Баъди ҷашн гирифтани соли нави мелодии 2016 дар н.Мастчоҳ овозаю ҳангомаҳо чунон баланд шуд, ки гӯё дар ноҳия ба муносибати 60-солагии аз худ кардани дашти Дилварзин ҷашни бодабдабае бо ширкати раисони боло барпо мешавад. Корро аз кандани манораи ёдгорие, ки ба хотири дӯстӣ гузошта шуда буд, оғоз намуданд. Ба ростӣ ҳама дар ҳайрат монда, ки чаро онро мекананд? Баъзе гумон доштанд ва тасалло медоданд худ ба худ, ки аҷабе, дар ҷояш боз манораи боҳашамате мегузоранд, аммо андешаҳои мо хом баромад. Манора, ки қариб аз масофаҳои дуродур намоён буд, ба ҳусни шаҳрак ҳусни дигаре мебахшид, хело зебо буд. Дар тори сари он тоҷи нуқрагин, аз боло ба поён катибаи «Дӯстӣ» намоён, дар қисми поёнӣ бошад давраи калон бо кабутарони сафед гачкорӣ шуда рамзи меҳрубонии моро таҷассум менамуд. Акнун дар ҷои он даврае сохта бо чимҳои бесифат пушонда шудааст, ки ҷои истироҳати сагҳои дайду гаштааст. Дар яке аз кӯчаҳои марказии ноҳия, ки ҳоло номи С.Шарифовро дорад, аз хонаи маданият то охири он, дар 2 тарафи роҳи пиёдагард дарахтҳои ороишӣ, арчаҳои 25-30 сола қомат афрохта, ҳусни хиёбонро дучанд зебо менамуд. Дар гармӣ зери онҳо мардум дам гирифта, роҳат мекарданд. Намедонам онҳо аз рӯи кадом лоиҳа пурра решакан шуда, дар ҷояшон боз арча шинонданд. Ба пиндорам, ин роҳи пулшӯӣ буд?

Зикриёи Дилшод,

н.Мастчоҳ, деҳаи Палдорак, тел: 92 766 07 45

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase