Фоли деҳқон: Чаро картошка қимат шуд?

  • Панҷшанбе, Июн 29 2017


Картошка дар ҳамаи ноҳияҳои кишвар парвариш ёфта, дар баъзе ноҳияҳо, аз ҷумла, Лахшу Деваштич то 100.000 тонна истеҳсол мешавад. Баҳору тирамоҳи с.2015 хело хуб омад. Деҳқон аз паси меҳнати ҳалол ҳосили фаровон ба даст овард. Дар ин давра 1 кг картошка дар деҳот 1 ва 1,30 сомонӣ арзиш дошт, ки онро соҳибкору тоҷир дар бозорҳо 1,5-1,8 сомонӣ мефурӯхт ва ба ин касе эътироз надошт. Ин 1 низоми нисбатан адолатнокеро ба вуҷуд оварда буд, ки «ҳам лаъл ба даст омаду ҳам ёр наранҷид». Мутаассифона, ин низом аз тарафи соҳибкору корчаллонҳои ватанӣ вайрон карда шуд. Онҳо аз охири с.2015 то моҳҳои майи с.2016 аз давлати ҳамсояи Покистон ба андозае картошка ворид карданд. Дар натиҷа, нархи картошкаи ватанӣ ба 60-70 дирам фаромада, харидор наёфт. Ин зарбаи сахт ба деҳқону кишоварз шуда, садҳо тонна ҳосили ба арақи ҷабин рӯёндаи деҳқон пӯсид. Ин албатта ба кишти баҳории с.2016 бетаъсир намонд. Деҳқони меҳнатқарин аз шуғли дӯстдоштаи хеш дилсард гашта, аз тарси он ки боз воридоти моли кишвари ҳамсоя ӯро хонасалот-бонкрот насозад, майдони кишти картошкаро ба маротиб кам кард. Натиҷа: Картошка кам истеҳсол шуда, нархаш дар бозорҳо то 3-4 сомонӣ хест. Болои ин, тоҷирон низ бо сабабҳои гуногун ба андозае «нони дувум»-ро аз хориҷа ворид накарданд, то ки нархро поин барад. Ба гузаштаи начандон дури солҳои 2007-08 нигарем, ба ёдамон меояд, ки он солҳо деҳқони меҳнатӣ аз киштзори худ ба ҳадде ҳосили баланд гирифт, ки дар бозорҳо нархи картошка 40-50 дирам шуд.
Вазъи имсолаи бозори истеъмолии кишвар бозгӯи он аст, ки таъмини иҷрои бехатарии озуқаи давлати худро ба ҷуз мо каси дигаре иҷро нахоҳад кард. Мо набояд ба умеди оши ҳамсоя турб тарошем, зеро онҳо ҳам метавонанд, рӯзе чун ҳамсояҳои собиқамон роҳашонро ба рӯямон банданд. Он гоҳ ҳоламон чӣ мешавад? Аз ин рӯ, хуб мешуд ҳукумати кишвар қонуне ба тасвиб мерасонд, ки дар асоси он овардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ манъ карда шавад. Дар кишвари биҳиштосои офтобие, ки 70%-аш дар деҳот ба сар бурда, машғулияташ деҳқонист, аз хориҷ овардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ айб аст! Мо Метавонем!


Ҷумъабой Яҳёев,
деҳаи Қалъаи Ҳоҷӣ, н.Деваштич (Ғончӣ)

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase