Редаксия супориш дод: Хуҷанд пар!!!

  • Панҷшанбе, Дек 22 2016

7.12.2016. Соат бо вақти Душанбе 17:00 дақиқа. Ба фурудгоҳи пойтахт меоям, ба расмиятдарории чиптаву бағоч ба хатсайри Душанбе-Хуҷанд оғоз шудааст ва ман низ, ки бо супориши редаксия озими ин шаҳри бостонӣ шудаам, аз паси мусофирон навбат мегирам. Бақайдгирии чиптаву бағоч ба парвозҳои дохилӣ, аз ҷумла, Хуҷанду Хоруғ ҳоло аз терминали қаблӣ сурат мегирад. Бе ҳаёҳӯй чиптаро қайд намуда бағочро месупорам ва пас аз тафтиши кормандони назоратии фурудгоҳ ба толори интизории пеш аз парвоз мегузарам. То вақти парвоз-18:00 ҳоло 40 дақиқа вақт дорам, гӯшаеро интихоб намуда, шумораи нави газетаамонро, ки то ҳол фурсати хонданашро надоштам, мекушоям.

 

Соат бо вақти Душанбе 17:45 дақиқа. Кормандони фурудгоҳ мусофиронро барои нишастан ба автобус даъват мекунанд. Савор шуда, ба назди ҳавопаймо меравем. «Мусофири Хуҷандрав ҳам бисёр!» - мегӯяд марде, ки дар паҳлӯям истода буд. Воқеан рост мегуфтааст, мусофир бисёр, ҳавопаймои Боинги ширкати «Сомон Эйр», ки ин парвозро анҷом медод, пур. Пештар фикр мекардам, ки бо назардошти нархи гарони чипта,-320 сомонӣт, мардум ба тайёра намешинанд, вале ин фикрам ботил будааст! Шояд мардум обу ҳавои рӯзҳои охирро дида, аз нияти сафар тавассути нақби «Истиқлол» даст кашида, майл ба сӯи парвози гарон, вале кӯтоҳу амнтар карда бошанд!? Дигаронро намедонам, лек ман 2-юмиро интихоб кардам!

Соат бо вақти Душанбе 18:10 дақиқа. Пас аз ҷобаҷо шудани мусофирон ва имкони нишаст додан ба ҳавопаймои дигаре, ки фуруд омад, Боинги мо низ чархҳояшро аз замин баланд кард. Паридеееем!

Соат бо вақти Бӯстон 18:50 дақиқа. Расо пас аз 40 дақиқа ҳавопаймо дар фурудгоҳи ш.Хуҷанд нишаст. Парвоз ин маротиб каме душвортар гузашт, бо сабаби бад будани ҳаво ва абрҳои тира, Боинги мо хеле ҷумбид, лек лочинони таҷрибадор тавонистанд долони хатарноки ҳавоӣ-зона тумбурлентностиро бидуни эҷоди мушкил барои мусофирон ва худи тайёра паси сар намоянд. 

 Лимити барқ ва маҳаллаҳои торики Ғафуров

Соат бо вақти Хуҷанд 19:10 дақиқа. Бағочро гирифта берун мебароям. Ҳавои Хуҷанд боронист ва новобаста аз ин саҳни фурудгоҳ хеле равшан, чароғон ва зебо ба назар мерасад. Бо ҷиянам, ки барои пешвозам омадааст, ба мошин нишаста, сӯи ҷамоати Ёваи н.Б.Ғафуров роҳ мегирем. «Тезтар то хона расем, вагарна соати 21 барқро хомӯш мекунанд!» ҳар замон таъкид медорад ҷиянам. 

Соат бо вақти Ёва 19:45 дақиқа. Ба хонаи бибиям мерасам. Ҳар маротибае, ки ба Хуҷанд меоям, бояд ҳатман дар хонаи бибиву бобоям истам. Пас аз саломуалейк бобоям таъкид медорад, ки агар хоҳам, ки холаву тағоямро рафта бубинам, пас ин корро бояд то соати 21 анҷом диҳам. Ман низ зуд либос иваз намуда, аз рӯи реҷаи барқ, дар муддати 30 дақиқа рафта хешутаборро, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ доранд, хабар гирифта, расо соати 20:55 ба хона медароям. Соати 21:03 барқ хомӯш мешавад: ЛИМИТ то соати 5-и субҳ! Ҳоло зиндагии мардуми ин маҳал низ аз рӯи реҷа ва меъёри қувваи барқ шуда, ҳар коре доранд аз соати 5 то 8-субҳ ва шом аз соати 18 то 21 анҷом медиҳанд, дар дигар вақт деҳот хомӯшу сокит асту мардум гирди сандалӣ.

Соат бо вақти Ёва 21:30 дақиқа. Бо ҷиянам ба мошин нишаста ба кӯчаи марказии ҷамоат  мебароем: Атроф тип-торик! Оҳиста-оҳиста ҳаракат карда қариб 5-6 км меравем, ҳама ҷо торик, на ягон мағозае кор мекунад, на ягон дӯкон. Равшаниро танҳо дар автовокзали ш.Хуҷанд мебинем: дар Хуҷанд барқ ҳаст! Аз мағозае харид карда, ба Ёва бармегардем. Хуб, ки печкаҳои бобоӣ ҳасту метавонем дар оташи дарахти зардолу гарм шавем ва бихобем.

 Дар меҳмонии «Бонки Эсхата»

08.12.2016. Соат бо вақти Хуҷанд 9:00 дақиқа. Дар дафтари марказии ҶСК «Бонки Эсхата», ки дар ш.Хуҷанд воқеъ аст, қарор дорам. Пас аз чанд лаҳза маро Хуршед Носиров-раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» ба утоқаш даъват мекунад. Мо бо эшон, ки яке аз тоҷирони муваффақи кишвар асту сазовори раъйи бештари мардум дар лоиҳа-озмуни Газетаи мардумии СССР «25 тоҷири муваффақи 25 соли истиқлоли Тоҷик» гаштааст, сари мушкилоти бонкҳо, боварии мардум ба бонкҳо, барномаву амалиётҳои зиддибӯҳронӣ сӯҳбат мекунем. Баъдан, ба Хуршед Дипломи махсусии Газетаи мардумии СССР ва тӯҳфаи рамзии идораро супорида, эшонро бо ин интихоб табрик гуфтам. Мавсуф низ дар ҷавоб аз ин иқдом ва лутфи ҳайати эҷодии газетаи СССР бо изҳори сипос таъкид кард, ки ҶСК «Бонки Эсхата» ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо журналистон буда, ҳеҷ гоҳ зидди танқид нестанд, агар танқид созанда бошад! Мо ҳам танқид мекунем ҳам таъриф, зеро мо газетаи мардумием ва пешравиҳоро низ мебинем. Мо метавонем!

 «Панҷшанбе»-бозори холӣ

Соат бо вақти Хуҷанд 10:00 дақиқа. То вақти парвози баргашт ба Душанбе фурсат зиёд аст, аз ин рӯ, тасмим мегирам аз бозори машҳури «Панҷшанбе» ва мағозаҳои маркази шаҳр дидан кунам. Дар бозори «Панҷшанбе» ин вақт фурӯшандаву харидор хеле кам ба назар мерасад. Шояд ба хотири он, ки борони шадид борида боди сахту сард имкон намедиҳад, ки ҳатто нафас бикашӣ. Растаи дӯстдоштаи ман-нонфурӯшӣ ҳам имрӯз камодам аст, танҳо чанд мизу аробае гузошта ба рӯяш нон мондаанд. Қаблан ин раста пур аз нонҳои гуногун буду аз бӯй ва сурхии нонҳо оби даҳони кас шорида иштиҳо қозгир мегашт. Растаи қурутфурӯшӣ ҳам холӣ буд, фурӯшандаи лоли прянникҳои машҳури Чкаловск, ки дӯконаш назди даромадгоҳи марказии бозор аст, дар чунин рӯз ба бозор набаромада буд. Хулоса, бозори нимхоливу камхаридорро ёфтам ва ҳаваси гаштугузор низ аз байн рафт. Бӯи дуди шашлики ҳақиқии «хуҷандӣ» низ иштиҳоямро накушод, пеши худ гуфтам, ки дар Душанбе шашлики хуҷандӣ беҳисоб аст. 

 «1 пас дам гифта исто!»-и Марямхон

Соат бо вақти Бӯстон 16:30 дақиқа. Дубора ба фурудгоҳи ш.Хуҷанд бармегардам, то бо парвози соати 18:00 бояд ба Душанбе баргардам. Новобаста аз он ки ҳавои сарду пурбориш нагузошт хуб сайругашт намоям, аммо аз он ки супориши редаксияро иҷро намудам, розӣ будам (Бояд Дипломи газетаи мардумиро ба тоҷири муваффақи Хуҷанд месупурдам!). Дар фурудгоҳ чиптаро ба қайд гирифта, бағочро супорида, нахустин шуда ба толори интизорӣ гузашта нишастам. Ҷавонмарди ҳампаҳлӯям сурудеро такрор ба такрор мегузошт, ки онро тӯли рӯз дар Хуҷанд қариб 10 маротиба шунидам. Суруд ба сарояндае бо номи Марям тааллуқ дошт, ки бо сабки халқӣ суруда шудааст, сароянда низ хеле зебову ҷаззоб буда, бо табассуму абрӯпаронӣ шунавандаву бинандаро мот мекунад. Аммо! Ин суруде, ки ӯ онро қариб 5 дақиқа мехонад ва он ҳоло дар Хуҷанд ба қавле хит шудааст, на вазн дорад, на маъно! Матни суруд лаҳҷавӣ ва кӯчагӣ буда, аз завқи пасти ҳам сароянда ва ҳам нафароне, ки дар эҷод, сабт ва пахши он ширкат кардаанд, дарак медиҳад. Ман аз шунидани чанд мисраи ин суруд ба ғазаб омадам, вале ҳамроҳам ва на танҳо ӯ, балки нисфи мусофирони дар толор буда, завқ карда, кайфият мебардоштанд…

«Дасти чапу ростба равим, миёная гаранг куним

Ту усто-мӣ ман усто-мӣ, 1 пас дам гифта исто!

Оши палова худа пеши дарба рос исто!

Шунидагиҳо ҳангба, девори кундалангба…» 

Ин суруд-хити Марям буд, ки дар ҳавопаймо низ садо медод ва ман то ба Душанбе хоҳ-ноҳох онро қариб 10 бор гӯш кардам. Ҳоло паст шудани завқи мардуми Хуҷанд 1 тараф, дилам ба ин қадар маблағи зиёд барои сабти клип, либосу ороиш, оҳангбандӣ, аранжировка ва навори он сӯхт. Шунидани чунин суруди бемаъно ва фач аз чунин духтари зебову париваш ғайриқобили қабул буд. 

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase