Редаксия супориш дод: Морг рав!

  • Панҷшанбе, Фев 22 2018


(идома аз шумораи пешин)

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта ба морг, дурусттараш автоморг рафтам, то аз вазъи ин бозори даромадноку ҳамзамон тиҷорати хатарнок-хариду фурӯши қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт аз наздик ошно шуда, аз фурӯшандагону харидорон дар бораи таъсири манъи вуруди мошинҳои соли бароришашон то 2005 ба ин тиҷорат бипурсам. Инак, рафтеммм ба морггг!

Автоморги №1
11.02.2018. Соат бо вақти Душанбе 11:00 дақиқа. Дӯстони ронандаам гуфтанд, ки дар пойтахт 3 автоморг-бозори қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёти кӯҳна ҳастанд, ки калонтарину серодамтарини онҳо дар шафати терминали гумрукиву боркашонӣ, дар Автосентр ҷойгир аст. Мизоҷон ин бозорро автоморги №1 меноманд! 2 бозори дигари қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт дар маҳаллаи Политехникум ва Южний мавҷуд буда, эҳтиёҷмандон бештар ба автоморги №1 рафта, аз ҳамон ҷо қисми эҳтиётии барои мошини худ лозимро пайдо мекунанд. Ман ҳам барои боздид автоморги №1-и пойтахтро интихоб кардаму, бо 1 дӯсти ронандаам ба ин бозор роҳ пеш гирифтам.

Бозор, ё майдони ҷанги Сурия!
Соат бо вақти Душанбе 11:30 дақиқа. Бо дӯстам байни растаҳои автоморг гашта, ба хотири фурӯшандаҳое, ки ҳамагӣ мард буданд ва шубҳа накунанд, назди чанд дӯкон истода, нархи муҳаррику дару чароғи «Лексус» ва «Мерседес-бенз»-ро пурсидем. Маълум аст, ки равғани рехтаи мошину бензину солярка, бӯи бади газу қисмҳои эҳтиётии сӯхта барои чунин бозор маъмулист ва ман инро қабул дорам. Аммо тасаввур намекардам, ки ин бозор то ин ҳад ифлосу бадбӯ ва бетартиб бошад! Садҳо муҳаррику дару капоти мошин рӯи замин партофта, байни дӯконҳо бо баннери сабзранги кӯҳна ҷудо карда шудааст. Назди ҳар 1 дӯкон ба қавле ғарам-ғарам партову дар назди тӯдаи бешумори чархҳо маводи зуд оташгиранда. Қисмҳои эҳтиётии гуногунҳаҷму гуногунандоза рӯи ҳам партофта шуда, харидор дар ҷустуҷӯ ва интихоби қисми эҳтиётии лозимӣ лол мемонад. Тартибу тозагӣ нест! Боз дар ҳар гӯшаи он ошхона фаъол асту дар наздикии қисмҳои эҳтиётии зуд оташгиранда дег монда, баҳузур оши палав пухта истодаанд! Ин бозор ба назарам майдони ҷанги Сурияро пас аз ҳуҷуми ҳавоӣ мемонд-ҳама ҷо шикаставу пораву хоколуд ва беназм! Ва ин ҳам дар яке аз гӯшаҳои марказии Душанбе!!!

Морги «оригинал»?
Соат бо вақти Душанбе 12:00 дақиқа. Дӯстам гуфт, ки нархи қисмҳои эҳтиётии ин бозор назар ба мағозаҳои фурӯши фирмавӣ ба маротиб гаронтар аст. Аз ин тааҷҷуб кардам, зеро ба назарам дар чунин кӯҳнабозор ҳама чиз бояд арзон бошад. Вале пас аз пурсидани нарху навои чанд қисми эҳтиётӣ маълум шуд, ки воқеан ҳарчӣ мардум мегӯянд, рост будааст. Ба автоморг ва умуман ба тамоми бозори қисмҳои эҳтиётии истифодашуда асосан қисмҳои эҳтиётии мошинҳои садама кардаро меоранд. Мошини сабукрави чаппашударо бо нархи арзон харида, устоҳо онро пурра майда намуда, асбобҳои дуруст ва осебнадидаро ҷудо карда, дар алоҳидагӣ ба фурӯш мегузоранд. Ҳамин тавр, нархи 1 мошини ба садама дучор шударо устоҳо агар ба 5000 сомонӣ бихаранд, онро майда карда, 15-20.000 сомонӣ мефурӯшанд! Ана, бизнес! Ана, гап дар куҷо будааст! Дар ҶТ чӣ қадар авария зиёд шуд, бизнеси инҳо ҳамон миқдор дар рушд аст!!!
1 сабаби серхаридор будани ин бозор дар он аст, ки 99%-и қисмҳои эҳтиётии автоморг ба қавле «оригинал» буда, аз мошинҳои аслӣ мебошанд. Оре, дар ин бозор қисмҳои эҳтиётии истифодашудаи мошинҳои аврупоӣ низ амсоли «секонд-ҳенд» оварда фурӯхта мешудаанд. Ин аст, ки нархи 1 дари мошини сабукрави «Опел» дар мағозаи махсус 250-300 сомонӣ бошад, дар автоморг 500-600 сомонист! Ронандаҳо ба мағозаҳои фирмавӣ бовар надоранд: Ҳамааш хитоист, мегӯянд онҳо.

Нарх меҷаҳад!
Соат бо вақти Душанбе 13:00 дақиқа. Ҳангоми пурсидани нархи ин ё он қисми эҳтиётӣ саъй мекардам аз фурӯшандаҳо дар бораи манъи воридоти воситаҳои нақлиёти соли бароришашон то с.2005 ва таъсири он ба ин бозору тиҷорат пурсам. Ғайричашмдошт савдогарон аз ин қарор шод буданд, зеро воридот, ки манъ шуд, талабот ба мошинҳои кӯҳна меафзояд, мисли он, ки ба қисмҳои эҳтиётии ин мошинҳо! Яъне, агар имрӯз дар ин бозор нархи 1 чароғ-фари пеши мошини тамғаи «Мерседес-бенз» 450 сомонӣ бошад, моҳи дигар он то 700-750 сомонӣ хоҳад баромад! Дар баробари ин, чун дигар воридот намешавад, мошинҳои кӯҳна бештар ба таъмиру усто ниёз пайдо мекунанду ронандагон маҷбуранд қисмҳои эҳтиётиро бо нархҳои ҳангуфт бихаранд. Автоморг дар ҳоли бурд аст!

Бизнеси сердаромад, аммо пинҳон?
Соат бо вақти Душанбе 13:33 дақиқа. Автоморги №1-и ш.Душанбе хеле калон будааст. Аз рӯи ҳисоби ман он 3-4 га.-ро ташкил медиҳад. Ҳудуди ин бозор ҳоло шахсӣ буда, тавре маълум шуд, аксарияти тоҷирону устохонаҳо иҷоранишинанд. Автоморги №1 дар суроғаи кӯч.Южно-Обходной 1 қарор дошта, ба гуфти тоҷирон соҳиби он яке аз мансабдорони баландпояи соҳаи андозу молияи кишвар асту худ бо воридоти қисмҳои эҳтиётии б/у («бывшие в употребнии»), яъне истифодашуда машғул ҳам ҳаст.
Воқеан ҳам тиҷорати қисмҳои эҳтиётӣ имрӯз дар ҷаҳон дар баробари хариду фурӯши аслиҳа, маводи мухаддира ва танфурӯшӣ тиҷорати хеле сердаромад ба ҳисоб меравад. Мо намедонем паси ин бизнес дар Тоҷикистон кӣ меистад, аммо аз рӯи гуфти фурӯшандагони ин бозор, хоса, он афроде, ки нагузоштанд акс бигирам, «эҳтиёт бош, зеро раис (!) туро аз таги замин ҳам хоҳад ёфт!». Шояд, вале боз ҳам ман мехоҳам мансабдореро, ки паси ин бизнеси сердаромад истодааст, пайдо намоям. Дур намегурезам аз ин раиси гизала. Кӯчаи С.Шерозӣ-16, ошёнаи 4, редаксияи газетаи мардумии СССР. Мо интизор. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase