Ӯлҷабоев: «Моро тӯҳмат карданд!»

  • Панҷшанбе, Июл 20 2017

 

«Агар Турсунбой Улҷабоев як панҷсолаи дигар ба ҷумҳурии мо сарварӣ мекард, мову шумо имрӯз дар симои Тоҷикистон пешрафту дигаргуниҳои азимро медидем. Аммо сад афсӯс, ки бадхоҳони худиву бегона ба гирдоби сиёсатбозиҳо ғӯтида, ин марди шарифро гирифтори туҳмат намуданд».

(Аз суханронии президент Э.Раҳмон дар маросими кушодашавии нимпайкараи Т.Улҷабоев дар н.Нов. 13.09.1998)

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Оид ба сарварони РСС Тоҷикистон дар солҳои 1956-1961 (Турсун Улҷабоев ва Назаршо Додхудоев) зиёд менависанд ва баҳс мекунанд. Бархе мегӯянд, эшон ободӣ карданду харобӣ не. Ин ҷо аз хотираҳои худ дар ин хусус гуфтаниям.
Аз нақли муаррихи барҷастаи Тоҷик, Усмонҷон Ғафоров-профессор: «Солҳои 1950-1960 Турсунбой Улҷабоев байни котибони якуми СеКаи СССР машҳур буданд ва ин боиси рашку бадбинии баъзе шахсон нисбати ӯ шуд. Н.Хрушёв ӯро дар ҳама сафарҳояш ҳамроҳ мебурд. Хрущёв дар яке аз зиёфатҳо дар Кремл баъди суханронии пурмазмуни Ӯлҷабоев ба ваҷд омада, аз хурсанди ӯро ба оғӯш кашида бӯсид ва ба нишастагон рӯ оварда гуфт: «Бинед, ки аз Тоҷикистон ҳамин хел сарвари доно баромадааст. Офарин, Турсунбой!» (У.Ғаффоров. «Миллат аз афрод меёбад мақом»).
Аз нақли Норов Ёрмаҳмади 86-сола, сокини деҳаи Ҳайронбеди ҷамоати Фондарёи н.Айнӣ: «Ӯлҷабоев дар совхози «Съезди XXIV КПСС»-и Даҳанакиики ноҳияи Кӯйбишев (ҳоло н.А.Ҷомӣ) директор буду бо либоси корӣ, дар по мӯза назди ману Абдураҳмон-сардори ММС омада салому алейк кард. Абдураҳмон раисро барои нишастан даъват намуд. Раис не нагуфта, баъд дар таги чанори Қалъаи Сурх бо мо ҳамроҳ нишаст. Ӯлҷабоев ба Абдураҳмон ва бо ишора ба ман гуфт: «Ин меҳмон аз куҷост?» Абдураҳмон гуфт: «Ин кас аз н.Айнӣ. Аз «Тигровая балка» («Бешаи Палангон») коҳ мекашад». Ӯлҷабоев бо завқ хандида ба ман гуфт: «Ба Арбобов сахт монандед». Гуфтам: «Дуруст. Ман аз Кӯли Искандар ҳастам». Ӯлҷабоев гуфт: «Кӯли Искандар дар кӯҳҳояш боигарии зиёд дорад, аммо афсӯс, ки ҳамаи мо аз боло-СеКа вобастаему назорат мешавем ва дастнигари онҳоем». Вақте сӯҳбат ҷӯр шуд, ман ҳам дигар ошкор пурсидам, ки «Шуморо бегуноҳ аз кор гирифтанд ва дар рӯзномаҳо боз сиёҳатон карданд…». Ӯлҷабоев гуфт: «Албатта, дуруст. Дар ҳаққи ман тӯҳмат карданд. «Изофанависӣ кардӣ» гуфта боз мепурсиданд, ки «ба Помир бо чӣ кор рафтӣ ва барои чӣ рафтӣ?» Ин ҳама тӯҳмат зери таъсиси комиссияи СеКа, бо сардории Иван Григоревич Ковал шуд. Зеро ман Ковалро ба кор нагирифта, ба вазифаи котиби дуюми ЦК Тоҷикистон пешбарӣ карда будам. Хайр, боз Худо худаш медонад».
Бори дуюм баъди 1 сол Ӯлҷабоевро дар Даҳанакиик дидам. Он замон барои аёдати хешовандонам рафта будам. Чун дар сари роҳ меистодам, 1 мошини «УАЗик»-и кӯҳнае омада, пешам қарор гирифт ва баъди ҳолпурсӣ маро ба чойхона даъват намуд. Не гуфта натавонистам. Ҳамроҳ бо ӯ оид ба масоили фарҳангиву сиёсии кишвар хело сӯҳбатҳо кардем. Дар боби шаҳрҳои аздастрафтаи Тоҷикон-Самарқанду Бухоро, Сурхандарё… пурсидам. Ӯлҷабоев гуфт: «Масъалаи бозпас гирифтани шаҳрҳои қадимаро аз дасти сарварони РСС Ӯзбекистон бо Никита Сергеевич Хрушёв пазонида будам, аммо душманон ба ман халал расониданд, ки то охир кор кунам. Вагарна, нақшаҳои ман то охири корам тамоман дигар буд. Албатта, Худо хоҳад, 1 рӯз не, 1 рӯз ҳақиқат ҷояшро мегирад. Зинда бошем мебинем!»
Ӯ оид ба муносибаташ бо Хрушёв боз нақл кард, ки «дар 1 маҷлис ман бо котиби СеКаи РСС Белоруссия паҳлӯи ҳам менишастем. Хрушёв дар маърӯза номи ҳама республикаҳоро ба забон гирифту Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистонро на. Дар пешам шишаи об буд. Бе иҷозат аз ҷо хеста, 1 то дар стол задам, ки шиша шикасту обаш рехт. Ин вақт Хрушёв хомӯш шуд, аммо котиби СеКаи РСС Ӯзбекистон ба гап даромаду суханҳои носазо гуфт ва аз ҷумла бо ғазаб иброз дошт: «Тоҷик ҳамчун миллат кам аст…». Ман худро дошта натавонистам ва боз хостам, ки аз ҷо бихезам, лек котиби СеКаи Белоруссия аз дастам маҳкам дошт. Аммо ман гапамро гуфтам: «Эй кӯрнамакони баққархӯр…». Хрущёв, ки маърӯзаро аз болои дафтар мехонд, барои номбар накардани номи 3 республикаи советӣ узр хост».
Ӯлҷабоев ҳамчунин аз сафари чандрӯзаи худ бо Хрушёв ба Индонезия ва баромад карданаш дар назди мардуми мусалмон қисса карда буд, ки афсӯс ҳоло аз ёдам рафтааст…».

Додхудоев: «Дар ҳаққи мо бӯҳтон кам нест!»
Аз нақли Ҷобиров Хӯҷамаҳмад-бошандаи деҳаи Диҷики ҷамоати Фондарё, перомуни шахсият ва хизматҳои Назаршо Додхудоев: «Додхудоев баъди аз вазифаи Раиси совети вазирони Тоҷикистон рафтанаш дар трести Промстройи вазорати сохтмон, дар вазифаи ҷонишини сардори трест оид ба иқтисодиёт кор кард. Ман бошам дар сари вазифаи сармуҳосиби ПМК-100 будам, ки он замон комбинати Анзобро месохтем. Банда, ки аз солҳои 1966 инҷониб кор мекардам, бисёр объектҳоро ҳамроҳ бо сардории Додхудоев супоридаем. Комбинати Анзоб ба Минцветмет СССР (Министерство цветной металлургии) итоат мекарду Тоҷиконро чашми дидан надоштанд. Додхудоев ҳангоми сӯҳбатҳояш зиёд мегуфт, ки «дар ҳаққи ҳамаи мо туҳматҳо бисёр аст. Сабабгори аз кор рафтани мо, боз аз партия озод шудани мо асосан Ковал ва атрофиёну ҳамфикрони ӯст. Худам тани танҳо дар рӯзи мурдаи Ковал 1 шиша коняки 0,5 литраро нӯшида будам...».
Муаллифи ин сутур ҳам бо Додхудоев рафтуомад дошт, то охири умрашон. Ҳатто аз соли 1984 инҷониб қариб ҳар ҳафта ба дидорашон меомадам, ки доимо дуои нек мекарданд. Аз Худованди Карим умед дорам, хонаи охирати ҳамаи эшон, ки аз таҳти дил барои шукуфоии Ватан бори заҳмат бар дӯш доштанд, обод бошад. Аминам, ки мардуми ҷумҳурӣ Ӯлҷабоев ва Додхудоевро бо некӣ доимо ёд хоҳанд кард!


Бо эҳтиром Мирзоамин Алимов,
деҳаи Ҳайронбед, н.Айнӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase