БДА Қӯрғонтеппа зидди интизом?

  • Ҷумъа, Май 26 2017


8 май дар хиёбони Ваҳдати ш.Қӯргонтеппа бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ аз назди Кохи Ватан то майдони И.Сомонӣ роҳпаймоии идона сурат гирифт. Нигоҳам ба кормандони БДА афтид, ки назди ошхонаи «Мадина» рақамҳои давлатии нақлиёти 2 канори роҳро мечиданд. Зоҳиран ронандаҳо дар бозору дӯконҳо пайи кори хеш саргардон буданд. Ҳадаф маълум: бояд соҳибони нақлиёт баъди чанде пайдо шуда думболи рақами нақлиёт гаишникҳоро биҷӯянд ва бо тавалло ё шояд пардохти ҷарима аз мушкил раҳо ёбанд. Гӯё ин амали ронандаҳо ҳуқуқвайронкунӣ бошад. Аввалан, иштирокчиёни роҳпаймоӣ ба ҳадде зиёд набуд, ки нақлиёти канори роҳ монеъи қадамзании онҳо шавад. Баъдан, агар нақлиёт мондан канори роҳе, ки аз он «парад» мегузарад, хилофи қонун бошад, пас чаро БДА манъи ҳаракат ва таваққуф дар хиёбони мазкурро 1 рӯз пеш тариқи ТВ ё радио эълон накард? Ин низоми кор дар ҳама шаҳрҳо ҷорист. Аз барои савоб магар намедонед, ки ронандаҳои бечора фолбин нестанд, то бидонанд, фардо хиёбон дар ин вақту соат барои роҳпаймоӣ лозим мешавад. Магар иштибоҳи масъулону кормандони БДАро ронандаи бечора ҷуброн кунад? БДА-и Қӯрғонтеппа кай озору азиятро бас мекарда бошад?


Марҳабо Рамазонзода,
журналист

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase