Вазорат: «Уралские авиалинии»-ро манъ накардаем!

  • Душанбе, Дек 26 2016

Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти ҶТ мегӯяд, парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Уралские авиалинии»-ро бархе аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон манъ накардааст. Коршиносони Раёсати авиатсияи граждании вазорати нақлиёти кишвар мегӯянд, ки қатъи парвозҳои ин ширкати номбурдаи русӣ тасмими охирини ҷониби Тоҷикистон пас аз ба ифоқа нарасидани тарафҳо дар баҳси ҳавоӣ хоҳад буд. Бояд қайд намуд, ки то ба ҳол кори комиссияи музокиротии Тоҷикистону Русия вобаста ба мушкилоти ҳавоӣ ва парвозҳои ширкатҳои «Сомон Эйр»-у «Ямал» ба 2 кишвар дар ҳоли баррасӣ қарор дошта, ҳалли хешро наёфтааст. Қазияи манъи парвозҳои ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «Ямал» аз рӯзи 22.12.2016 пеш омада Русия аллакай парвозҳои ширкати Тоҷикиро ба 4 шаҳри кишвараш ба таври муваққат манъ кардааст. Вале ҷониби Тоҷикистон дар ҷавоб парвозҳои ягон ширкати ҳавопаймоии русиро қатъу лағв накарда парвозҳои ширкати «Уралские авиалинии» айни замон бидуни ягон монеа ва мушкилот аз фурудгоҳи Душанбеву Хуҷанд фурӯд ва парвоз карда истодаанд.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase