Таксиронҳоро маҷбурӣ обуна накунед!

  • Сешанбе, Янв 03 2017

Дуруд, СССРи гиромӣ! Искандар Абдуллозода-яке аз ҷонишинони раиси шаҳри Қӯрғонтеппа бо кормандони андоз ва БДАи шаҳр доим бо ҳар баҳона ҳуҷҷатҳои ронандагони таксиҳои шаҳрро мегиранд ва маҷбур мекунанд, ки ба ягон газета обуна шаванд. Мисол: Рӯзи 22.12.2016 Абдуллозода рӯ ба рӯи «Кохи Ватан» ҳуҷҷатҳои таксиронҳоро гирифта, «ба газет обуна шавед!» мегуфт ва мардумро сарсон медошт. Агар ошкор гап занем, дар шаҳр ва берун аз он чандин сол боз нақлиёти мусофиркаш мавҷуд нест. Ронандагони таксӣ бо мошинҳои шахсияшон солҳои зиёдест дар хизмати мардуманд. Бояд Ҳукумати марказӣ хизмати таксиҳоро ба назар гирифта, ба онҳо имтиёз бидиҳад. Аз тарафи дигар, мақомот беҳуда ба таксиҳо кордор нашавад!!! Кадом вақте ки нақлиётҳои давлатӣ дар хатсайрҳои мусофиркашонӣ фаъол шаванд, ана ҳамон вақт ҳаракати таксиҳои шахсӣ маҳдуд карда шавад. Зеро ин аз рӯи инсоф нест. Ҳоло одат шудааст, ки 10-15 рӯз пеш аз ҳар иду ҷашнҳо мақомоти дахлдор ба «шикор»-и таксиҳои шахсӣ баромада, рӯирост дар назари мардум пул меситонанд. Бо ин амал 100% обрӯи мақомотро мерезонанд!

Асадуллои Бохтарӣ,

Узви Ихвон-ал-СССР, н.Бохтар, тел: 98 703 57 73

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase