии мамлакат фаъолият ва ҳисоботҳои Гиганти истеҳсолӣ ва Авангарди иқтисодиёти кишварро бо гузоришҳои ғалати худ зери суол мебарад ва бо ин ба имиҷи калонтарин корхонаи алюминии Осиёи Марказӣ зарбаи сахт намезанад? Ин суолест, ки ҷавобашро бояд аз Абдусалом Қурбониён-вазири молия бояд пурсид! Гузориши хатои Вазорати молия ба имиҷи ҶТ, ки солҳо гирдовар шудааст, маҳз пас аз ба бӯҳрон печидани 2 Бонки Гигант-Тоҷиксодиротбонк ва Агроинвестбонк, ки низ Вазорати молия бо онҳо сару кор дорад, бе таъсир нахоҳад монд ва инро бояд дар Ҳукумати марказӣ бештар аз мо донанд! Газетаи мардумӣ қаблан навишта буд, ки агар ҳатто он гузориш дуруст ҳам мебуд, Вазири молия сирри давлатиро фош кардааст, вале агар нодуруст аст, пас метавон ба вазире бовар кард, ки бо «хатои техникӣ» ва «иттилои нодуруст» ва носанҷида, фаолияти Авангарди саноати кишварро зери суол мекашад? Акнун ин суол ба Дастгоҳи Президенти ҶТ ва нахуствазири Тоҷикистон аст, ки сахт посухталабанд. Дар идома мо гузориши ҷадиди вазорати молияро дар бораи фаъолияти ТАЛКО барои солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016-ро бидуни иваз ва ё тағйир пешниҳод мекунем. 

Инак:

Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида (тавозуни корхона) ва дастрастшуда (маълумотҳо қисман ғайриаудитӣ мебошанд) фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” дар давраи солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 арзёбӣ гардидааст. Дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №191 «Масъалаҳои Заводи алюминийи Тоҷикистон» корхона ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» табдили ном карда, тибқи озмун таҳвилгари ашёи хоми толлингӣ ширкати Talco Management Limited таъин мегардад. Пас аз ин муҳлати шартнома дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2013, №165 ва аз 31.12.2014, №829 тамдид карда шуд ва дар соли аввали фаъолияти муштарак, яъне соли 2007 корхона ба нишондиҳандаҳои таърихии истеҳсолӣ ва молиявӣ ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли алюминийи аввалияро ба 419,1 ҳазор тонна расонид. (Аз рӯзи ифтитоҳи корхона (соли 1975) аз 12 иморати мавҷуда 10 иморати он фаъол буда, истеҳсолот ба чунин нишондоди таърихӣ бори аввал ноил гардидааст). Агар дар соли 2010 истеҳсоли алюминийи аввалия 348,8 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, дар соли 2015 ин нишодиҳанда ба 139,1 ҳазор тонна баробар гардид ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли алюминий 73,1 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли 2015 тақрибан 113%-ро дар бар мегирад. Баъзе аз сабабҳои асосии паст гардидани фаъолияти корхона дар солҳои буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, коҳиш ёфтани нарх ва талаботи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ, боло рафтани нархҳои ашёи хоми асосӣ аз ҳисоби тарифҳои роҳи оҳан, афзудани боҷи содиротии баъзе намудҳои ашёҳо, кам шудани теъдоди миёнаи электролизёрҳои амалкунанда, афзоиши коэффитсентҳои хароҷотии намудҳои асосии ашёи хом ва нерӯи барқ, инчунин омилҳои дигари манфии иқтисодӣ вобаста мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар давраи таҳлилӣ шумораи миёнаи электролизёрҳои амалкунандаи солона дар фаъолияти истеҳсолии корхона бо сабабҳои гуногуни объективӣ кам гардида, аз 801 адади дар соли 2010 амалкунанда дар соли 2015 ба 350 адад расидааст, ки 94 адади он нақшавӣ буда, 357 адади дигар дар солҳои 2011 – 2015 бо сабабу омилҳои садамавӣ хомӯш карда шудааст. Инчунин бояд қайд намуд, ки дар давоми солҳои 2010 – 2015 аз ҳисоби маблағҳои толлингӣ зиёда аз 665 ваннаи электролизии нав ба кор андохта шудааст. Чунон ки маълум аст, дар солҳои 2010 – 2015 бо сабабҳои объективию субъективӣ коҳиши истеҳсолот дар тамоми соҳаи алюминийи ҷаҳон ба мушоҳида мерасад. Яке аз нишонаҳои вазъияти душвор ва буҳрони соҳаи алюминий баста шудани панҷ корхонаи алюминийи Руссия шуда метавонад (Аз ҷумла: Корхонаҳои алюминийи Волгоград, Богослав, Урал, Надвоитский, Волхов). Инчунин, танҳо дар давоми солҳои 2014 – 2015 беш аз 35 корхонаи алюминийи Ҷумҳурии Халқии Чин низ бо сабабҳои зикргардида аз кор бозмонда ё истеҳсолотро бо таври назаррас коҳиш додаанд. Ба Ширкати Алюминийи Тоҷик дар баробари вазъияти буҳрони ҷаҳонӣ, инчунин омилҳои зерин низ боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли алюминий дар давоми солҳои 2010 – 2016 гаштаанд: 1. Соли 2011 бинобар ҷорӣ гардидани маҳдудият ба истеъмоли нерӯи барқ дар моҳҳои март ва апрел бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истеъмоли шабонарӯзӣ ба андозаи 1,5 млн. кВт/соат кам карда шуд, ки дар натиҷа 270 адад электролизёр ба таври ғайринақшавӣ аз кор боздошта шуд. Бо сабабҳои номӯътадил гардидани технология соли 2012 теъдоди электролизёрҳо нисбат ба моҳи январи соли 2011 ба миқдори 238 адад коҳиш ёфт, ки ин омил ҳам боиси таназзул ёфтани истеҳсолот гардид; 2. Ду садамаи калони технологии дохилисехии таҷҳизоти энергетикӣ боиси кам гардидани ҳаҷми истеҳсолот гардид, ки дар таърихи фаъолияти ширкат бори аввал ба амал омадааст. Хусусан, сӯхтани кабелҳои баландшиддат дар гузаргоҳ ва дар долони кабелгузар, ки боиси бекористии зиёди таҷҳизот гардид. Барқарор намудани он вақти зиёд ва маблағҳои калони молиявиро талаб намуд. Дар натиҷаи садамаҳо фаъолияти мӯътадили истеҳсолоти аноди пухта вайрон гардида, суръати раванди технологӣ поин рафта, сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда коҳиш ёфт. 

Қарзҳои дебитории корхона ба ҳолати 01.01.2016 маблағи 455,2 млн. сомониро ташкил дода, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маблағи мазкур ба 513,3 млн. сомонӣ баробар шуд ва афзоиши он асосан ба ҳисоби беқурбшавии қурби асъорӣ вобаста аст. 

Қарзҳои кредитории корхона бошад, дар санаи 01.01.2016 маблағи 2067,5 млн. сомониро ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда санаи 01.07.2016 дар маҷмуъ 2290,1 млн. сомониро дар бар гирифтааст. Бояд қайд намуд, ки нишондодҳои қарзи умумии корхонаеро, ки гардиши калони асъорӣ дорад, фақат дар охири соли пурра, саҳеҳ ва амиқ муқоиса кардан мумкин аст. Тағйироти қарзи кредиторӣ ба ҳисоби доллари ИМА чандон назаррас нест. 

Масалан, дар санаи 01.01.2010 қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 4,152 сомонӣ ва дар 01.07.2016 қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 7,7994 сомониро ташкил дод, яъне тағйири қурб дар ҳамин давра 187,8%-ро ташкил медиҳад. 

Ҳамин тавр, қарзи умумии (ҳам дохили ва ҳам берунии) кредитории ширкат бо ҳисоби доллари ИМА дар санаи 01.01.2016 маблағи 290,8 млн. доллари ИМА ва ин нишондиҳанда дар санаи 01.07.2016 маблағи 262,8 млн. доллари ИМА ташкил додааст ва аз он гувоҳӣ медиҳад, ки қарзи умумии ширкат аз сабаби фарқияти қурби доллари ИМА (девалватсия) нисбат ба пули миллии сомонӣ зиёд шуда, дар мавриди нишон додани он бо доллари ИМА қарзи умумии корхона, нисбатан коҳиш ёфтааст. Аз соли 2010 – 2015 андозҳои пардохтгардидаи ширкат 909 млн. сомониро ташкил додааст. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ андозҳо ба маблағи 59,3 млн. сомонӣ ҳисоб карда шуда, маблағи 51,6 млн. сомонӣ пардохт гардидааст. Бақияпулиҳои андозии ширкат тибқи ҳисоботҳои ҷорӣ ба санаи 1 июни соли 2016 маблағи 47,2 млн. сомониро ташкил медиҳад. Маълумоти пурраи аудитӣ дар сомонаи КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (http://talko.com.tj) оварда шудааст.

Эзоҳи 1. Шарҳ ва таҳлили фаъолияти истеҳсолӣ ва молиявии КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” қисман ғайрирасмӣ ва ғайри аудитӣ мебошанд, яъне нишондиҳандаҳое, ки аз соли 2014 то нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар боло дарҷ гардидаанд, аз санҷиши аудитӣ нагузаштаанд. (Ширкат уҳдадор гардидааст, ки дар давоми семоҳаи аввали соли 2017 аудити солҳои 2014-2015-ро пурра ба итмом расонида, натиҷаашонро дар сомонаи худ ҷойгир намояд).

Эзоҳи 2. Дар таҳлили пешакӣ, ки дар сомонаи Вазорати молияи моҳи августи соли ҷорӣ ҷой дода шуда буд, бо сабабҳои техникӣ ба иштибоҳ роҳ дода шудааст, ки боиси нофаҳмӣ ва хатои тасвирӣ мебошад. Аз ҷумла, дар таркиби даромади умумии корхона амалиётҳои воридотию содиротӣ нишон дода шудаанд, ки ба фаъолияти моливии корхона алоқамандӣ надошта, нишондиҳандаи вазъи молиявӣ шуда наметавонад. 

Эзоҳи 3. КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” аз соли 2005 инҷониб бо низоми толлингӣ (танҳо хизматрасонӣ дар коркарди ашёи хом) фаъолият намуда, бо ширкати Talko Management Limited аз соли 2007 шартнома ба имзо расонидааст. (Минбаъд ин шартнома бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №165 аз 30.03.2013 ва №829 аз 31.12.2014 ду маротиба тамдид гардидааст) 

Эзоҳи 4. Дар маълумотҳои пешакии дарҷгардидаи дар сомонаи Вазорати молия (бо иштибоҳи техникӣ ва омилҳои инсонӣ) омада буд: “даромади гирифташудаи корхона аз фаъолияти истеҳсолӣ (молиявӣ-иқтисодӣ) дар солҳои 2010-2015 (ва 6 моҳи соли 2016) маблағи 3,9 млрд. сомонӣ (1,6 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дода бошад, пас амалиёти мусбати бадастомада аз ҳисоби гардиши савдои хориҷӣ (танҳо содирот) маблағи 10,0 млрд. сомонӣ (2,7 млрд. доллари ИМА) ҳисобӣ карда шудааст. Тафовути байни даромади гирифташуда ва амалиёти савдои хориҷии корхона, яъне корхона дар ҳисоботҳои худ даромади (фоидаи) бадастомадаро аз ҳисоби гардиши савдои хориҷӣ, ки 3,8 млрд. сомонӣ (1,1 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад, нишон надодааст”, нодуруст ҳисобӣ шуда, ба савҳкорӣ роҳ дода шудааст. Бояд қайд намуд, ки баҳогузории молиявӣ дар хусуси ба инобат нагирифтани маблағҳои хариди молу ашёи толлингӣ дар хусуси ба даромади корхона ворид нагардидан ё нишон надодан маблағи 1,1 млрд. доллари ИМА воқеият надорад, чунки вобаста ба низоми толлингӣ арзиши моли воридшаванда танҳо дар ҳисобдории ширкати Talko Management Limited дарҷ мегардад.

 

СССР

Аз редаксия: Дар ин гузориш 2 ибора таваҷҷӯҳбарангезанд: Иштибоҳи техникӣ ва Омилҳои инсонӣ. Омилҳои инсонӣ чист мӯҳтарам Вазир? Шояд ҳасад ва бахилӣ ва тафаккури инфиродии манфиати шахсиро аз сирри давлатӣ ва имиҷи Давлат боло гузоштан бошад? Агар чунин аст, пас ҳатман «иштибоҳи техникӣ» мешавад, зеро техника бо инсон бастагӣ дорад. Сари мавзуъ бармегардем. Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase