Иди Рамазон омаду  моҳи  Рамазон рафт,
100 шукр, ки ин омаду  100 ҳайф, ки он рафт...

Боби 1: Диктатураи хатибон

Бетамизиҳои одам дар  сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз агар лаб  во кунад, расво шавад!
Рӯзи ҷумъаи 16.06.2017, ки аккурат, даҳаи раҳоӣ аз оташи дӯзах шуруъ шуд, бо гурӯҳи дӯстон-Диловару Самариддину Файзиддин ба намози ҷумъа, ба масҷиди ҷомеъи деҳаи Озодии Занони н.Рӯдакӣ рафтем. Чун аз дари масҷид ворид мешудем, хатиб бо 1 садои хашин ва хеле гӯшкаркунанда мавъиза мекард. Акнун хулосаи он мавъизаи тумтароқу дурударозро меорам: Нафаре хоб мебинад, ки фалонӣ аҳли биҳишт аст ва мераваду бо ӯ шинос мешаваду мепурсад ту кистӣ ва чӣ кори неке кардаӣ ва ун-ОТАШПАРАСТ (арабҳо ин тамғаро танҳо бар ҷадди мо мебастанд), мегӯяд чанд кори нек: аввал 4 духтарамро ба 4 писарам, яъне хоҳаронро ба акаҳояшон издивоҷ бастам (ҳоло нахандед, аблаҳизм дар пеш аст!), дуввум, духтари хурдиямро, ки зеботар буд, худам гирифтаму ҳар шаб масъалаашро...ҳал мекунам (он хатиб бе ягон азоби виждон дар ин бора «мавъиза» мекард!)... ва ахиран, шабе чун аз болои духтари хурдиям хестам (маъзарат, аммо мулло ин ҳамаро бо смак мегуфт охир!), зани мусалмонеро дидам, ки кӯдаконаш дар Рамазон гуруснаанду ба онҳо 1 табақ ғизо додам ва...бо ин хайр гӯиё ун оташпараст рост ба Биҳишт рафтааст!!!!!!!
Инро дар илми таблиғ ташдиди гуноҳ мегӯянду таблиғи бахшиши Аллоҳ. Аммо чунин мавъизаи хом ва бе маънӣ ва он ҳам дар Рамазон оё таблиғи шаҳватпарастӣ ва умқи аблаҳӣ нест? Мабод, 1% аз ин 2-3 ҳазор намозгузор андеша кунад, ки рафта чунин кор ҳам кунему бо 1 табақ биҳишт равем, бок нест, гӯри чунин воизин намесӯзад? Кумитаи Дин бояд чунин муллоҳоро аз элаки навбатӣ гузаронад. Бояд мавъизаҳои хутабо, ки усулан аз кадом адабиёти фашистии араб гирифта мешаванду зидди фарҳанги аждодии мо равона шудаанд, пеш аз садо додан, мавриди баррасӣ қарор гиранд. Мо Метавонем!
Воқеан ҳамин мулло мегуфт, чанд нафарро дидам, ки ҳини хондани Хутба пинак мераванд-таҳорати нав кунанд, ки намозашон қабул нест. Айни мавъизаро дар масҷиди Яккачанор борҳо шунидаам, ки хатиб мегуфт, бачаҳое, ки дар саф сарашон аз ман пеш ба саҷда мерафт-намозашон раво нест!
Кӣ ба инҳо ҳуқуқ додааст, намози фарди мусалмонеро, ки зери 40-45 дараҷа гармӣ саф задааст, ҳаром, макрӯҳ ва ноқобил ҳукм кунад? Магар хутабои мо (1000 тавба) бо Худо маслаҳат мекунанд дар масҷидашон? Мардумро мешӯронанд ин хутабо, ҳазрати муфтӣ ва раиси Кумитаи дин. Чора бинед, чу кор аз кор нагузаштааст...


Боби 2. Андар баёни ид ва дастурхон

Рӯзаро гар ҳаст пеши  аҳли олам иззате,
Пас чаро аз рафтани он  ид бар мардум шавад?
Борҳо гуфтаам, бо фанатизм тавассути секуляризм ҳарб намекунанд. Микрофони Озоде, ки телевизиони мо таъсис додааст, ҷои антихароҷотӣ гардидан, антихудоӣ шудан дорад. Мегӯед на? Пас чӣ маъно дорад, сухани чанд зани бе саводро пахш кардан, ки дархост доранд, Иди Рамазону Қурбон манъ карда шавад? Гӯиё ин авратҳо дар фикри раҳоӣ аз хараҷу мараҷи Тоҷикон будаанд. Ва ба пиндори ишон гӯиё манъи идайн болои 18 млрд сомониву 1,5 млн сар чорвои ҳифзшудаи камбизоатон (омори шубҳабарангезтарин!) боз сарвати мардумро ҳифз хоҳад кард?! Аммо нонсенси Микрофони Озод ин аст, ки ҷои манъи дастурхонороӣ бонувони актив чун булбул месароянд, ки Ид манъ гардад. Ба занҳои бо ва бе...савод коре надорем. Вале оё масъулин намедонанд, ки ин Идҳоро Худо муайян кардааст? Магар дар ин шабу рӯзи ҳассосе, ки душман дар камин аст, чунин саҳву хато ба осиёби экстремизм обрезӣ нест? Ещё как ҳаст!


Боби 3. Андар баёни  нарху наво
СССР ҳар Рамазон, дар ҳар шумора «паразит»-ҳои бозор, қаллобу ҷаллобонро мезанад. Аммо дар ин Рамазон иллати болоравии нарх онҳо нашуданд! 4 шумора  шуд бонги изтироб мезанем, ки соҳибкорони ватанӣ пиёзу картошкаро «оптом» аз сари полез харидаву ба Қирғизистону Қазоқистон мекашанд ва агар мақомот хоҳад, дар 1 рӯз карантине дар нақби Истиқлол гузошта, Камазҳоро бозпас мегардонаду дар 2 рӯз нархҳо ба танзим медароянд. Паси ин бизнеси бузург, ки мамлакатро хароб, мардумро нороҳат ва маҳсулоти аввалияро дефитсит кардан дорад, кадом пулмасте меистад, ки мақомот садди роҳаш шуда наметавонанд? Ҳаллу фасли одилона ва оҷилонаи нарху навои бозор посух ба ана ҳамин суол аст, хонандаи гиромии ман. Масъулин набояд паси изҳороти «иқтисоди бозорӣ», «харидуфурӯши озод» ва «рушди экспорт» пинҳон шаванд. Дар тамомии олам маҳсулоте экспорт мешавад, ки зиёдатист. Ҳиҷ давлат маҳсулоти дефитситро экспорт намекунад!!!


Боби 4. Ид муборак!!!
Бо ин ҳама ситами қаллобон, гаронии нарху наво, камии маош, тиҳигии дастурхон, гармии аз ҳадд беш, парҳези 17-18 соатина, масоҷиди пури одам (бигзор ҳатто аз паси домуллоҳои сафсаттагӯ), тавбаву тақво...воқеан ҳам миллати ман биҳиштӣ аст. Ҳукм албатта аз Болост, вале дили ман гувоҳӣ медиҳад, ки тавбаву парҳезу рӯзаву тасбеҳу таровеҳи ҳар яки мо аз сӯи Ӯ мавриди қабул қарор мегирад.
Идат муборак, хонандаи гиромӣ ва узви Ихвон ал СССР. Худо бар туву хонадонат баракати иброҳимӣ насиб гардонад. Омин!
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase