Редаксия супориш дод: Бэйсбол зан!

  • Душанбе, Нояб 13 2017

Тайи 2 моҳ аст, ки дар назди сафорати ИМА дар Тоҷикистон наврасони Тоҷик зери 1 гурӯҳ бозии бэйсбол тамрин мекунанд. Бэйсбол бозии хеле маъруфи амрикоии гурӯҳӣ буда, дар он 2 тим, ки аз 9 нафар бозингар иборат аст, бо ҳам қувва меозмоянд. Асоси ин бозӣ тӯби бэйсболӣ ва бита-чӯбдаста аст, ки имрӯз дар ИМА, Куба, Венесуэла, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин хеле шӯҳрат дораду ба тадриҷ, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқ низ расида истодааст. Вале дар асл Бейсбол бозии сирф амрикоист! Зеро он дар ягон давлати дунё чун дар Амрико маъруфу машҳур нест! Аммо ҳастанд афроде, ки бэйсболро аз 1 кишвар ба кишвари дигар меоранду мехоҳанд онро бештар оммавӣ гардонанд. Яке аз чунин шахсиятҳо Кевин Коверт-иҷрокунандаи вазифаи сафир ё худ кордори муваққати сафорати ИМА дар Тоҷикистон аст, ки дилбохтаи бэйсбол буда, бидуни ин бозӣ рӯзҳои истироҳати хешро тасаввур карда наметавонад.

Кевин мехоҳад Тоҷикон ҳам бейсбол зананд!


Машқу тамрини Кевинро бо чанд навраси Тоҷик, аз ҷумла, Мубориз Достиев ва Сайидшо Каримови хурдсол, мо рӯзи якшанбе 5.11.2017 дар майдончаи варзишии сафорати ИМА дар Душанбе дидем. Тамрин расо соати 10:00 шурӯъ гашт. Кевин, ки забони русиро хуб омӯхтааст, бо бачаҳо русӣ ҳарф зада, барояшон аз нозукиҳои бэйсбол ҳам мегуфту ҳам зимни партофтани тӯб чӣ гуна рафтор карданро меомӯзонид. Ӯ нисбати ҳар 1 бозингари наврас бодиққату боэҳтиром буда, муносибати индивидуалӣ дошт. Барои бохт касеро сарзаниш намекард ва ҳангоми бурд «Офарин!»-гӯён аз шогирди Тоҷикаш шод мешуд. Шояд ҳамин рафтораш буд, ки бачаҳо пас аз гузаронидани 2 раунди бозӣ зуд ба он ворид шуда, чусту чолок гаштанду бозӣ рӯҳияи нав гирифт. Аҷиб аст, ки дар тими Кевин Тоҷикон ва амрикоиҳо мебозанду кӯдакон миёни ҳам зуд унс гирифтаанд. Метавон гуфт, тими бейсболи Кевин наврасонро ба ваҳдати қораҳо мерасонад. Яъне Тоҷикону Амрикоиҳо бо ҳам дӯст мешаванд. Пас аз бозӣ, ки 1,5 соат идома ёфт, тасмим гирифтем бо ҷаноби Кевин дар бораи на танҳо бэйсбол ва пайдоиши он, балки дар бораи футболи Тоҷику Тоҷикистон низ сӯҳбат намоем.

 Ба артистизми «Эйр Форс» бояд ҷоиза дод!
Сӯҳбати мо бо ҷаноби Коверт аз бозии футбол, хоса, футболи Тоҷик сар шуд. Ӯ 1 рӯз пеш бозии финалиро барои дарёфти Ҷоми АФК байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Эйр Форс»-и Ироқ, ки дар варзишгоҳи ш.Ҳисор баргузор гашта буд, ҳамчун меҳмони олиқадр тамошо карда, нисбати бозӣ андешаи худро дошт.
-Ман нахустин бор бозии футболбозони Тоҷикро дар ин сатҳ тамошо кардам ва аз ин бозӣ хушам омад. Футболи Тоҷик ба футболи аврупоӣ шабоҳат дорад. Футболбозони аксари тимҳои кишварҳои Шарқ зимни бозӣ бештар менишинанду дароз мекашанду вақти бозиро кашол медиҳанд, вале футболбозони Тоҷик тамоми бозӣ давиданду кӯшиданд ва хеле ҳам хуб бозӣ карданд. Ба назари ман барои футболбозони ироқӣ барои артистизмашон бояд ҷоиза медоданд, зеро онҳо тӯли бозӣ хеле «нағма» карданд. Ғайр аз ин ба ман ҳолате, ки дар варзишгоҳ буд, бисёр маъқул шуд: мухлисон бо ҳам муттаҳид омада, шинухез мекарданд, садои таблу нақораи миллӣ гӯшнавоз буд ва аз ҳама муҳим ҳама баробар садо баланд карда, «Истиқлол»-ро ба пеш ҳидоят менамуданд, дар сафи онҳо ман ҳам аз ин бозӣ лаззат бурдам ва «мавҷи сунъӣ»-и Тоҷиконро дастгирӣ кардам. Воқеан ҳам Истиқлол бояд ғалаба мекард. Зеро як сару гардан хубтар бозид. Дастаи мо дар охири нимаи якум бояд гол мезад. Аммо тавре мегӯянд, ғолибонро накӯҳиш намекунанд… - афзуд ҷаноби Кевин.


«Мехоҳам Тоҷикон бэйсболро дӯст доранд!»
Бозии бэйсбол шуғли дӯстдоштаи ҷаноби Кевин асту ҳамеша талош дорад, ки ин бозиро дар байни наврасон оммавӣ намояд. Дар Тоҷикистон низ таъсис додани чунин 1 гурӯҳ бесабаб нест, зеро писари Кевин-Дэниел низ машқу тамрин менамояд.
-Бэйсболро хеле дӯст медорам ва муҳаббати ман ба ин бозӣ ба писарам Дэниел низ гузаштааст. Зимни фаъолияти кориам дар Кореяи Ҷанубӣ он ҷо низ наврасонро ҷамъ карда, ба онҳо нозукиҳои бэйсболро омӯхтам, тим ташкил кардам ва ҳоло он тим дар чемпионатҳо ширкат варзида, аллакай мустаҳкам шудааст. Инҷо низ тасмим гирифтаам бо ҷалби наврасони бомаҳорати Тоҷик 1 тим ташкил намуда, барои оммавияти бозӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бикӯшам. Бубинед, агар чанд моҳ қабл ин наврасон дар бораи бозии бэйсбол тасаввуроте надоштанд, ҳоло ба даст бита гирифта, дар саҳни ҳавливу кӯчаҳояшон баромада бозӣ мекунанд. Махсусан Мубориз, ки пеш аз омадан ба ин ҷо низ дар кӯча бейсбол мезад. Магар ин бад аст? Мехоҳам ҳар навраси Тоҷик бэйсболро дӯст дорад ва пас аз рафтани ман ин тим қавӣ гардад. Ман мехоҳам ба ин атфол дар оянда сару либоси бейсболбозӣ орам ва онҳо чун 1 команда баромад карда тавонанд, - таъкид дошт ҷаноби Кевин. Мавсуф изҳор дошт, ки ҳар наврасе, ки мехоҳад бейсбол тамрин кунад, метавонад ба кормандони сафорат муроҷиат намояд. Аз лиҳози он, ки майдони бозӣ дар дохили ҳудуди сафорати ин давлат воқеъ аст, аз рӯи тадобири амниятӣ, рӯйхати хоҳишмандон маҳдуд хоҳад буд.

Душанберо нашинохтам…
Сафари нахустини кории ӯ ба Душанбе 12 сол пеш сурат гирифта буд, аммо 2 моҳ пеш ҷаноби Коверт ба ҳайси муовини аввали сафири ИМА ба Тоҷикистон омада, аз пешравиҳои кишвари мо дар тааҷҷуб шудааст.
-Ман Душанберо нашинохтам! Дар 12 сол, ҳама чӣ иваз шудааст-кӯчаву хиёбонҳо, биноҳои нав, гулгаштҳо, инфрасохтор, меҳмонхонаҳои сатҳи байнулмилалӣ, нақлиёт ва аз ҳама муҳим амният! Душанбе имрӯз ба қатори амнтарин шаҳрҳои ҷаҳон шомил шудааст ва дар ҳақиқат дилхоҳ вақти шаб ба кӯча бароед касе ба шумо кордор нест. Ман Душанбеи навро дӯст доштам ва худамро ин ҷо хеле озод ҳис мекунам. Дар муддати 2 моҳи корӣ аллакай тавонистам Ҳисор ва қалъаи он, обанбори Норак ва Панҷакентро бубинам, ки хеле хушам омад. Дар ин фурсате, ки дорам ҳатман аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз дидан хоҳам кард. Аммо дар ин 12 сол 2 чиз тағйир наёфтааст: Меҳмондӯстӣ ва лаби пурхандаи Тоҷикон, ки ҳамеша дилхоҳ хориҷиро иззат мегузоранду меҳмондорӣ менамоянд. Ман ҳам, мисли газетаи шумо, Метавонам!,- гуфт ҷаноби К.Коверт.
Мо пас аз тамошои бозии бэйсбол ва сӯҳбат бо иҷрокунандаи вазифаи сафир эҳсос намудем, ки ҷаноби Кевин аз шогирдонаш, аз ҷумла, Муборизи мо имрӯз хеле розӣ буд. Розӣ аз он ки орзуяшро дар Тоҷикистон низ амалӣ карда истодааст- Ӯ бейсболро ба Тоҷикистон овард! Офарин, Кевин! Мо метавонем!

Мину Аминзода
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase