Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд…

  • Душанбе, Дек 11 2017

Бидуни ғараз-6

Агар аҳамият додаӣ, хонанда, танҳо дар мо-Тоҷикон дини мубини Исломро зидди падарҳомон истифода мекунанд. Тамомии қавми таппакпарасту оғилкошона, ҳуббулгову қувват-ул-гӯсфанд ва уштур-ул-қулуб, яъне степнишину кӯчманчӣ бо падарон фахр доранду мо онҳоро, яъне падаронамонро танҳо бо ин иллат, ки то зуҳури Ислом Зардуштӣ будаанд, ба қавми Гитлер, яъне адӯ баробар кардаему мекунему хоҳем кард!
Нонсенс? Оре! Аммо факт! Факти аблаҳии зотии мо-Тоҷикон!!!


Ягон до…и после…мулло надорем, ки ба ин авомуннос фаҳмонад, ки Тоҷик бе ҳузури Ислом наметавонист мусалмон будан, мисле ки арабу парабу мараб набудаанд…
Ифтихор аз гузаштагон ҳаргиз ба Ислом рабт ва рӯиҳамрафта зиддият надорад. Имрӯз қазоқу муғулҳо сари Чингизхони хунхор баҳсу муколама доранд. Гузашт давроне, ки аз Чингиз метӯриданд. Имрӯз қазоқ мегӯяд, Чингиз аз мосту муғул мешӯрад, ки Темурчин (ҳамон Чингизи лаъин!) аз ман аст!!! Ӯзбакҳои ҳамсоя Темури Ланг-чеҳраи ҳаросангези таърихро қаҳрамони хеш мунтахаб кардаву пайкара гузоштаву зери линги лангаш гулчамбар мегузоранд. Русҳо Иван Грозный-хунхортарин шоҳи оламро дар симову қабои нав зинда мекунанд. Қирғизу туркману озариву чечену ингушу осетинҳо қаҳрамонҳои набударо буда кардаву чеҳрасозӣ доранд. Илло Тоҷикон, ки думи арабро ҳич сар надодаву думи саги худро каҷ мебинанд…
Бало паси арабҳо, ки қаҳрамони дилхоҳ мавъизаҳои мо шудаанду бидуни араб дигар чизе нест, ки қисса кунем ба авоми бечора. Вале факти ҷолиби фаромӯшшудаи таърих шахсан маро дар ин мавъизаҳо нигарон кардааст, ки чаро эмом-хатибони мо аз хидмати Тоҷикони сарбаланду саркашу кишваркушой, ки парчами Исломро бар боми ҷаҳон задаанд, куллан фаромӯш мекунанд? Магар арабе мисли Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Калим, Бедил, Ҳилолӣ, Хусрав, Носир, Шавкати Бухорӣ, Шоҳини Кӯлобӣ, Дониши Бухорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Сомеъ Одиназода… ба Ислом хидмате кардааст? Ҳоло роҷеъ ба кишваркушоӣ ва «исламский поход»-ҳои Исмоили Сомонӣ, ки нисфи оламро мусалмон карда буд ва ё Эмом Абӯ Ҳанифаи Тоҷик, ки миллиардҳо мусалмонро ба мазҳаби таҳаммулпазирияш фаро гирифта тавонист, ман хомӯш менишинам…
Аммо чаро дар кишваре, ки даъвои Тоҷикият дорад, бояд масоҷид куллан пур аз таблиғу ташвиқи араб бошад? Магар мо мисли қавмҳои степнишин алифбову адабиёту таъриху фалсафа надоштем, ки 1 бор, фарзи мисол, 1 мулло дар 1 сол дар бораи Ибни Сино ва таъсири ӯ ба Ислом 1 ҳарф нагӯяд?
Инҳо «недоуч» нестанд. Вале чун дар мадориси хориҷ дарс гирифтаанд, табиист, донишбодовардаанду ун мардумро ташвиқ мекунанд. Аммо ғаробати кор ин ҷост, ки чаро дар Донишгоҳи исломии ҶТ хутабое тарбият намешаванд, ки дар мавъизаҳо аз ифтихороти миллӣ кор гиранду аз уламову удабои Тоҷик, ки парчамбардори Ислом будаанд, ташвиқу тарғиб насозанд? Бо ҳамин шевае, ки кор дар Донишгоҳи исломии мо меравад, агар 100% эмом-хатибони хориҷхондаро бо ватанӣ иваз ҳам кунем, дурри мақсуд бар каф намеояд ва Ислом алайҳи Миллати Тоҷик корбаст хоҳад шуд, мисле ки имрӯз ҳаст!
Тоҷикситезии неоисломистон решаҳои қавии таърихӣ дорад. Зеро аз ҳама ақвоме, ки ба ислом пайвастанд, ин танҳо Падарони некноми мо будандӣ, ки дини яктопарастӣ ҳам доштанду мазҳаби қавие ҳам ва табиист, мубаллиғини аввалини ислом бар зидди ин кеш мавъизаҳо мекарданд, зеро кор бо корду шамшер буд намешуд. Ин дар оғози ислом буду дигар дар Тоҷикистон фарзи мисол, ақаллан 1 зардуштӣ ё худ собиин нест (Дар Қуръон «собиин» аз растагоронанд). Аммо чун Исломро догма кардаанду аз замона тақрибан 7-8 аср қафо гузоштаанд, уламои фиқҳи мо аз ҳамон «шоҳасарҳо»-и дақюнусӣ сабақ гирифтаву таблиғу ташвиқи антиТоҷикӣ-зиддиАҷамиро давом медиҳанд, ки кори савоб нест, агар куфр набошад!
Имрӯз исломро Тоҷикӣ бояд кард. Зеро танҳо исломи мо, мазҳаби мо, кеши мо, метавонад мунодии Исломи Ноб дар ақсои олам гардад. Чунки дар Тоҷикистон мусалмонӣ бештар аз дилхоҳ давлати исломиву арабист. Онҳо ҷангпараст шудаанду мо сулҳовар.
Боре бо 1 арабчопак дар Мадинаи Мунаввара баҳс кардам, ки мусалмонӣ дар куҷо қавитар аст: Тоҷикистон ё Саудӣ? Ба ӯ гуфтам, шумо бо зарби дурра ва калтак мардумро ба намоз мебаред (ҳамин хел ҳам ҳаст!), вале бинед, ки аксарият бо ҳар баҳона гурехта, паси дӯконҳо пинҳон шуда, намоз намеоянд, масоҷиди аз тамоми шароити муосир бархӯрдор, холиянд. Аммо дар Тоҷикистони дунявӣ, ки аслан намоз ихтиёрист, чун бонги намози ҷумъа шуд, ҳазорон-ҳазор нафар масоҷидро пур кардаву дар роҳи асфалт, болои хоку қум, дар гармии +45 ва сардии барфи то миён, саф зада, роҳи нақлиётро соатҳо баста, намоз мегузоранд… Факти овардаам чунон муассир буд, ки гуфт, «оре, мусалмонӣ дар шумо бештар аст!»…Бештар ҳаст! Аммо зимоми ислом бояд аз дасти панарабу панпаштуну панваҳҳобизму антиТоҷикон дар масоҷид гирифта шавад. Зеро то муллоҳои мазҳаби ҳанафӣ ва он ҳам Тоҷикпараст сари кор наоянд, пои мо дар гил асту думи сагамон каҷ:
Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре!
Фардо чӣ кунӣ, чун натавонӣ кардан???

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase