БОЗГАШТИ ТОҶИДДИН ПИРЗОДА БА ТСБ

  • Сешанбе, Дек 13 2016

Тоҷиддин Пирзода Раиси раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» баъди 7 моҳи маъмуррияти мувақатии Бонки миллии Тоҷикистон, бо роҳбарии Мирҳаёт Ёқубов, дубора ба симмати роҳбарии ин бонк баргашт. Маъмурияти муваққатии аз ҷониби Бонки миллӣ ба ин муассисаи молӣ таъиншуда 18 декабри соли ҷорӣ кори худро ба итмом мерасонад.

 

Рӯзи 12 декабр роҳбари маъмурияти муваққатии бонк-Мирҳаёт Ёқубов, Тоҷиддин Пирзодаро ба кормандони «Тоҷиксодиротбонк»  муаррифӣ намуд. Моҳи майи соли 2016 Тоҷиддин Пирзода ва теъдоди зиёди мутахассисони ин бонк аз идораи «Тоҷиксодиротбонк» муваққатан барканор шуда, барои солим гардонидани вазъи молиявии ин бонк аз ҷониби БМТ маъмурияти муваққатӣ таъин шуда буд. 

Маъмурияти муваққатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷистон” ва ваколатҳои БМТ  фаъолияти худро ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда иҷрои нақшаи солимгардонии аз тарафи мутахассисони БМТ таҳия ва тасдиқшударо бояд таъмин  менамуд. 

Феълан тибқи хабарҳои расида, барои ба эътидол овардани вазъи молии  ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» 2 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст, ки тибқи фарзияҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешавад. Ҳамзамон фарзияе низ ҷой дорад, ки баъди ворид шудани кӯмаки молиявии номбурда, 80%-и саҳмияҳои бонк ба ихтиёри давлат мегузаранд.  ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон мебошад, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд. Моликони саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” 5 ширкат-“Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11% мебошанд. Мутаасифона то ҳол хабари дақиқ ҷиҳати аз куҷову бо кадом шартҳо ҷалб гардидани ин маблағ баҳри наҷоти бонки мазкур пахш нашудааст.

Тибқи иттилооти васоити ахбори умум, дар ҷаласае, ки Тоҷиддин Пирзода муаррифӣ гардид, изҳор намудаанд, ки маъмурияти нав дар мадди аввал ба пурра пардохт кардани амонатҳои мизоҷон  камар мебандад. 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase