Вақте афғонҳо полковникҳоро мекушанд

  • Ҷумъа, Дек 15 2017



Пролог: шабехун дар марз
Тибқи иттилои расмӣ, шаби 2-юми декабр, тақрибан соатҳои 19-и шаб гурӯҳи қочоқбарон иборат аз 16 нафар бо роҳбарии Кӯри Саттор ба хоки Тоҷикистон даромада, ба гурӯҳи марзбонони Тоҷик дармеафтанд. Ба ҳангоми расидани гурӯҳи ёрии марзбонони Тоҷик марзшиканон фирор карда, ба Афғонистон бозпас гаштанд. Полковник Аҳтамов, ки аз 4 ҷои ҳар 2 пояш тир хӯрда буд, бо иллати зиёд рафтани хун, дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд. Захмиёни дигарро ба беморхона интиқол доданд. Гуфта мешавад, полковник Аҳтамов бадани худро барои ҳифзи аскарбачаҳо сипар кардааст…

Кӯри Саттор ва бандаи ӯ
Кӯри Саттор, яке аз қочоқчиёни аршади маводи мухаддир унвон шуда, тайи солҳои зиёд марзи Тоҷикистонро шикаста, бедодгариҳо нисбат ба мардуми наздимарзии Тоҷикистон кардааст. Аз ҷумла, аввали солҳои 2000 гову моли зиёди Тоҷикони рустоиро ба таври зӯрӣ ба он тарафи рӯди Панҷ мебурд. Дар 1 ҳолат ба якбор зиёда аз 160 говро аз дарё гузаронида, ба Афғонистон бурдааст. Ҳолатҳое ҳам ҷой дошт, ки ин кӯр дар якҷоягӣ бо ҳаммаслаконаш ҳатто шаҳрвандони Тоҷикро ба ҳайси «гарав» бо худ бурдаанд. Бино ба хабарҳо, баъди сардори қисми ҳарбӣ-сарҳадии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин омадани полковник Хайриддин Аҳтамов роҳу гузаргоҳҳои қочоқчии Саттор якбора баста «бизнесаш» хароб шуд. Зимнан, кӯри Саттору дигар қочоқчиёни маводи мухаддири афғонӣ дар пайи полковники Тоҷик афтода буданд. Акнун ликвидатсияи Кӯри Саттор кори ҷонӣ ва ҳифзи шарафи мақомоти Тоҷикистон аст. Бо ҳар роҳу восита, масалан, чун Амрико, бояд ҳукумати мо низ сари ӯро нарх гузорад!!!

Хайриддин Аҳтамов-шогирди Сӯҳроб Қосимов
Сардори қисми ҳарбӣ-марзии н.Ш.Шоҳин, полковник, миллаташ Тоҷик. 1.03.1975 дар ҷамоати деҳоти ба номи «Ватан»-и н.Фархор ба дунё омада, с.1992 мактаби №39-ро бо баҳои хубу аъло хатм карда, ҳамон сол ба мактаби милисаи ш.Рязани Русия дохил мешавад. Ба шаҳодати бародари бузургаш Шариф Аҳтамов, баъди хатми мактаби милиса, дар қисми ҳарбии зудамали ВКД, таҳти роҳбарии генерал Сӯҳроб Қосимов ба ҳайси афсар хизмат ва дар ликвидатсияи полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев дар вил.Суғд ширкат доштааст. Баъди хатми Академияи ҳарбии ш.Маскав ба қисми ҳарбӣ-сарҳадии н.Шурообод (ҳозира Шоҳин) ба вазифаи сардори қисми ҳарбӣ таъйин шуд. Мавсуф 4 фарзанд, 2 писару 2 духтар дошт. Писари калониаш дар синфи 7 мехонаду духтари кӯчакаш ҳамагӣ якуним сол дорад, ки мутаассифона, барвақт сағера монданд. Капитан Назар Лақаев, яке аз шогирдон ва дӯстони полковник, ки аз вил.Суғд ба ҷаноза омадааст, гуфт, «Бо ӯ зиёда аз 6 сол ҳамхизмат будам. Сарбозонро чун фарзанд дӯст медошт. Аз сару либос ва хӯрока, ҳатто чойи эшон санҷиш мекард. Худ шоҳидам, ки барои ширин набудани чойи сарбозон масъулинро ҷазо медод. Дар амалиёти Хоруғ баъди куштори генерал Абдулло Назаров 68 рӯз мондем. Медидам, ки генералҳо, ҳатто вазири мудофиаи вақт Шералӣ Хайруллоев ба полковник Аҳтамов сахт боварӣ доштанд ва дар аксари маврид ба ӯ ва гурӯҳаш такя мекарданд».

Эпилог: ҳама чӣ фаромӯш мешавад!!!
Дар бисёр давлатҳо зиёд қавму миллатҳо барои баланд бардоштани рӯҳи мардумашон аз ҳолатҳои набуда эҷод мекунанд, аз шахсони ношунида қаҳрамон метарошанд ва меофаранд. Танҳо мо-Тоҷикон, қаҳрамонҳои воқеиамонро дидан наметавонем, ҳолатҳои будаи қаҳрамониро нодида мегирем ва бо гузашти танҳо чанд рӯзе дигар аз он фаромӯш мекунем. Вагарна, (танҳо барои андеша) соле пештар дар ҳамин мавзеъ, ҷамоати деҳоти Саричашмаи н.Ш.Шоҳин 1 ҷавонмарди рустоӣ ба ҳангоми 2 нафар ба асири афғонҳо афтодан, бо ҷасорати қаҳрамонона аз дасти 1 афғон автоматашро зада гирифта, 2-тани дигарро кушта, Тоҷиконро аз қочоқбарони ҳамин Кӯри Саттор халос карда буд…Мутаассифона, дар мо «ҳама кас ва ҳама чиз фаромӯш мешавад». Корномаи ин полковники қаҳрамон ҳам ҳатман фаромӯш хоҳад гашт... Мо Метавонем?!

Аслиддин Достиев
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase