Қотилони Кенҷаев ёфт шуданд!!!

  • Ҷумъа, Авг 25 2017

 

Дар ягон давру замон, равобити Тоҷикистон, бо ягон кишвари олам, то ба ин ҳадд сард нашуда буд, ки бо Эрон сард гардид. ВКД расман, тариқи ТВ давлатӣ, Ҷумҳурии Исломиро дар таҳияи террор ва қатли фарзандони фарзонаи миллати Тоҷик муттаҳам сохт. Шоҳидон онҳое шуданд, ки худ дар мактабҳои террористии Эрон тарбият ёфтаву ин амали манҳусро пиёда кардаанд...

Ҳафтае пеш дар филми ҳуҷҷатӣ-барномаи махсус, ки аз ТВТ пахш шуд, ВКД ҶТ Эронро ба он айбдор кард, ки дар солҳои 1990 ба ҳудуди 200 тан аз размандагони мухолифин, аз ҷумла, ба “бачаҳои”-и генерал Ҳоҷӣ Ҳалими хоин (собиқ муовини вазири мудофиаи ҶТ) дарсҳои диверсионӣ додааст. 3 боздоштшуда-Абдуқодир Абдуллоев, Тағоймурод Ашрапов ва Саймӯҳриддин Қудратов дар ин барнома гуфтанд, ки террори чанд чеҳраи саршиноси илму сиёсати даврро онҳо амалӣ кардаанд. Дасти ин зархаридон аз гуфти худашон сӯи инҳо бардошта шудааст, ки дасташон шикаста бод:
1.    Сафаралӣ Кенҷаев-ҳуқуқшиноси Тоҷик,
2.    Адиб ва раиси РТВ Сайф Раҳимзоди Афардӣ,
3.    Журналист Отахон Латифӣ,
4.    Фотокорреспондент ва аввалин раҳбари бахши тоҷикии радиои ББС-Муҳиддин Олимпур,
5.    Президенти АУҶТ-Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ,
6.    Ректори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон-Юсуф Исҳоқӣ,
7.    Раҳбари клиникаи асабшиносӣ, психологи дараҷаи байналмилалӣ-Минҳоҷ Ғуломов,
8.    Хабарнигори ОРТ Виктор Никулин,
9.    Вазири фарҳанг Абдураҳим Раҳимов,
10.    Муовини сарвазири ҶТ-Моёншо Назаршоев,
11.    20 тан аз афсарони рус...
Муттаҳамон гуфтанд, ки ин ва дигар амалҳои диверсиониро бо дастури Эрон ва супориши ҲНИТ, пешвоии генерал ва муовини вазири Мудофиаи ҶТ Ҳоҷӣ Халим пиёда кардаанд. Филми ҳуҷҷатӣ аз ҳамаи шабакаҳои ТВТ пахш шуд. Ҳоло дигар баҳс ин ҷост, ки чаро бо ин тундӣ ва чунин навҳа филми мазкур намоиш дода шуд. Зеро ин воқеан ҳам иттиҳоми бисёр сахт аст, ки нуфузи бе ин ҳам пасти Эронро пасттар кард. Чунки бе ин ҳам Эрони имрӯзаро дар ақсои олам чун давлате, ки аз терроризм пуштибонӣ мекунад, мешинохтанд.

Бояд пахш мешуд! Зеро...
Бархе бар назаранд, ки пахши ин даъво саривақтист, чунки дар тӯли ин ҳама солҳо, дар аксари доираҳои фарҳангиву сиёсиву иқтисодӣ “бовар” доштанд, ки ин ашхоси барҷастаи Тоҷик аз ҷониби Ҳукумати вақт “террор” шуда буданд. Зумрае дигар бар андешаанд, ки набояд пахш мешуд. Чунки Эрон бо ҳар навъе, ки ҳаст, давлати бузург ва пурқувват аст ва набояд ҶТ муносиботи хешро бо ӯ хатчадор мекард.

Террористоне, ки хуни миллат рехтанд...
Воқеан ҳам филми мазкур симои манфури тоҷикаконеро фош кард, ки паси номи ислому ҷиҳод пинҳон гардида, бо пул метавонанд зани худро ҳамхобаи хориҷӣ кунанду модарашонро таҷовуз. Чунки ин 2 хиёнат пеши коре, ки ин сагбаччаҳо (маъзарат, аммо инҳо одам нестанд!) дар баробари миллат кардаанд, ҳеҷ аст. Тасаввур кун, хонанда, академику олимҳоеро, ки давлати СССР дар тӯли 70 сол бо зӯр тарбият карда буд, ин падарқусурон дар они воҳид куштаанд ва бар ивази 2-3 ҳазор доллари ҳаром...

3 шоҳид ва 3 қотил
Тавре ровии филми 44-дақиқаӣ мегӯяд, роҳбари гурӯҳи диверсионӣ-террористӣ Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, бо тахаллуси "Рустами Норакӣ” (с.тав.13.07.1967), зодаи деҳаи Пехо ва сокини деҳаи Қибилии Норак, оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.
Ашрапов Тағоймурод Сироҷович, бо тахаллуси "Алӣ” (с.тав.2.09.1970), зодаи деҳаи Сичароғи н.Нуробод ва сокини кӯчаи С.Шерозии ш.Душанбе, оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Ва Қудратов Саймӯҳриддин Муҳибуллоевич, бо тахаллусҳои "Авлиё” ва "Эшон” (с.тав.9.08.1964), зодаи деҳаи Данғараи болои н.Данғара бо ҳукми Судии олии Тоҷикистон бо ҷурми куштор, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва тахрибкорӣ (диверсия) ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.
“Рустами Норакӣ” дар ин филм мегӯяд, с.1992 дар тазоҳуроти майдони Шаҳидон ширкат кардааст ва баъди шурӯи ҷанги гражданӣ бо амри Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Қорӣ Муҳаммадҷон аз роҳи Нуробод ва Дарвоз ба Афғонистон рафта, он ҷо аз афғонҳо тактика-дарси ҷангӣ гирифтааст:
"1 бегоҳ Қорӣ Муҳаммадҷон маро ба пеши Саид Абдуллоҳи Нурӣ бурд. Онҷо 2 эронӣ нишаста буданд. Гуфтанд, ки шумо бояд ба Эрон таълимгирӣ биравед. Моро ба ин эрониҳо супурданд. Онҳо моро ба манзиле бурда, хеле пурсупос карда, гуфтанд, ки “шумо ба мазҳаби Ҳанафиатон хеле пойбандед ва шумо мехоҳед, давлати исломӣ бикунед, мо шуморо ёрдам мекунем”. Баъди ягон 10 рӯз ман ва чанд нафаре, ки раҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ пешбарӣ карда буданд, ҳамроҳи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Эшони Қиёмиддин ва дигарон ба фурудгоҳ рафтем ва бо чархбол ба Кобул парвоз кардем.”
Дар идома, ровӣ филм мегӯяд, ки аз нишондоди худи боздоштшудагон маълум гардид, онҳоро шахсони он замон бонуфузи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик, хоса, раҳбарони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бевосита барои истифода бурдан дар амалҳои ҷинояткорона спонсорӣ карда, минбаъд ҳамчун шахсони боваринок дар амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ-таркишҳо, куштори ходимони ҳарбиву сиёсӣ ва олимони кишвари мо истифода мекарданд. Баъдан барои тасдиқи андешаи боло, “Алӣ” мегӯяд:
“Мо с.1995 аз Душанбе тавассути Ишқобод ба Эрон рафта, дар Қум ва Гургон қариб 200 нафар таълими низомӣ гирифтем. Тирандозӣ аз гранатомёт, пулемёт, норинҷакпартоиро таълим гирифтем. Ва с.1997 ба Тоҷикистон омада, бо супориши Ҷумҳурии исломии Эрон ва сарпарастии Ҳоҷӣ Ҳалим барои сарнагун кардани равшанфикрону уламо ва донишмандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сар кардем.”
Абдуқодир Абдуллоев мегӯяд:
"Дар тамоми ин муддате ки мо фаъолиятҳои террористӣ мекардем, ба мо ҳар моҳ 500-600-долларӣ ойлик медоданд. Хусусан аз тарафи Ҳоҷӣ Ҳалим, ки бо сардории эрониҳо моро маблағгузорӣ мекарданд.”

200 террористи ҲНИТ дар Эрон
Абдуқодир ҳамзамон дар бораи лагерҳои террористсозии Эрон дар тасдиқи гуфтаҳои “Алӣ” меафзояд:
"Вақте мо бори дуюм ба Эрон барои таълими диверсионӣ гирифтан рафтем, муддати 1 сол он ҷо таълим гирифтем. Баъд аз баргаштан ба мо паспортҳои эронӣ доданд. Бо ҳар ном. Барои мисол, номи ман Муҳаммади Пурёрӣ буд. Мо бо он паспортҳо то Ашқобод рафтем ва аз онҷо бо паспорти тоҷикӣ ба Душанбе омадем. Ҳар кадоми мо тахаллус дошт ва ба мо дастур шуда буд, ки номи аслии худро нагӯем дар ягонҷо, ки аз куҷоем. Таълими мо чунин буд, ки мо бояд аз сирру асрор бисёр истифода барем.”
Тавре дар ин филм гуфта шуд, онҳо қариб 200 нафар дар Эрон бо дастури раҳбарони ҳизби наҳзати исломӣ таълими диверсионӣ (харобкорӣ) гирифтаанд. Аъзои гурӯҳ бо ҳадафи вайрон кардани равобити Тоҷикистон бо Русия қасдан афсарони Дивизияи 201-и рус дар Душанберо мекуштанд.

Террори афсарони рус дар Душанбе
Аз ҷумла, с.1994 дар бинои баландошёнаи кӯчаи Маяковскийи ш.Душанбе, ки дар 1 манзилаш афсарони рустабори корманди вазорати мудофиаи Тоҷикистон истиқомат доштанд, гурӯҳи "Рустами Норакӣ” ҳар кадоме ҷои худро ишғол кард. Бо баҳонаи телефон кардан (он вақт телефони мобилӣ набуд) аъзои гурӯҳ, Абдуқодир ва Саймӯҳриддин ("Авлиё”) вориди ҳуҷраи афсарони рустабор шуда, Христофоров Сергей, Захаров Александр ва ҳамзистони онҳо Нюра Клинова ва Татяна Онишукро бераҳмона куштаанд. “Авлиё”-и ин гурӯҳ дар бастагӣ ба ин террор мегӯяд:
"Дар он ҷо Рустами Норакӣ буд. Абдуллои Ҳисорӣ буд, Абдулло дарро кушод ва мо 2 нафар даромадем. 1 нафар дар берун буд ва Рустам ҳам қатии мо даромад. Баъди даромадан мо нафаронеро, ки дар дарун буданд, яъне СНГэшникҳоро паррондем.”
Аъзои ин гурӯҳ моҳи октябри с.1995 бо супориши бевоситаи Ҳоҷӣ Ҳалим (Назарзода Абдуҳалим) Абдуқодир ва дигарон бо 1 адад гранатомёт, норинҷаки зидди танк, 2 адад автомати Калашников, дар маҳаллаи 33-юми Душанбе (назди хобгоҳи имрӯзаи кормандони Академияи фанҳо ва аспирантони донишгоҳҳои пойтахт) бо норинҷак 1 БТР-ро дошта, бо гранатомёт ва аз автоматҳо ва бо истифода аз фурсати танбашави (пробка)-и мошинҳо ба автобуси афсарони дивизияи 201-и Русия, аз автомати Калашников оташ кушоданд, ки дар натиҷа чандин тан кушта шуд. Абдуқодир дар идома аз ҷузъиёти он ҳамла мегӯяд: "Мақсади сиёсати Эрон ҳамин буд, ки нирӯҳои Русия, дивизияи 201 аз ин ҷо хориҷ шаванду ба ҷои он армияи худашро дохил кунад. Барои ҳамон дастур медод, ки давлати исломӣ шавад дар ин ҷо.”
Дар ин филм ҳамчунин гуфта шуд, ки чанд ҳамлаи дигар ба афсарони рус ва қатли вакили парламент Сафаралӣ Кенҷаев ва 2 муҳофизу ронандаи ӯ дар моҳи марти с.1999 низ кори дасти ҳамин гурӯҳ будааст.

Террори “Катании Тоҷик”
Тағоймурод бо лақаби “Алӣ” мегӯяд:
"Барои несту нобуд кардани Сафаралӣ Кенҷаев, Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳар кадоми мо 2000-долларӣ ваъда кард ва баъди куштор ин маблағро ба мо дод! Мақсад ҳам аз ин куштори Кенҷаев ин буд, ки мардум ба ҳукумат бадбин шуда, нафрати мардум ба ҳукумат бештар шавад. Дар рӯзи куштор Кенҷаев (дар дохили подъезди хонааш дар маҳаллаи 82) аз пеши ман гузашт ва дар байни ошёнаҳо Рустам аз боло бо автомат шурӯъ карду ман бо таппонча муҳофизашро задам ва Рустам бо автомат худашро заду муҳофизи аввалашро. Ман ҳам ҷароҳат бардоштам, тир ба шикамам расиду аз пушт баромад.”
Пасон “Алӣ” бо кӯмаки ҳаммаслаконаш аз ҷои ҳодиса ба самти Фурудгоҳи пойтахт, аниқтараш ба манзили зисти Ҳоҷӣ Ҳалим, бо мақсади пинҳон шудан ва минбаъд табобат гирифтан, интиқол дода шуд. Ӯ дар он ҷо аз ҷониби 1 нафар ҷарроҳ бо номи Бурҳон Кенҷаев (с.тав.1946) ҷарроҳӣ шуда, табобат ёфтааст. Маҳз пас аз ин теракт байни мардум овозаҳо паҳн шуд, ки гӯё Сафаралӣ Кенҷаев қурбони рақобати сиёсӣ шуд ва гӯё фаъолияти сиёсии ӯ барои ҳукумати вақт халал мерасонид... Ин гурӯҳи 3-нафара, дар филми мазкур такрор ба такрор мегуфтанд, ки маҳз бо супориши раҳбарони ҲНИ, Ҳоҷӣ Ҳалим ва бо дастури Эрон амал мекарданд.

Ошӯби охирин
Хотиррас мешавем, ки субҳи 4.09.2015 афроди силоҳбадаст ба шӯъбаи корҳои дохилии ш.Ваҳдат ва 1 гурӯҳи махсус дар ш.Душанбе ҳамла карданд. Худи ҳамон рӯз мақомот масъулияти ҳамларо ба дӯши муовини Вазири Дифоъи ҶТ, Ҳоҷӣ Ҳалим бор кард. Амалиёт бар зидди Ҳоҷӣ Ҳалим ва гурӯҳи ӯ 12 рӯз давом карда, бо қатли Назарзода ва муовинаш-Ҷунайдулло Умаров дар дараи Ромит ба поён расид. Тибқи ахбори расмӣ, давоми 12 рӯзи амалиёт 14 тан аз кормандони мақомоти қудратӣ ва 25 тан аз гурӯҳи Назарзода кушта шуданд. Он замон Сафаралӣ Мирзозода-сарпрокурори ҳарбии Генпрокуратураи ҶТ ва раҳбари гурӯҳи тафтишотӣ, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки дар ошӯби сентябрии Ҳоҷӣ Ҳалим 20 нафар хизматчии ҳарбӣ даст доштаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 аз 199 нафар ҳаммаслакони муовини собиқи вазири дифоъ-Абдуҳалим Назарзода, ки даст ба табаддулоти давлатӣ заданд, 20 нафарашон хизматчии ҳарбӣ мебошанд: «Аз ин ҳисоб 172 парванда ба гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва боқимонда ба аъзои ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ марбут аст. 40 тани дигар дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд»

Қатлу террори уламои Тоҷик

Муҳиддин Олимпур
Аккоси маъруфи Тоҷик Муҳиддин Олимпур, аз авангардҳои журналистикаи Тоҷик, шаби 13.12.1995 пас аз анҷоми кори дафтари ВВС дар Душанбе ба хиёбони И.Сомонӣ меояд, то ин ки ба манзилаш равад. Аммо дар истгоҳ 1 мошин назди ӯ истода, аз дарун ишора мекунанд, ки ӯро то манзилаш хоҳанд бурд. Дар нимароҳ, рӯбарӯи истгоҳи собиқ бозори «Путовский», дар дохили мошин бо 2 тир ӯро ба қатл расонда, ҷасадашро дар рӯди «Душанбенка»-и назди бинои ДМТ мепартоянд. Экспертҳои судӣ-тиббӣ ҳини экспертизаи ҷасади Олимпур аниқ кардаанд, ки дар меъдаи ӯ оши палаве буд, ки соате пеш аз кушта шуданаш хӯрдааст. Ин нишон медиҳад, ки шояд ӯ аз зиёфате баргаштааст ё кушандагонаш пеш аз марг ӯро бо баҳонае ба нони шом бурдаанд. Лек дар таҳқиқи ҷиноӣ ба ин ҷузъиёт диққат дода нашудааст. Моҳи октябри соли 2008 Суди олии ҶТ 5 нафарро дар куштори Олимпур айбдор донист ва бархе аз онҳоро то ба 15 солӣ ҳабс кард. Яке аз онҳо Насрулло Шарифов, сокини н.Ваҳдат буда, дар қатли ӯ гунаҳгор дониста мешуд, бо мусодираи амвол ба 15 соли зиндон суд шуда буд ва шарики дигари ӯ чанд соли пеш бар асари кадом беморӣ фавтида будааст. Тибқи иттилои суди олӣ Насрулло, ки тақрибан 38 сол дошт, 12.12.1995 аз пистолети «Макаров» бо 2 тир - яке ба пешонӣ ва дигаре ба синаи Олимпур задааст.
Генпрокуратураи ҶТ он замон гуфта буд, ки пас аз қатли Олимпур шаби 12.12.1995 Насрулло ба Русия фирор мекунад ва дар ноҳияи Калинини шаҳри Санкт Петербург бар асари 1 ҷиноят 7 солу 1 моҳ суд мешавад. Пас аз он бо дархости Генпрокуратураи Тоҷикистон ӯ аз Питер ба Душанбе оварда шуда, бо ин тафтиши делои марбут ба куштори Олимпур идома меёбад. Соли 2003 суди олии Тоҷикистон 2 нафар-Адҳам Тоҳиров ва Назрибек Давлатов, сокинони н.Ваҳдатро дар қатли Муҳиддин Олимпур ва Виктор Никулин-хабарнигори русзабони Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба зиндон маҳкум кард.

Отахон Латифӣ
Хабарнигор ва сиёсатмадори маъруфи тоҷик, узви Комиссияи оштии миллӣ ва муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон Отахон Латифӣ дар натиҷаи 1 суиқасд кушта шуд. То ҳол аён нест, ки фармони қатли ӯро кӣ дода буд? Ӯро субҳи 22.09.1998, дар назди манзилаш дар фосилаи ҳамагӣ чандсад метр аз меҳмонхонаи "Вахш", қароргоҳи Комиссияи оштии миллӣ куштанд. Бо амри тасодуф ё амри тақдир ҳамон рӯз Латифӣ ҳам ронандаву ҳам ҳар 2 муҳофизашро ҷавоб дода, пои поёда ва танҳо буд. Ҳукумати Тоҷикистон ба дунбол Латифиро аз тарафдорони собити ҷараёни сулҳ номида, қатли ӯро талоши латма задан ба ин ҷараён унвон кард. Ҷониби мухолифин дар пайи ин куштор фаъолияташ дар Комиссияи оштии миллиро барои тақрибан 1 ҳафта мутаваққиф сохта, таъмини амнияти аъзои комиссия, таҳқиқи мунсифонаи делои куштори Латифӣ ва намояндагони дигари оппозитсияро тақозо карданд. Аммо бо гузашти чандин сол аз қатли ин хабарнигор ва бо вуҷуди эълони расмии чанд "боевик" ба унвони қотилони Отахони Латифӣ, ин парванда пур аз роз боқӣ монд.

Юсуф Исҳоқӣ
Юсуф Исҳоқӣ 21.07.1932 дар ш.Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёна, солҳои 1947-48 дар курси тайёрии донишкадаи омӯзгории ш.Ленинобод ба номи С.М.Киров (факултаи таърих) таҳсил кард. Соли 1948 ҳамчун донишҷӯ ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил шуд ва с.1954 бомуваффақият онро хатм намуда, то мартабаи ректори ДДТТ расид. Дар солҳои 1954-57 ҳамчун ординатори беморхонаи клиникии ДДТТ кор кард. Соли 1958 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурза барои қатъ кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ» ҳимоя кард... Солҳои 1968-69 вазифаи дотсенти кафедраи оториноларингология, солҳои 1969-1973 дар вазифаи ноибректор оид ба қисми таълимии ДДТТ кор кард. Барои натиҷаҳои корҳои илмиву тадрисӣ с.1970 унвони илмии профессории ӯ тасдиқ ва бо медали «Барои меҳнати шараф» мукофотонида шуд. Ҳамчун олими варзидаи тиб с.1977 дар Ҳиндустон ва Сейлон бо олимони ЛОРи СССР дар конфронси байналмилалӣ ҳамчун вакил иштирок кард. Соли 1973 ректори ДДТТ таъин шуд. 6.05.1996 Исҳоқӣ ҳамроҳи ноибректори ДДТТ Минҳоҷ Ғуломов аз ҷониби қотилони ҷоҳил бераҳмона кушта шуд.

Минҳоҷ Ғуломов
Минҳоҷ Ғуломов дар гузари Қӯшҳавзи ш.Самарқанд ба дунё омадааст. Факултети муолиҷавии Донишкадаи тиббии Самарқанд ба номи И.П.Павловро бо баҳои аъло хатм кардааст (1952). Ординатори Институти психиатрияи назди Вазорати нигоҳдории тандурустии СССР (1952-54). Аспиранти Институти умумииттифоқии тадқиқотии илмии психиатрияи умумисудии ба номи В.П.Сербский (1954-57), Роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникии психиатрия (1957-1960), мудири кафедраи психиатрия ва наркологияи ДДТТ ба номи А.Сино (1960-1996) ва дар айни замон ноиби ректори ДДТТ (аз с.1974). Бо ибтикори ӯ дар мамлакат аввалин марказҳои реабилитатсионии бачагонаи психиатрии соҳаи тандурустӣ таъсис дода шудаанд. Соли 1996 Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи ректори ДДТТ Юсуф Исҳоқӣ аз ҷониби қотилони ҷоҳил бераҳмона кушта шуд.

Муҳаммад Осимӣ
Муҳаммад Осимӣ Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст (1941). Муаллими калон, мудири кафедра, ноиби ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (1946-1952), ректори ДПТ (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ (1956-1962), вазири маорифи РСС Тоҷикистон (1962). Раиси Комитети назорати партиявӣ ва давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон, муовини раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1962-1965), собиқ Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965-1988). Раиси Анҷумани «Пайванд» (1988-1996). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафаи табиатшиносӣ; таърихи фалсафа, илм, забон, адабиёт. Ӯ санаи 29 июли 1996 ба таври ваҳшиёна аз ҷониби афроди ношинос террор шуд.

Сайф Раҳимзоди Афардӣ
Шаби 20.05.2000 дар даромадгоҳи хонааш нависанда ва коргардони машҳури тоҷик Сайф Раҳимзод, ки раиси Кумитаи радио ва телевизион буд, террор шуд. Қотил ба рӯи ӯ 3 тир зад ва риштаи умри Сайф дар бемористон канда шуд. Суди шаҳри Душанбе 17.01.2003 Раҳим Қаландарови 28-соларо дар қатли ӯ гунаҳкор ва ба марг маҳкум кард. Таҳқиқи ин дело шахсан таҳти назорати президенти Тоҷикистон қарор дошт. Аммо то ба ҳол сабабҳои террори ӯ рӯшан нашудааст, ба он далел, ки муҷрим гуноҳи худро ба гардан нагирифт ва ронандаи Сайф, ки низ захмӣ шуда, қотилро шиносоӣ карда буд, ба таври мармуз аз ошёнаи 4-и ВКД ҶТ худро ба замин афканд. Сайф Раҳимзоди Афардӣ, муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои «Ситораҳои сари танӯр» ва «Аз ёдҳо, азёдҳо» чун нависандаи навгаро дар адабиёти тоҷик маҳсуб мерафт. Ҳамчун коргардон бо филми «Ситораҳои сари танӯр» навгароии худро собит кард. Ҳамчун раиси Кумитаи радио ва телевизион низ бо бархӯрди навгароёнааш то ҳол ба ёд оварда мешавад.

Карим Юлдошев
Карим Юлдошевич Юлдошев, ки 61 сол дошт, нисфирӯзии 17.07.2001, вақте ҳадафи суиқасди мусаллаҳона қарор гирифт, ки аз манзилаш дар маҳаллаи 91-ум берун мерафт. Ӯ дар инҷо дар биное, ки кормандони ҳукумат зиндагӣ мекарданд ва ба далели 5-кунҷа буданаш бо номи "Пентагон” маъруф аст, зиндагӣ мекард. Ҳамлагар ё ҳамлагарон дар даромадгоҳи бино ба сар ва синаи Юлдошев тир зада, фирор кард. Ҳамсояҳо гуфтаанд, ки садои 3 тирро шунида ва 2 мардеро дидаанд, ки аз ҷои ҳодиса фирор мекарданд. Сармушовири президентро дар ҳолати вазнин ба бемористони Қарияи боло бурданд, вале ӯ дигар ба худ наомада, дар рӯи кати ҷарроҳӣ ҷон дод. Президент Эмомалӣ Раҳмон он рӯз бо сафари корӣ дар вилояти Бадахшон қарор дошт ва бо шунидани хабари қатли сармушовираш сафари худро қатъ карда, ба Душанбе баргашт ва ҷаласаи изтирории Шӯрои амниятро баргузор кард. Дар он ҷаласа дархост шуд, ки суиқасд ба ҷони ин ходими давлатии баландпоя бояд ҳарчӣ зудтар ошкор шавад. Ин суиқасд ҳамагӣ ҳафтае баъди анҷоми амалиёти махсуси мусаллаҳона алайҳи гурӯҳҳои саркаши 2 фармондеҳи собиқи Иттиҳоди мухолифин-Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба Раҳмон Гитлер ва Мансур Муаккалов, мулаққаб ба Шайх Мансур сурат гирифт.
Карим Юлдошев с.1940 дар шаҳри Ангрени вилояти Тошканди Узбекистон ба дунё омада, с.1965 риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1965-1975 дар кишварҳои арабӣ ба ҳайси тарҷумон хидмат карда, солҳои 1975-1985 дар сохторҳои вазорати корҳои хориҷии СССР ва аз соли 1985 дар сохторҳои ҳизби он замон ҳокими коммунист (КПСС) кор кардааст. Соли 1991 ба мақоми мудири шӯъбаи равобити байналмилалии дастгоҳи президенти Тоҷикистон расида, аз соли 1994 сармушовири президенти Тоҷикистон дар умури байналмилалӣ буд. Ӯ аз мушовирони калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон шумурда мешуд ва дар таъйини хатти машши сиёсати хориҷии Душанбе нақши муҳим дошт. Дар пайи қатлаш бовар мерафт, ки суиқасд ба ҷони сармушовири президент метавонад ба фаъолияти касбии ӯ рабт дошта бошад.

Мусулмониён қурбони ҳамин дасиса буд?
Инак, баъди дидани ин филми 44-дақиқаии ВКД ба чунон хулосае бояд расид, ки адабиётшинос, энсиклопедист ва мунаққиди маъруфи Тоҷик, муовини раиси Ҳизби демократи ҶТ, раҳматӣ Раҳими Мусулмониёнро маҳз охундҳо-мағзшӯӣ кардаанд!!! Зеро дар Эрон нек медонистанд, ки устод аз найрангҳои эронии антидавлатӣ дар Душанбе ва решаву паҳлӯҳо, спонсорҳои аслии ҷанги граждании Тоҷикистон дарак дораду сирҳоро фош мекунад! Ва маҳз амдан ва комилан “памят”-и устодро “формат” заданд!!! Ёдрас мешавем, ки Мусулмониён 1 соли пеш (3.07.2016), бар асари бемории тӯлонии фаромӯшхотирӣ рахти сафар баст. Беморие, ки дар авлоду аҷдоди Устод аслан набуд, агар гӯем, ки ирсӣ бошад! Устод, ки аз пайвандон фақат ҳамсарашро то рӯзҳои вопасин мешинохту бо хитоб “ҷонак” мегуфт. Дигар ягон нафарро на мешинохт ва на чизеро дар хотир дошт. Хотирааш чунон удалит шуда буд, ки ҳатто кӣ буданашро фаромӯш карда буд!

СССР


Дар ҳамин маврид
Чӣ тавр бачаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим моро ғорат карданд…
Ростӣ, ман филмро дар бораи қотилони Сафаралӣ Кенҷаев тамошо накардаам, вале дар интернет хондам. Ҳоло каме аз воқеъиятеро, ки бо чашмонам дидааму шоҳид будам, хостам ин ҷо ёдовар шавам.
Ҳамон соле, ки оштии миллӣ шуд, аз тарафи оппозитсия тақсимоти мансаб мерафт. Ёдам ҳаст, ки он сол моҳи шарифи Рамазон дар вақти хунукӣ омада буд. Ман 300$-ро гирифта, ба бинои Маркази савдои «Садбарг» рафтам, то онро майда барои иди Рамазон харид кунам ва ба қишлоқ равам. Дар назди «Садбарг» валютчикҳои шинос доштам ва ҳам дар «Сафар-центр», ёдатон бошад, қанду конфетҳо арзон буд.
Вақте ҳамсинфам пулро ҳисоб дошт, ногоҳ аз қафои ман касе пистолетро дар сарам монду гуфт, ки «рафтем». Гашта нигоҳ кардам, ки чанд нафар бо ниқобу формаи ҳарбӣ меистоданд. Пурсидам, куҷо? Гуфтанд: «Мо аз амният, долларҳои фалшивый баромадааст. Бояд инро аниқ кунем». Гуфтам, ки ман валютчик нестам ва танҳо барои пулмайдакунӣ омадаам. Гуфтанд, ки «ҳоло аниқ мекунем, агар дар запис набошӣ, ҷавоб медиҳемат».
Розӣ шудам. Ману ҳамсинфамро бурда дар 1 УАЗике монанд ба «Скорий» бор карданд. Умуман, чанд касеро, ки аз роҳу ҷодаҳо меёфтанд, бо нӯги силоҳ ба мошин бор мекарданд. Дари мошинро маҳкам карда, ба пеш ҳаракат карданд. Моро ба амният неву ба Боғи Ғалаба бурданд. Ҳамаро фароварда қатор карданд. 2 «Ҷип»-и дигару 1 маршрутка пур аз одамро оварданд. Ман аллакай фаҳмидам, ки ин ба ҷуз авбошӣ чизи дигаре нест. Баътар чанд ришдарози дигар омада, (гарчанде ришро дӯст медорам, аммо чунин риши дарози бетартиб аз ҳамон ҷо сахт шумам шуд!!!) дашному ҳақоратро сар карда мегуфтанд, ки «шумо одамҳоро фиреб мекунед ва нони ҳаром мехӯред». Касеро хостанд, заданд. Ҳатто 1 докторро, ки дӯсти ман буд, зада қабурғаҳояшро шикаста, 900$ ва чанд пули дигарашро гирифтанд (он вақт якхонагиро дар Душанбе дар 1000$ мегирифтӣ!). Апаи доктор, ки бемории саратон буд, дар ҳамон назди бинои «Садбарг» ҳам доруфурӯшӣ мекард ва ҳам валютчикӣ.
Баъди ӯ маро зери лагад гирифта, курткаи чармии танам, 300$ ва чанд пули дигаре, ки доштам, гирифтанд. Шояд мисли ман он ҷо аз 20-30 нафар бештар буд, ки ҳамаро бо мушту лагад зада, то либосҳояшонро кашида гирифтанд. Баъд гуфтанд, ки «то 10 ҳисоб мекунем, агар касе ба чашмамон афтид, мепаронем». Ва ба ҳаво тир холӣ карданд. Мо дигар ба пушт нигоҳ накарда гурехтем, чун илоҷе набуд.
Баътар фаҳмидем, ки инҳо ҳамагӣ БАЧАҲАКОИ Ҳоҷӣ Ҳалим будаанд. Номи Ҳоҷӣ Ҳалимро ман бори аввал баъди ҳамин воқеъа шунидам…

Ҷоник Сафарзода,
Узви Ихвон-ал-СССР, шаҳри Маскав

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase