Дар нуқтаи фурӯши сузишвории соҳибкор Ҳоҷӣ Саидмаҳмуд Раҳимов, сокини ноҳияи Бохтар 1 мошини Дулан-ҳомили гази моеъ дар вақти холӣ кардани газ ба нуқтаи сузишвори таркидааст. Дар натиҷа НФС комилан хароб шуда, Дулан низ комилан ба коми оташ рафтааст. Шоҳидон ва сокинони атрофи нуқтаи фурӯши сузишвори дар ҷамоати Бустонқалъаи н.Бохтар мегӯянд, ҳангоми таркиш Дулан пурра сӯхта, вале талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Дар ин таркиш 2 хона, ки аз нуқтаи фурӯши гази моеъ 50 метр дур будаанд, бом ва тирезаю деворҳояшон зарар дидаанд. Давлаталӣ Раҳмонов-шоҳиди ҳодиса мегӯяд, чунон таркиш сахт буд, ки пораҳои Дулан 2 деворро сурох карда, хонаводаи ӯ ҳудуди беш аз 2000 сомонӣ зарари молӣ дидааст. Файзалӣ Эмомов, сокини дигаре, ки боми хонааш шикаста ва оҳанпораҳое аз мошини газкаши Дулан ба хонааш задааст, гуфт, ки сӯхтор аз соати 13 шуруъ шуд. Ин мард мегӯяд, мунтазири он аст, ки мақомот зарари хонаводаи онҳоро шуморад ва ҷуброн кунад. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати н.Бохтар мегӯяд, онҳо аз дирӯз корҳои тоза кардани атрофи ин нуқтаро дошта, ҳоло зарари расида ба мардум ва соҳибкорро нашумурдаанд.

Баҳодур Уроқов

СССР Қурғонтеппа

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase