Барқи дигар деҳотро ҳам кушед!

  • Душанбе, Дек 19 2016

Узви Ихвон-ал-СССР, Забир Собиров, сокини деҳаи Солеҳони шаҳри Ваҳдат бо телефони 903 04 62 09 ба СССР занг задаву гуфт, ки чаро дар деҳаи мо барқро ҳамагӣ дар 1 рӯз 2-3 соат медиҳанд? Масалан, бегоҳӣ соати 5:00 барқро дода, соати 8:00 хомӯш мекунанд, саҳарӣ аз соати 5 то соати 7 медиҳанд. Деҳаи мо, ки дар баландист, аз хона нигоҳ мекунем, дар деҳоти поён барқ ҳаст. Чаро аз ҳамаро баробар намекушанд? Ба идораи Барқи ноҳия занг мезанем, онҳо айбро ба гардани Ширкати Барқи Тоҷик мепартоянд. Охир, фармони президент дар соли гузашта буд, ки ба аҳолӣ бояд дар 1 рӯз 16 соат барқ дода шавад. Чаро фармони президентро иҷро намекунанд? Симчӯбҳои кӯчаи моро бояд тибқи 1 мактуби Ширкати Барқи Тоҷик аз соли 2012 иваз мекарданд, аммо симчӯбҳои пӯсида ҳоло ҳам тарсону ларзон истодаанд. Чаро фармони ШБТ иҷро намешавад?

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase