Нолидани мардони раҳ аз дард набошад...

  • Душанбе, Июл 24 2017

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст-7

Чу вақти уқдакушоӣ ба ман расад, Соиб,
Ба нохуни маҳи нав Чарх пушти сар хорад!...
18.07.2017. Соат ба вақти Душанбе 09:30 дақиқа. Чун ҳамешагӣ дар авто Радиои Ватанро бо Субҳон Ҷалилови беназир гӯш мекардам, ки дар бахши «Бе дурӯғ» аз мардум суол кард:
-Мардон аз чӣ мегирянд?
Посухҳо гуногун буданд. Аммо маро дигар чиз ёд омад. Мардони Тоҷик аслан барои 1 чиз мегирянд:
-Ба бӯи Ватан!!!
Зеро марди асил аз дард ҳич гоҳ нахоҳад гирист. Вале агар гирист, пас мард нест. Предмету атрибутикаи физиологии аз зан фарқкунандаи баданӣ, ҳаргиз ба ин маънӣ нест, ки ту мардӣ. Вожаи Мард бо 1 ҳарфи ахир аз калимаи Марг фарқ дорад. Пас тафриқа миёни марду марг ҳамин 1 ҳарф аст. МарГ бар марДе, ки номардӣ мекунад...
Дар Армияи шӯравӣ ҳаргиз 1 воқеа аз пеши чашмам дур намешавад. Бо мо 1 писарбаччаи хурдҷуссае аз Хуҷанди бостонӣ хизмат мекард. Боре ӯро старшинаи рота-руси бузургҷуссае, ба ҷанги 1х1 даъват кард. Табиист, ки рус мурданивор Тоҷикро кӯфт. Вале баъди задухӯрд он ҳамватани ман чизе гуфт, ки ҷумлагиро моту мабҳут сохт. Ӯ гуфт:
-Ну и что, он силнее? За то я Таджик, и еще тысячу раз с ним выйду 1х1...
Ва он старшина аз тарс таслим шуд...
Мисолҳо зиёданд. Фарзи масал, Раҳими Ашроф-корманди худораҳматии мо, аз Қарақчиқуми Конибодомро, соате кардаву ба Дисбат равон мекарданд, дар сухани охирин, ки табиатан судшавандаҳо бояд барои мулоим кардани дили прокурору додрас, дурӯғу рост пушаймонӣ изҳор кунанд, гуфт:
-Я защищал свою ЧЕСТЬ, сломя челест этому солдату (русеро зада буд) и нисколько не жалею об этом!
3 сол озими зиндон шуд, аммо нахост дурӯғгуна шарафашро ҳатто бо сухан  поймол кунад!
Чаро мисолҳо аз Армия меорам? Зеро дар Армияи Советӣ (АС) намояндагони 15 миллати бузург (15 республика) ва садҳо қавму қабоили автономияву округҳо ва Қафқоз хидмат мекарданд ва ҷои назаррастарини сабти ҷавонмардии миллатҳо маҳз АС буд! Солдидаҳо медонанд, ки дар АС ягон Тоҷик хору зор набуд. Вале агар буд, таҳқиқ мекардӣ, тоҷикистонӣ буду Тоҷик на! Ва ана ҳамин ҷавонмардон гоҳ-гаҳ, дар пинҳонӣ, ёди Ватан кардаву ашк мерехтанд. Аммо ниҳонӣ. Зеро медонистанд, ки бечораноливу ашкрезӣ кори мардон несту дигарон бинанд, айб мешавад...
Падаронамон чӣ? Магар ашки падаратро дидаӣ, хонанда? Марди Тоҷик ҳатто дар рӯзи марги пайвандонаш намегирист. Мегирист, албатта, аммо дарунакӣ, пинҳонӣ. Ғамро дарун мезаданд мардони раҳи ин миллат ва ғамкӯфтаву ғамкушта мегаштанд, аммо ашк намерехтанд!
Ашки мардони асили Тоҷикро танҳо баъди ҷанги гражданӣ, ҳини баргаштан аз Афғонистон дидему бас ва он ҳам 1 бор. Ба Ватан, ки расиданд, гиристанд, вале боз мардона камар баставу бе оби дида рӯзгорро пеш бурданд, назди касе сар хам накарданд, Ватанро обод карданд. Тоҷикона кору борашонро бар дӯш гирифтанд.
Падари ман ҳамеша дар камарбандаш КОРД дошт. Ҳатто замоне ба Маскаву Қафқоз ва ҳатто Аврупо сафар мекард (ҷаҳонгардиро дӯст медошт!), кордро аз камараш намегирифт. Ҳатто дар самолет онро ба дасти дигаре намедод. Баъди баҳсҳои тӯлонӣ (он замон, албатта, ҳар мусалмон террорист нашуда буд...) ӯро бо корди камар ба салони самолет роҳ медоданд ва бо...ФАХР бар ӯ менигаристанд. Зеро Тоҷик бояд ҳамеша дар камараш корд дошта бошад.
Бобои Акрами худораҳматии ҳамсояи мо, ки ба зӯр роҳ мерафту камони думила дошт, боре прокурори шаҳрро тирборон кард, ки дар назди мардум дурӯғ мегуфт... Бобои Акрамро касе суд накард, ҳатто камонашро нагирифт. Зеро ӯ ҳақ буд, мард буд ва аз Шарафи ҳамсояаш пуштибонӣ намуд. Он горе-прокурори советӣ, ки низ Мард буд...аз рӯи ӯ шикоят набурд...
Имрӯз чӣ? Имрӯз ана ҳамин миллати Шарафманди пурғурурро мо бо суруду таронаи заъиф занакмизоҷу гирёнчак кардан дорем. Толори коху консертҳо пур аз мардакҳои рӯймолтару ашкрез аст. Тоқии чаканро занҳо ба сар мегузоранд, ки Тоҷи Шарафи мардон маҳсуб меёфт. Кулоҳи чустӣ ба сару камарбанд бар миён ва ҷомача ба бар, занҳо пешамон мерақсанду мо каф мезанем. Бехабар, ки ин атрибутикаи мардони асили Тоҷик буд. Корд ба камар овехтан айни айбу шарм шудааст. Камону туфангҳоро бо баҳонаи ҷанги гражданӣ аз дасти ҳама мардон ҷамъ карда гирифтем. Гӯё хабар надоштем, ки камонҳои падарӣ дар ун ҷанг 1 тир накушодаанд. Дар ҷанг автомату пулеметҳои навъи ҷадиди русӣ корбаст буд...
Бо ин ҳама, то насли мое ҳаст, ки тарбияти бобоҳои камондору падарони кордбакамар ва рафиқони ҳамхизмат дидаем, талош бояд кард, ки фарзандонамон Далер, Шуҷоъ, Шарафманд ва МАРД бошанд ва ҳар фарзанде, ки мард нест, МарГ бар ӯ. Мо метавонем!
...В-аз дард агар нола кунад, мард набошад!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase