Бидуни ғараз-5

Свято место пусто не бвывает.  (масали русӣ)
20.11.2017 дар маросими ҷанозаи Эшони Ҷамолиддин, писарбузурги Эшони Сӯфӣ Олими Мунискӯлӣ дар н.Данғара будам. Худо раҳматаш кунад, бисёр марди ҷасур, далер, фошгӯ ва адамуттарс буд. Аммо сӯҳбат сари дигар мавзӯст. Соате ҷанозаро ба мазори Дашти Кулак-номи таърихии мазори Корез, ки дар он Мавлоно Тоҷиддини Дашти Кулакӣ (зикраш дар Тазкират-ул-авлиёи Аттор рафтааст!) оварданд, лаҳад омода набуд ва мардум ист фармуданд. Дар ана ҳамин фурсат  Эшони Сайидмуттаҳар, эмомхатиби шаҳраки Данғара аз фурсат истифода кардаву амри маъруф намуд. Бай-бай-байййй…
Мавъизае, ки ӯ перомуни иззати волидайн, ҳифозати мазҳаб, намозу тақво намуд, диламро саршор аз фараҳ сохт. Хеле ҷавони донишманд будааст, чу таҳқиқ кардам, бидуни илми илоҳиёт ҳамзамон факултаи филологияи Донишгоҳи Миллиро низ хатм кардаву сари рисолаи илмӣ заҳмат доштааст. Ба дил гуфтам, дуруст аст, ки «микрофон»-ро аз дасти мубаллиғини ваҳҳобизму салафия гирифтем, аммо чаро садди мавъизаи домуллоҳои табаррук ва донишсолори мазҳаби худ ҳам гаштаем? О, инҳо, ки мардум, ба вежа, ҷавонони хомро ба роҳи дурусти Худопарастӣ, исломи ноб, мазҳаби ҳанафӣ накашанд, кӣ мебарадашон? Фаромӯш накунед, ки агар бо зӯр мешуд, дар 70 соли шӯравӣ таассуб ва ифрот нагун мегардид. Аммо авоили солҳои 90-и асри пор нишон дод, ки зӯрозмоӣ дар ин самт террору экстремизмро вусъат мебахшидаанду таммат на!
Дар ҳамин ҷаноза Домулло Холмурод, Эшони Саймаҳмуд, мавлавӣ Аслиддинхӯҷаи сангтӯдагӣ ва садҳо зимомдорони мазҳаби ҳанафия буданд, ки ҳар яке баҳр аст, ки гуфтаанд:
Ман он баҳрам, ки дар зарф омадастам,
Чу нуқта бар сари ҳарф омадастам.
Ба ҳар алфе алифқадде барояд,
Алифқаддам, ки дар алф омадастам!
Алифқаддони мазҳаби мо кам нестанд, вале чаро дар давроне, ки камари мамлакатҳои пешрафта ва миллиардерро бо ҷунуни исломӣ ва мазҳабгароӣ шикастан доранд, мо танҳо таваккал ба қудрат дорем? Қудрати бузургтаре аз дониши уламои фиқҳи ҳанафӣ, ки ҳанӯзам дар гӯшаву канор ҳастанд (хушбахтона), дар ин самт ёфтан мушкил аст.
Рӯиҳамрафта, дар самти ҳарб бо мубаллиғини экстремизм, ки СССР бо 2 даст тарафдор аст, низ, мутаассуф, фалсафаи «саллаву калла» роиҷ аст. Яъне онҳое, ки аслан аз Ислом ва мазоҳиб фарсахҳо дуранд, масъули ин набарданд. Фаолияти ишон дар 99% авқот ҳамон масали маъруфи дигари Тоҷикии «хидмати хирсона»-ро ба ёд меоварад. Ба забони дигар дифоъ аз мазҳабро инҳо ба амалиёти исломқимобӣ ва мазҳабситезӣ табдил кардаанд. Дигар барои онҳо муқаддасоте мавҷуд нест, ки ин ҳама аз хомии сиёсии онҳо маншаъ мегирад.
Оммафаҳм карда гӯем, то инҳо низ фаҳманд, дар роҳи ҳарб бо падидаҳои номатлуби исломи асри 21, ки душманони ислом паси онҳо меистанд, масъулин бояд аз уламо, машойих, пешвоҳо ва ҳодиёни таоруфӣ кор бигиранд. Бояддд домуллоҳи саршиноси мо ин ҳин бештар ба мардум наздиктар оянд ва ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят фармоянд. Дар сурати акс… Дар сурати акс «ҷои муқаддас холӣ намемонад!» ва ҷавонон ҳодии ҷадид меёбанд, агар наёфтаанд, ки онҳоро ном…Интернет-муллост. Интернет, ба вежа, сайтҳои иҷтимоӣ, имрӯз ба бадтарин қувваи аҳримании антиисломӣ табдил ёфтаанд. Касе бовар надорад, ба дилхоҳ сайт саре занаду суоле гузорад. Ҳатман посух мегирад. Аммо ин посухҳо таккондиҳанда ва сӯзандаанд.
Хеле мутаассифам, ки дар олами виртуалии ман бо чандсад экстремисти мағзтиҳӣ танҳо 2-3 нафар, бо шумули Абдуқодир Талбаков, Сафват Бурҳонов, Нуралӣ Хоркашев…мубориза мебаранд. Инҳо кистанд? Танҳо дилсӯзони мазҳаб ва дин ва кори ҷонии онҳо нест ин ҷо ҳузур доштан. Муллоҳои расмӣ куҷоянд? Ақаллан домуллоҳои маошхӯр бояд ин ҷо сӯҳбату баҳсҳоро гарм нигоҳ доранд. Бовар дорам, агар аз боло амр шуд, онҳо ҳатман ба ин ҳарб ворид мегарданд. Аммо вежагии мушкили №1-и мо ин аст, ки недоуч ва камхондаҳои салла-калла-гир дар ин самт бештар фаол шудаву домуллову эшону сайиду хоҷазодагони моро, ки умре ба Давлат содиқ будаанд, имкони фаолият намедиҳанд.
«Выйдет боком!». Ин масали русӣ, мисли аввалӣ, тарҷумаи таҳтуллафз надорад. Аммо чун корбаст шуд, ба масали имрӯзаи худи ҷавонон «вазнин меафтад», зеро оқибати кор «турб аст»…
Сари мушкил бояд дар долонҳои баландтарин сӯҳбат кард. Чунки омору рапортҳои ба танзим даровардани ғояҳои экстремистӣ, ҳаргиз фикр намекунам, ба ҳақиқат мисқоле наздик бошанд. Зеро...дурӯғанд.
Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase