Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби колхози ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ш.Хуҷанд 16.11.1992 дар шароите оғоз шуд, ки пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар ҳоли муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт ва вазъият дар сангарҳои ҷанг, бахусус, дар водии Вахш басуръат ва ба фоидаи Фронти Халқӣ тағйир меёфт. Бо вуҷуди нокомии ҳамлаи рӯзи 24 октябри Сафаралӣ Кенҷаев ба Душанбе нирӯҳои вафодор ба Ҳукумати муросои миллӣ (ҲММ) натавонистанд муваффақияти низомии худро ба фаротари атрофи Душанбе тавсиа диҳанд ва нирӯҳои аз пойтахт ақибнишастаи Фронти Халқӣ (ФХ) ҳамагӣ дар километри 10-уми шоҳроҳи Душанбе-Регар дар давру бари тарабхонаи "Шоҳамбарӣ" сангар гирифтанд. Рӯзи 1 ноябр ин нирӯҳо танҳо хатти роҳи оҳани ба сӯи Душанберо аз чанд ҷо тахриб карда, пойтахтро дар ҳоли муҳосираи иқтисодӣ қарор медиҳанд. Баста шудани роҳҳо бар иловаи дастикам 120.000 гуреза аз 2 водӣ-Вахшу Ҳисор, ки низ худро ба Душанбе зада буданд, мунҷар ба афзоиши ҳангуфти қимати маҳсулот дар бозорҳои пойтахт ва норозигии ҳарчӣ бештари мардум аз ҲММ мешуд. Дар ҳамин авоили моҳи ноябр буд, ки ҲММ дар тақрибан ҳама навоҳии водии Вахш аз Фронти Халқӣ шикаст мехӯрад. ҲММ дар таърихи 7 ноябр 1 Шӯрои давлатӣ иборат аз 18 касро таъсис дод. Ба ин Шӯро фармондеҳи вақти дивизияи 201-и артиши Русия генерал Мӯҳриддин Ашӯров низ ба ҳайси муовин шомил шуд. Аммо таъсиси Шӯро ҳам натавонист вазъро тағйир диҳад. 9 ноябр дар Бишкек нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ доир шуд. Дар ин нишаст ҳар 2 тараф-ҳам ҲММ ва ҳам ФХ ҳаряке мустақилона талош меварзанд, ҳақиқати худро ба самъи маҷлис бирасонад. Душанберо дар нишасти Бишкек раиси Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров ва Фронти Халқиро раиси тозамунтахаби кумиҷроияи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмонов намояндагӣ мекарданд. Аммо ҲММ натавонист Русияву Узбакистонро қонеъ кунад ва 12.11.1992 розӣ шуд иҷлосияи 16-умро дар Хуҷанд баргузор кунад. Дар Душанбе баргузории он имкон надошт. Вакилони зиёд аз омадан ба пойтахт бим доштанд. Бино бар ин Хуҷандро чун ҷои амн барои баргузории он интихоб намуданд. Иҷлосияи 16-ум дар таърихномаи миллати тоҷик ҳамчун маскани барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ сабт шуд. Бо вуҷуди авзои нобасомон аксарияти вакилони мардумӣ ба Хуҷанд ҳозир шуданд. Аз 230 нафар вакилони халқ дар кори Иҷлосияи 193 вакил ширкат варзид. Бо ҳамин, иҷлосия дар Қасри Арбоб 16 ноябр шурӯъ шуда, то 1 декабр идома дошт. Вакилон аллакай 18 ноябр Искандаровро аз мақоми раёсат фаро хонда, раиси ҳукумати вилояти Кӯлоб Э.Раҳмоновро бо аксарияти овоз ба мақоми раиси нави Шӯрои Олӣ интихоб карданд. Маҳз интихоби Ӯ ба раҳбарии кишвар яке аз бозёфтҳои асосии иҷлосия будӣ. Ҳарчанд ҷанги шаҳрвандӣ боз 5 соли дигар давом кард, иҷлосия дар тирамоҳи хуношоми с.1992 ҳамон нуқтаи атфе шуд, ки роҳро ба сӯи оштиҳои баъдӣ боз намуд. Шахсе сари қудрат омад, ки аз иродаи устувор бархурдор буд. Барои барқарории сулҳ ва пойдории давлати Тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ дошт. Дар Иҷлосия баҳри таҳкими давлату давлатдорӣ инчунин 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул шуд. Он барои тоҷикистониён тақдирсоз буд ва аҳамияти таърихию умумиҷаҳонӣ касб кард, зеро ба шарофати он оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ба тадриҷ хомӯш шуда, ҳукумати қонунӣ барқарор ва дар қаламрави Тоҷикистон пойдевори сулҳ гузошта шуд. Гарчи истиқлолияти сиёсии давлати мо 9.09.1991 расман эълон шуда бошад ҳам, амалӣ гардидани он аз Иҷлосияи 16-уми ШО маншаъ мегирад. Дар Иҷлосия инчунин Қонунҳои ҶТ «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани ашхоси ширкаткунанда дар даргириҳо» баррасӣ ва қабул карда шуданд. Иҷлосия Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ тасдиқ намуд.


Зокирҷон Бобоев,
ноҳияи Ҳисор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase