Кенҷаев 3 рӯз дар куҷо ғайб зад?

  • Душанбе, Нояб 27 2017


(Анҷом. Идома аз шумораҳои гузашта.)

Акбаршо Искандаров-сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, ки соли 1992 муддати 2 моҳ иҷрокунандаи вазифаи президенти Тоҷикистон низ буд, 1 рӯз қабл аз ин ҳамла (23 октябр) дар Душанбе вазъи фавқулодда ва соати комендантӣ ҷорӣ кард, вале натавонист пеши роҳи ҳамлаи аллакай барномарезишудаи Фронти халқиро бигирад. Баъди ноком шудани ҳамла “катанӣ”-и Тоҷик Сафаралӣ Кенҷаев ба дивизияи 201-ум паноҳ бурд. Искандаров дар 1 мусоҳибааш гуфта буд, ки ӯ дар ҳудуди дивизия дар ҳуҷраи кории генерал Воробев бо Кенҷаев музокирот кард ва Кенҷаев вақти шикаст хӯрдани ҳамларо фаҳмид, бо қаҳр ба Воробев гуфтааст: "Канӣ танкҳову БТРҳои ваъдагиатон? Охир тавофуқи мо дигар хел буд!”
Имрӯз бисёриҳо бар ин боваранд, ки Кенҷаев бо ин ҳамла мехост таносуби нирӯҳоро дар ҷониби ғолиби ояндаи ҷанг ба тарафи худ гардонад ва раҳбарии кишварро худ ба даст гирад, вале муваффақ нашуд.
Сангак Сафаров баъди шикасти ҳамлаи 24 октябр дастандаркорони он, аз ҷумла Кенҷаевро ба хиёнат айбдор карда гуфт, ин ҳамла бе маслиҳату ризоияти ӯву дигар раҳбарони ФХ сурат гирифтааст. Сангак раиси кумиҷроияи вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоевро баъди ин ҳамла бо дасти худ парронд.
Рӯзи 16 ноябр дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров ) иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ оғоз ёфт. Кенҷаев дар рӯзҳои ин иҷлосия 3 рӯз ғайб зад. Ӯ баъдан гуфт, ки вайро мақомоти амниятии Узбекистон 3 рӯз маҳкам карданд, то ба интихоби раҳбари нави Тоҷикистон халал нарасонад. Воқеан ҳам кори хубе карда буданд, зеро Кенҷаеви популист метавонист боз ягон нағмаи наве ба кор барад...

Кенҷаевро бачаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим куштаанд!!!
Тавре хонандагони гиромии СССР нек ёд доранд, санаи 8.08.2017 дар шабакаи ТВи Тоҷикистон филми мустанади 45-дақиқаӣ аз ҷониби ВКД ҶТ таҳияшуда намоиш дода шуд, ки дар он Эрон маблағгузори асосии куштори собиқ раиси парлумон Сафаралӣ Кенҷаев, рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ, олимони варзида Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, сиёсатмадор Карим Юлдошев, адиби маъруф Сайф Раҳим Афардӣ, собиқ муфтӣ Фатҳуллохон, собиқ вазири фарҳанг-Абдураҳим Раҳимов ва ҳудуди 20 нафар афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон номида шуд. Дар ин филм қайд гардид, ки қатли сиёсатмадорону олимон ва адибону журналистони шинохта дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Теҳрон ва дастури собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ба иҷро расонида мешуд.
Дар филм гуфта шуд, ки роҳбари гурӯҳи диверсионӣ-террористӣ Абдуллоев Абдуқодир Гурезович, бо тахаллуси "Рустами Норакӣ” (с.тав.13.07.1967), зодаи деҳаи Пехо ва сокини деҳаи Кибили Норак, оиладор, соҳиби 3 фарзанд будааст.
Ашрапов Тағоймурод Сироҷович, бо тахаллуси "Алӣ” (с.тав.2.09.1970), зодаи деҳаи Сичароғи н.Нуробод ва сокини кӯчаи С.Шерозии ш.Душанбе, оиладор, соҳиби 4 фарзанд шомили қатлгурӯҳ будаанд.
Қудратов Саймӯҳриддин Муҳибуллоевич, бо тахаллусҳои "Авлиё” ва "Эшон” (с.тав.9.08.1964), зодаи деҳаи Данғараи болои н.Данғара бо ҳукми Судии олии ҶТ бо ҷурми куштор, ҳифзи ғайриқонунии силоҳ ва тахрибкорӣ (диверсия) ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст.
Боздоштшудаҳо-“бачаҳакои”-и генерал Ҳоҷӣ Ҳалими хоин (собиқ муовини вазири мудофиаи ҶТ) дар ин филми ҳуҷҷатӣ Эронро ба он айбдор карданд, ки дар солҳои 1990 ба ҳудуди 200 тан аз размандагони мухолифин дарсҳои диверсионӣ додааст. “Рустами Норакӣ” мегӯяд, с.1992 дар тазоҳуроти майдони Шаҳидон ширкат карда, баъди шурӯи ҷанги гражданӣ бо амри Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Қорӣ Муҳаммадҷон аз роҳи Нуробод ва Дарвоз ба Афғонистон рафта, он ҷо аз афғонҳо тактика-дарси ҷангӣ гирифтааст. Тавре ин қотилон дар ин филм гуфтанд, қатли вакили парламент Сафаралӣ Кенҷаев ва 2 муҳофизу ронандаи ӯ дар моҳи марти с.1999 низ кори дасти ҳамин гурӯҳ будааст.
“Алӣ” мегӯяд:
"Барои несту нобуд кардани Сафаралӣ Кенҷаев, Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳар кадоми мо 2000-долларӣ ваъда кард ва баъди куштор ин маблағро ба мо дод! Мақсад ҳам аз  куштори Кенҷаев ин буд, ки мардум ба ҳукумат бадбин шуда, нафрати мардум ба ҳукумат бештар шавад. Дар рӯзи куштор Кенҷаев (дар дохили подъезди хонааш дар маҳаллаи 82) аз пеши ман гузашт ва дар байни ошёнаҳо Рустам аз боло бо автомат шурӯъ карду ман бо таппонча муҳофизашро задам ва Рустам бо автомат худашро заду муҳофизи аввалашро. Ман ҳам ҷароҳат бардоштам, тир ба шикамам расиду аз пушт баромад.”
Пасон “Алӣ” бо кӯмаки ҳаммаслаконаш аз ҷои ҳодиса ба самти Фурудгоҳи пойтахт, аниқтараш ба манзили зисти Ҳоҷӣ Ҳалим, бо мақсади пинҳон шудан ва минбаъд табобат гирифтан, интиқол дода шуд. Ӯ дар он ҷо аз ҷониби 1 нафар ҷарроҳ бо номи Бурҳон Кенҷаев (с.тав.1946) ҷарроҳӣ шуда, табобат ёфтааст. Маҳз пас аз ин теракт байни мардум овозаҳо паҳн шуд, ки гӯё Сафаралӣ Кенҷаев қурбони рақобати сиёсӣ шуд ва гӯё фаъолияти сиёсии ӯ барои ҳукумати вақт халал мерасонид...

Шаҳрзоди Амин,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase