Нахустин консерти хайрияи Шабнами Сурайё дар Тоҷикистон

  • Панҷшанбе, Июл 27 2017

Пас аз тасхири Аврупову Амрико Шабнами Сурайё тасмим гирифт, нахустин гала-консерти вежаи худро дар зодгоҳаш-Кӯлоб баргузор намояд! Консерт бо ташаббуси газетаи мардумии СССР, дастгирии Кумитаи ҷавонон ва варзиши ш.Кӯлоб ва ибтикори бевоситаи хонаводаи Сурайёи Қосим рӯзи 30.07.2017, соати 19:00 дақиқа дар Толори Амфитеатри Кӯлоб баргузор мешавад. Консерти Шабнам, ки дар он бонувони ҳунар аз ин хонадон, Фарзонаи Хуршед ва Примаи санъати миллӣ-Сурайё Қосимова низ ҳунарнамоӣ мекунанд, маъракаи хайриявист. Таври маълум, яккафарзанди ин хонадон-Эмомалӣ дар синни 16-солагӣ, айни гулшугуфти умр, аз олами сифлӣ бибридаву бар Олами Улвӣ пайваст, ки Худо раҳмату мағфираташ кунад. Дар пасманзари ин фоҷеа, Шабнам тасмим гирифт, ҲАМА маблағи аз консерт бадастомадаро то охирин дирам (!!!) ба ятимхонаҳои ш.Кӯлоб ва Фонди Клуби Футболи «Равшан», ки замони ахир дар пойгаҳи муфлисӣ-бонкротӣ қарор дорад, гузаронад, ки ҳалолаш бод!!! Гала-Консерти Шабнам бахшида ба «Соли Ҷавонон» ва «20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ» баргузор мегардад.
Шитобед, то бо 1 тир чанд фохта занед:
-Ҳам аз суруду таронаҳои навину беҳини Шабнаму Фарзонаву Сурайё баҳраманд гардед, ҳам ба ятимхонаҳо кӯмак кунед ва ҳам барои эҳёи статуси бузургтарин, мардумитарин, сермухлистарин клуби маҳбубатон «Равшан-Кӯлоб» саҳм гузоред. Бовар дорем, бо ин маблағ Равшан ба Лигаи Олӣ бармегардад! Мо Метавонем!
Сарпарасти иттилоотӣ газетаи мардумии СССР ва сайти интернетии www.cccp.tj
Мо Метавонем!
Маълумоти бештарро тавассути почтаҳои электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. гирифта метавонед.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase