Ҳасановро касе дашном надодааст!

  • Душанбе, Нояб 27 2017


Мақолаи «Раис на аз боло метарсад, на аз поён» (СССР, №37(470), 14.09.2017) аз ҷониби роҳбарияти ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба ин, қайд менамоем, ки баъди ҳодисаи сӯхтор дар Бозори марказии ноҳия соҳибкорон аз ноилоҷӣ хаймаву дӯконҳои худро дар роҳи калони мошингарди назди бозор гузошта буданд. Бо мурури замон харобаҳои бозор барқарор шуду роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифт, дар арафаи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ соҳибкоронро ба дохили бозор кӯчонаду роҳи мошингардро озод намояд. Бо ин мақсад, гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини раиси ноҳия, мудирони бахшу шуъбаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор таъсис дода шуд. Бо корбарии гурӯҳи корӣ дар байни соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди ҷой  гирифтан дар дохили Бозори марказӣ бурда шуд. Дар пиёда шудани ин иқдом соҳибкорону дӯкондороне низ буданд, ки монеа эҷод мекарданд. Шаҳрванд Насим Ҳасанов маъюби гурӯҳи якум буда, чун дигарон 1 дӯкони хурди хизматрасонӣ дошт. Ӯ ин дӯконро, ки ҳаҷман ва сифатан ба талаботҳои имрӯза ҷавобгӯ набуд, на ҳамчун дӯкони фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо, балки чун нуқтаи фиттафурӯшӣ истифода мебурд. Дӯкони ӯ дар ҷои мувофиқ қарор надошт. Аз ин рӯ, гурӯҳи корӣ ба фаъолияти минбаъдаи ӯ розигӣ надод. Зимни суҳбат ва пурсишҳо Насим Ҳасанов гуфт, ки раис ӯро дар назди дӯконаш дашному ҳақорат надодааст. Ҳатто дӯконашро низ бо корбарии раиси ҷамоати шаҳрак аз қади роҳи калон бардоштаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба Ҳасанов барои дар дохили Бозори марказӣ ҷой гирифтанаш дастур дод.

С.Вализода, Раиси н.Фархор

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase