Гурбаи обид, Шери намозхон, Гӯсфанди муқаддас

  • Душанбе, Дек 12 2016

Ракурси миллӣ-9

 

Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ? Биист!

Ғарра машав, ки гурбаи обид намоз кард...

Дирӯз 1 дӯсти бисёр замонавӣ ва ҳушмандам, тавассути Вайбер 1 наворе ба ман ирсол дошт, ки дар он гурбае бо тамомии атрибути исломӣ намоз мехонду мявввв мявввууу мегуфт, ҷои такбир ва салавот. Чун ба хандаи ману иддаоям, ки ҳаявон набояд намоз хонанд, ин привилегияи Инсон аст, сахт хафа шуд, ин матлабро лозим донистам ба нашр диҳам. Мо Метавонем!

Мушаки маснӯъи Fenix, мутааллиқ ба НАСА ИМА баъд аз паймудани 679 млн. км роҳи кайҳонӣ ба сайёраи Миррих расид… Дар кӯчаи Тамошотеппаи Кӯлоб баррае таваллуд шудааст, ки дар бадан навиштаи «Аллоҳ» дорад.

Барои роҳандозии Fenix ба кайҳон амрикоиҳо $420 млн харҷ карданд… Барраро 1 мулло бар ивази 2 мошини сабукрав харидор шуд.

Амрикоиҳо 10 сол аст, ки ба харидуфурӯши мавзеъҳои сайёраи Моҳ шурӯъ кардаанд ва аксарияти кулли амрикоиҳо кӯшиш доранд, мавқеъи бештареро дар ин сайёра ба даст оранд… Соҳиби бара онро нафурӯхт!

Эрони исломӣ бо вуҷуди пофишории Аврупову Амрико таҷоруби ҳастаиро аз сар гирифт… Дар Душанбе аз осмон барқе ҷаҳида фуруд омад ва дар наздики СИРКи давлатӣ дар замин «Аллоҳ» навишт. Мардум фавҷ-фавҷ ба дидани ин навишта мешитобанд.

Зан-кайҳоннаварди амрикоӣ барои парвоз ба Миррих омодагӣ мегирад…Духтари ҳамсоя маро аз хоби ноз бедор карда, бо ҳароси муфаххар тухмпораи истеъмолкардаашро нишон медиҳад, ки дар он «Аллоҳ» навишта шудааст…

Apple сарпарастии мошинҳои беронандаро шуруъ кард!...Дар Хуҷанд чашмони Худо аз осмон ба мардум менигаранд.

Амрикоиҳо гени дарозумриро кашф карданд! ...Дар маркази ш.Қурғонтеппа алафе рӯидааст, ки навиштаҷоти Аллоҳ дорад!!!

Элон Маск аз ширкати Hyperloop капсулае месозад, ки одамон тавассути он бо суръати 1300 км\соат, баландтар аз суръати садо аз 1 шаҳр ба дигараш ҳаракат мекунанд!... Дар деҳаи Ёгеди Дарвози Бадахшон мавзеъи исти чархболи Оғохонро симпеч кардаву ҳазорон нафар зиёрат меоянд...

Дар Амрико расадхонаи бузургтарин месозанд. Дар Тоҷикистон масҷиди калонтарин...

Мо ва амрикоиҳо муосирем. Дар арси 21 зиндагонӣ дорем. 

Шурӯъ аз қуруни мутавассит оё боре хондаед ва ё шунидаед, ки Рӯдакиву Сино, Саъдиву Ҷомӣ, Носиру Камол...перомуни тухмпораҳои «аллоҳ» нигошташуда, гову гӯсолае бо тамғаи «Аллоҳ» чизе гуфта бошанд? Намозхонии гурбаи обидеро, ки аз он шуруъ кардем, Ҳофиз танз мезад, ки «ғарра машав, ки гурбаи ъобид намоз кард…». Дар асри 21 дӯстам, ки хеле фарди «пешрафта-креатив» аст ба ман сужаи таҳрифии компутариро нишон дод (между прочем дар Айфони 7-аш!), ки шер «таҳорат» карда, намоз мегузорад. Ва ӯ бовар дорад, ки шер, гурба, маймун, хар, гов намоз мегузорад!!! Чаро? Ин суоли матраҳ аст, ки акнофи он шурӯъ аз ҳар индивиди соҳибмаърифати оддӣ то вузарову вукало бояд фикр кунад. Зеро онгуна, ки мӯд шудааст ва дар ҳар баромаде ҳам мешунавем «амнияти кишвар воқеан ҳам зери хатар аст!», зеро майдони аз шер (на шери намозгузор!) холиро рӯбаҳакони бесаводу бе маърифат, аммо соҳиби садои гӯшкаркунанда ва воъизини мутаассиб пур кардаанд. Куҷо шуданд муллоҳои таоруфии мо, сайиду эшонзодаҳои қаблӣ, ки илми диниву дунявӣ доштанду аз сафсаттапардозиҳое, ки сӯи равияи аблаҳия мебарад авомунносро, ҷилав гиранд? Чаро ҷои онҳоро пешвоҳои ҷиҳодӣ ва шайх-Тимурҳо гирифтаанд? «Свято место пусто не бывает», гуфтаанд русҳо ва ҳаққанду рост. Имрӯз, 5.12.2016, хабари сахте, ки шунидам ин буд, ки Ҳайдар Ҷамол-маъруфтарин пуштибони мазҳаби Ҳанафия дар Русия ва қораи СНГ фавтид. Акнун дар ин маҳдуда кӣ мазҳаби моро ҳифз мекунад? Чаро бо методи «ҷои салла-калла» муллоҳои таоруфиро низ аз минбарҳои масоҷид дур кардем? Фикр мекунед, хомӯшии нисбие, ки ҳоло дар ҷамъият ҳаст, воқеист ва мубаллиғони антиҳанафӣ фаолияташонро қатъ кардаанд? Хестед, ки хобед! Аз карнайи ҳар мошин садои «амри маъруф», «даъват ба ҷиҳод» бар гӯш мерасад, вале пасттарак ва мабод нафаре зид гап зад, дар 6 сония маҳкум ба «куфр» мешавад. Кор то ҷое расидааст, ки ҳар фарди андешапарвардаро «кофир» ҳукм мекунанд. Ин тоифа ҳамонеанд, ки мухотаби Ибни Сино будаанд:

«Хар бош, ки ин ҷамоъа аз фарти харист, 

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофараш мехонанд!» 

Ман хеле мутаассифам, ки ҷамъияти имрӯзаи мо ҳатто фанат ҳам нест. Ин ҷамъияти нонсенс аст ва дар равияи аблаҳия пеш меравад. Боре, дар намози ҷумъа, бо Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ саф задем ва кепкаамро чаппа кардам, то ҳини суҷуд халал нарасонад. Муллобашарае бар китфам даст заду гуфт: Кепкаатон сурати одам дорад, мумкин нест, мо аз паси шумоем. Ба ӯ гуфтам, о, ман худам низ одамам, пас аз паси одам чаро мехонӣ агар сурати хурде намозатро макрӯҳ кунад?!... Сӯҳробшоҳ то охири намоз хандид, вале он нафар гиря мекард, ки сурати кепкаи ман намозашро макрӯҳ кардааст...

Воқеан ҳам аудиторияи бузургтари воъизони мо ҳамин сегмент-тӯда аст. Амрҳои маъруф, ки саршор аз тарсу таҳдид ва фасонаву таассубанд, имрӯз ба таъбири мардумӣ сари одамонро вайрон кардаанд. Вагарна суратқимобӣ танҳо дар давроне роиҷ буд, ки санампарастӣ вуҷуд дошт. Ҳоло мо-ку мусалмонем ва медонем, он аксу буту санамҳои қавми қурайш дигар худо нестанд... Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро Сӯҳробшоҳ аз он посухи мантиқии ман механдиду дигарон не? Зеро мо бо садд гузоштан аз рафтани интеллигенсия ва кормандони давлат ба намози ҷумъа, масҷидро воқеан ҳам аз давлат ҷудо кардаву ба коми авомуннос ва мубаллиғини равияҳои ҷангӣ афкандаем. Агар Сӯҳробшоҳ мисли худ 6-7 зиёие дар бараш медошту аз танзи ман механдиданд, намояндаи равияи аблаҳия воқеан ҳам мулзам мешуд...

Нафаҳмидед чиро дар назар дорам? Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase