Эмоми Аъзами Сӯфии Кӯфӣ раҳматуллоҳи алайҳ шаби 27-ро ихтиёр кардаанд...

Бо қарори Шӯрои уламои фиқҳи Тоҷикистон, имрӯз, шаби 21-22 июн мутобиқ ба шаби 26 ба 27-уми Моҳи Мубораки Рамазон, Лайлатулқадр фаро мерасад. Тамомии хонандагон, аъзои Ихвон ал СССР ва дӯстону (ҳатто) душманонро бо фарорасии Шабе, ки бузургтару муқаддастару писандидатар аз 1000 моҳ аст, табрик мегӯем. Ва инак чанд шарҳе роҷеъ ба Лайлатулқадр.

Маънии лайлатулқадр
Қаблан бубояд гуфт, ки ин шом Таровеҳро аҳли эътиқод бо нидои «Алвидоъ ба моҳи шарифи Рамазон» мегузаронанд:
Алвидоъ, алвидоъ, ё шаҳрар-Рамазон, алфироқ, алфироқ, ё шаҳра таровеҳи ва тасобеҳи вал хатм-ул Қуръон...
Дар баёни фазилати шаби қадр:
Овардаанд, ки дар лайлатулқадр ҷамиъи умурот ва ҳукумоти илоҳӣ аз ин сол то соли дигар таслим аст ба 4 фариштаи муқарраб, чунончи Дафтари раҳмат ва Дафтари азоб ба Ҷабраил (а) мусаллам аст ва Дафтари арзоқ ва Дафтари наботот ба Микоил (а) ва Дафтари борон ва Дафтари бодҳо ба Исрофил (а) ва Дафтари қабзи рӯҳ ва аҷали махлуқот ба Азроил (а) таслим аст.

Нозил шудани Қуръон дар лайлатулқадр
Парвардигори раббулиззат мефармояд, ки дар ин шаб ҷудо карда шавад ҳар амре, ки ҳукм шудааст дар ин сол аз барои махлуқот, аз ризқу аз аҷал.
Гӯянд, ки лайлатулқадр 9 ҳарф аст. Оллоҳ таъоло лафзи лайлатулқадрро 3 бор дар сураи «Инно анзално фи лайлатулқадри» ёд кардааст. 9х3=27. Яъне он, ба таҳқиқи уламои бештар, 27-уми Рамазон аст. Сабаби пинҳон доштани ин шаб дар он аст, ки мусулмонон ҳама шабҳои Рамазонро бо тоату ибодат эҳё кунанд.
Овардаанд, ки дар шаби қадр ихтилоф кардаанд. Баъзе аз уламо гуфтаанд, ки шаби қадр аввали моҳи Рамазон аст. Гурӯҳи дигар гӯянд, ки шаби 17-уми Рамазон аст, бархеи дигар бар онанд, ки дар даҳаи охири Рамазон аст. Аммо саҳобагон ва муҷтаҳиддин иттифоқ доранд, ки шаби қадр шаби 27-уми моҳи Рамазон аст. Боязиди Бастомӣ раҳматуллоҳи алайҳ гуфтааст, ки дар тӯли умрам 2 маротиба шаби қадрро ёфтам. Ҳар 2 бор дар шаби 27-уми моҳи Рамазон буд. Имом Шофиъӣ раҳматуллоҳи алайҳ 21 ва 23-уми моҳи Рамазонро мегӯяд.
Эмоми Аъзами Сӯфии Кӯфӣ раҳматуллоҳи алайҳ шаби 27-ро ихтиёр кардаанд.
Мурод дар он шаб аз бедорӣ нест, балки ибодати Худост. Қадр зиёд аст. Ҳар касе кӯшишу ҷаҳд намуда, шабҳои Рамазонро ба тоат гузаронида, корҳои некӯ кунад, иншоллоҳ шаби қадрро хоҳад ёфт.
Эй хоҷа, чӣ ҷӯӣ зи шаби қадр нишоне,
Ҳар шаб шаби қадр аст агар қадр бидонӣ!

Дар баёни сураи Қадр
Аузубиллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим, бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим. Инно анзалноҳу фи лайлатилқадр, ва мо адро каммо лайлатулқадр, лайлатулқадри хайрум мин алфи шаҳр, таназзалул малоикату ва-р- рӯҳ, фиҳо биизни раббиҳим мин кулли амр, саломун ҳийя, ҳатто матлаъил фаҷр.
Худованд мегӯяд:
-Мо Қуръони Каримро дар шаби қадр нозил кардем!!!
Муфассирини ъизом бар онанд, ки Қуръони Карим аз лавҳулмаҳфуз дар шаби 27-уми Рамазон бар осмони аввал, ки болои мову шумо истодааст, оварда шуд. Дар ҳаводиси гуногун, дар ҳаёти ҷаноби Пайғамбар, баъди 40-солагишон, дар давоми 23 сол ва тавассути Ҷабраили амин ба гуселонидани ҳазорон ҳазор малоик Худованд Қуръонро ба замин фуруд овард.

Сдақаи Фитр
Бештари мусалмонон сар аз ин рӯз то шуруъи намози Ид садақаи фитр медиҳанд. Ҳарчанд дар тамомии моҳи Рамазон додани Фитр равост. Фитр чист?
Ҳар мусулмони озодро хоҳ мард бошад, хоҳ зан, агар аз ғайри ҳоҷати аслӣ 2000 тангаи нақд ё асбоб дошта бошад, садақаи фитр додан воҷиб мешавад. Ҳамзамон мусалмонро барои ғуломонаш, барои фарзанди сағираш агар бемор бошад, садақа доданаш воҷиб аст. Агар фарзанди сағираш молдор бошад аз моли худаш додан воҷиб мешавад. Аммо барои зану фарзандони кабираш ва барои хизматгорони ғайри ғуломаш садақа додан воҷиб нест. Агар инҳо молдор бошанд, садақа додани худашон воҷиб аст. Бар шахси девонаи молдор низ садақа воҷиб мешавад. Аз моли девона васияш медиҳад, оне ки моли ин девона дар дасти ӯст.
Садақаи фитр ба аввали субҳи ид воҷиб мешавад. Бинобар ин ҳар тифле, ки шаби ид таваллуд ёбад, барои он садақа додан воҷиб мешавад. Ва ҳар касе ки пеш аз субҳи ид фавтад, ё баъд аз субҳи ид мусулмон шавад, ё тифле, ки пас аз субҳи ид таваллуд ёбад, бар инҳо садақа воҷиб намешавад. Ҳар касе, ки садақаашро пеш аз субҳи ид ё дар даруни моҳи Рамазон дода бошад, адо меёбад. Лекин баъд аз субҳи ид ва пеш аз намози ид додан мустаҳаб аст. Агар то хондани намози ид садақа надода бошад, соқит намешавад. Баъд аз ид доданаш воҷиб аст.
Садақаи Фитр бар нотавонон, барҷомондагон ва ниёзмандон равост, вале агар бар муллое, ки аз пасаш 1 моҳнамоз гузоридааст, дода шавад, айни савоб аст, зеро аксарияти муллоҳои мо ниёзманданд.

Дуъои газетаи мардумӣ
Ба номи он, ки дил кошонаи Ӯст,
Нафас гарди матоъи хонаи Ӯст!
Худо тавбаву истиғфор, рӯзаву тасбеҳу таровиҳу намоз, садақаву фитру закот, оҷизона тоабу ибодат ва парҳези тамомии Тоҷикон ва ҳар нафареро, ки ҳамин ҳоло, ҳамин дуъоро мехонад, дар ин Моҳи Хоси Худаш, бо ҳама камбуд, қабул намудаву пурраву комилу ғанӣ гардонида, дар номаи аъмоли мо навишта созад ва ҳамаи моро фардо рӯзи қиёмат аз нури ҷамолаш насиб гардонад. Омин ё раббулоламин!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase