Созҳои мусиқии дар ҳоли марг!!!

  • Панҷшанбе, Июн 07 2018

Хеле сари сол мунтазир будем, ки ин камбуд ислоҳ мешавад ё касе овоз рӯшан мекунад, ё аз пайи ислоҳаш мутасаддиён гом мениҳанд. Ба бӯе, ки рӯзе омӯзгорон, устодони муассисаҳои фарҳангӣ онро матраҳ мекунанд, хомӯширо афзал донистем. Афсӯс, чунон нашуд. Аҳвол сол ба сол бад шудан дорад! Касе дигар бонги изтироб назад… Сухан аз боби созҳои дойра, думбра, скрипка (ғижак) ва асбобҳои нафасӣ амсоли карнай, саксофон (труба, трамбон, туба) меравад. Ҳар боре чун сухан аз сифату ҳоли созҳои мусиқӣ рафт, масъулон зуд баҳона пеш меоранд, ки маблағгузорӣ бад ва ҳол хароб аст. Аммо барои рафъи камбудие, ки мо гуфтанием, маблағи кироие масраф намегардад. Ин дафъа нисбати танҳо як паҳлуи нозуки он андеша меронем. Аввалтар аз ҳама бо дилхоҳ сози мусиқӣ, хоҳ нав бошад хоҳ куҳна, хоҳ тоза бошаду хоҳ ғажд навозанда метавонад дар машқгоҳ чи қадаре ки дилаш мехоҳад, тамрин кунад, ба гуфте хоҳ шиштонакӣ, хоҳ росто. Вале чун ба назди мардум, толорҳои консертӣ ё кохҳои фарҳангӣ рехтанд, бояд бидонанд, ки бо сарулибоси нозеб, созҳои ғажду шикаста ва қарқин ҳунарнамоӣ кардан ҳуқуқи маънавӣ надоранд. Дар ин самт, сар аз навозанда то роҳбарон нек биандешанд, ки чунин муносибат бо сомеон аз рӯи эҳтиром нахоҳад буд. Фаромӯш набояд сохт, ки алҳол тамоми шабакаҳои марказии ТВ Тоҷикистон ба моҳвораҳо пайваст шудаанд. Аз ин рӯ, ба қавли персонажи ҳунарпешаи ғалатӣ Убайдулло Раҷаб: «Эҳтиёт, эҳтиёт ва эҳтиёт» мебояд буд. Аз навозандаву муаллимони мактабҳои мусиқӣ, коллеҷу донишкадаҳои фарҳангӣ, таҳиягарони ТВ то аршади (ҳавои даҳани) Вазорати фарҳанг бояд пайи ислоҳи ин ҷурм чораҳои зарурӣ бубинанд. Танҳо ба муҳтавои суруду шеър аҳамият додан (ин бахш низ бо ҳар 2 по мелангад) кам аст. Қабл аз сабти барномаҳои гуногунсатҳ ҷиддитар бояд муносибат кард, то ба ҳоли ҳазини ҳунарварони мо аз берун наханданд.

Дойра
Дар саҳнаи кохҳои консертӣ ва ТВ ҳунарнамоии дойрадастони камҳавсалаву бемасъулият нигаронкунанда аст. Гап аз боби изи ангуштони ношустаи навозандаҳо дар пардаи дойра ва латтаи рангкостаи нарангушт меравад. Он бандаке, ки сари нарангушт барои устувор нигоҳ доштани дойра хидмат мегузорад. Он порча латтаи аз сӯфи сафед (дока ё хайр), ки ҳамагӣ 25-30 сантимерро дар бар мегирад, боиси нороҳатии муштарӣ мегардад. Қисмате аз дойранавозони тӯйгард он ришта ё бандакро сари вақт иваз намекунанд ва ин ҳоли хароб аз назари камераи ТВ дур намемонад. Қарқии матоъ ё куҳна будани он дар назари бинанда ба зудӣ аён мегардад. Мутаассифона, ба ин чизи ҷузъӣ касе диққат намедиҳад ва ин рафтор маъмулӣ шудааст. На навозанда, на роҳбари даста, на таҳиягари барномаҳои ТВ… аз пайи ислоҳаш намекӯшанд. Зеро фикру зикри эшон побанди масъалаҳои «глобалӣ» аст. Барои рафъи ин камбудӣ маблағ баҳона шуда наметавонад.

Дутор (думбра)
Ҳоли зори сози дутор (возеҳтараш думбра) ба хубӣ аён аст. Қисмате аз навозандаҳо бо думбраҳои қарқин рӯи саҳна, назди мардум, дар коху толорҳои консертӣ ва ҳам ТВ бе баркаш ҳунар менамоянд, ки аз чунин беадабӣ шарми кас меояд. Чиркинии сарпӯш (рӯпӯш)-и косахонаи думбра дар ҳолати нашустани даст, пас аз хӯрдани хӯроки серравғану гӯштӣ рӯ мезанад. Ин ҷо аз боби рах (ханҷол)-ҳои мизроб (захма)-ҳои болои рӯпӯши дутор-басҳо (торҳо низ), алҳол чизе гуфтанӣ нестем. Чораи ислоҳ. 2 роҳ аст: 1.Сари вақт, қабл аз ҳунарнамоӣ шустани дастон. 2.Бо лак пӯшондани рӯпӯши думбра, мисли дуторҳои сохти тошкандӣ.

Руҷӯъ
Чанд сол қабл мутриб ва сарояндаи мумтозеро аз музофот ба пойтахт хонда, дарҳол барояш саҳнаи ТВро пешкаш карданд. Аз дидану навозиш ва сурудхониаш хушҳол гаштем. Он лаҳза танҳо 1 ҳолат ошноҳоро нороҳат сохт. Он ҷониб бо набуди фурсати муносиб ё хайр имкон наёфта буд, ки нохунҳояшро гирад. Оператор тасодуф ё барқасд ҳар лаҳза ангуштони муғаннии нозанинро аз наздик (крупный план) намоиш медод. То чанд моҳ хати сиёҳи зери нохунҳои ӯ мавзӯи ҳазлу мазоҳ қарор гирифт. Мутаассуф, имрӯз ҳам чунин ҳол ба назар мерасад, ки навозандаҳои созҳои захмавӣ бо нохунҳои ногирифта рӯи саҳна меоянд. Барои рафъи чунин камбудӣ маблағи ҳангуфт масраф намешавад. Шукрона, имрӯз дар ҳама ҷо нохунгирак муҳайёст…

Скрипка (ғижак)
Имрӯзҳо дар ҳама дастаҳои ҳунарӣ, чи халқиву чи эстрадӣ, чи тоқанавоз ва чи дар ҳайати оркестрҳо ин асбоб то рафт мақоми устуворро касб мекунад. Хосса, овони соҳибистиқлолии кишвар шумораи навозандаҳои ин соз бедарак афзуд. Ин хуб аст, аммо ба ҷуз навозандагони театри опера ва балет, дигар скрипканавозон ба сози хеш аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Ин рафтори номуносиб тайи 5-10 соли охир ҳич не, ки ислоҳ ёбад. Пас аз шакидани канифол ба камонча (суфачӯб), ҳини навохтан гарди он болои харак ва атрофи он мерезад. Сафедӣ (чирк)-и болои скрипка дар назар бисёр нозеб метобад. Ин гувоҳи он аст, ки навозанда ва муаллимони ин асбоб бас бепарвоянд (солҳои пеш мутрибон аз ширеши зардолу ё ширеши ширакамол истифода мебурданд). Дар кулли дастаҳои ҳунарӣ тозаву озода нигоҳ доштани думбраву скрипка бояд дар мадди аввал бошад. Зеро маҳз дар ин 2 соз ғаждӣ тез намоён мегардад. Имрӯз бехушӣ то ҳаддест, ки ҳатто навозандаҳои номдору маъруфи кишвар ба чунин саҳлангорӣ роҳ медиҳанд. Бадии кор дар он аст, ки скрипканавозони ҷавон аз рафтори мутрибони калонсол «ибрат» мегиранд. Ҳоли скрипкаҳои мутрибони Филармонияи давлатии ҷумҳурӣ ҳузновар аст. Навозандаҳои дастаҳои ҳунарии Кумитаи ТВ ва радиои ҷумҳурӣ низ аз онҳо монданӣ надоранд. Ин дафъа аз гирифтани номи скрипканавозони «пудра»-дӯстдор худдорӣ менамоем. Аммо бо фурсати муносиб сари ин масъала боз хоҳем гашт. Муҷримон: муаллимони коллеҷу мактабҳои мусиқӣ, навозандаҳо, роҳбарони дастаҳои ҳунарӣ, таҳиягарони ТВ…

Руҷӯъ
Чанд сол муқаддам дар хурсандие ҳузур доштем. Маҳфилро ғижакнавози мумтоз Ҳасани Собир (равоншод) нур бахшид. Пас аз фарҷоми маърака, сари 1 пиёла чой соҳибхона Ҷумъахон Раҳмон мутрибро муаррифӣ намуд. Ҳин, ин ҷониб низ изҳори назар кардам, ки Ҳасан аз зумраи ғижакнавозони бесобиқаи тоҷик аст. Хидмати эшонро дар тарбияи ҳунармандони ҷавон, дар шаҳри бостонии Кӯлоб медонем. Банда аз он хушҳолам, ки мутриб асбоби мусиқии хешро эҳтиром медорад. Ҳол он ки ба 1 дидан аён, ки сози мусиқиаш хелаина аст. Аз суханони ин ҷониб навозандаи ғалатӣ бағоят хушнуд гашта, изҳори сипос намуд. Дарвоқеъ, Ҳ.Собир ба сози мусиқии хеш муносибати хос дошт. Чун аз ин боб сухан рафт, зикри номи 1 мутрибро ҳатмӣ медонем. Дар байни навозандаҳои созҳои захмавӣ дар миқёси кишвар ба забон овардани номи Баҳром Қодиров-мутриби бемисл, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қобили қабул ва намунаи ибрат аст. Сарулибоси тоза, ҳолати хуби сози мусиқӣ ва навозиши волояш ҳаваси ҳар бинандаро меорад.

Карнай
Ин сози мусиқӣ-муждарасони сари сол, сароғози кулли нишоту тараб, маъракаҳои хурду бузург 10-15 соли ахир дар саросари мамлакат авлавият пайдо карда, алҳол дар дилхоҳ даста на камтар аз 2-3 карнайнавоз ширкат меварзанд. Дар шаҳрҳои ободон, ба таъбири мӯсафедон, дар ободиҳо то 4-6 ҳунарманд табли хушҳолӣ мезананд. Ҳама хубу ҳам соз аст, ба ҷуз 1 ҷурм. Аксари навозандаҳои хурду бузурги карнай ба тозагии сози хеш аҳамияти зарурӣ намедиҳанд, ки бас нозеб аст. Созҳои мусиқие, ки аз мис ва биринҷӣ сохта мешаванд, бояд сари вақт бо хамираи поксозӣ (пастагой) тоза карда шавад, то он баробари садои марғубаш доимо ҷило диҳад…
 
Саксофон
Ин соз баробар бо труба, трамбон, туба-созҳои мусиқии нафасӣ низ тозагиро мепарастанд. Аксари ин асбобҳо аз биринҷӣ сохта мешаванд. Ба ин монанд созҳоро сари чанд вақт бояд пок кард. Дар оркестрҳои созӣ, симфонӣ чунин асбобҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Агар дар гурӯҳи 1 навозанда асбобашро тоза намояду дигарӣ на, ансамбл ба назар алобуло метобад. Он ҷурм, ба вежа, ҳини тамошо аз ТВ ба хубӣ аён мегардад. Қисмате аз навозандаҳо ба солу моҳ созашонро бо хамираи махсус пок намекунанд ва шарм намедоранд! Тӯли 10-15 соли охир сафи ҷавонони саксофоннавоз меафзояд, ки боиси хурсандист. Аммо ҳар як навозанда бояд созашро эҳтиром гузорад, то он ҳамеша ҷило диҳад, хоҳ зери шуои офтоб, хоҳ зери партави чароғҳо. Барои иҷрои ин кор маблағи зиёд сарф намегардад. Рафъи чунин камбудиҳо кирои баҳона ҳам нест. Сарфи назар аз мушкилиҳо имрӯз дар ш.Душанбе устохонаи созтарошии «Армуғон» побарҷо ва созтароши номӣ усто Дона Зиё болои кор аст. Фарзандони ӯ ҳамчун устоҳои хуб ном бароварда, аз пайи падари ҳунармандашон равонаанд. Хушоянд аст, ки Саидислом  Қодиров-писари созтароши маъруфи кишвар шодравон Усто Ғуломи Ховалингӣ чанд сол боз сокини пойтахт шудааст. Ӯ акнун дар ш.Душанбе соз метарошад, созҳои бисёр зебову мунаққаш. Хосса, думбраҳои тарошидаи ӯ бебаҳоянд. Навозанда бояд ба созаш эҳтиром гузорад, то умри асбоб дароз шавад. Мисли скрипкаҳои устои итолиёвӣ Страдивари! Мисле, ки с.1998 дар ауксиони Лондон 1 адад скрипкаи Страдивари бо маблағи $1 млну 526.000 ба савдо рафт. Ҳолиё дар қисмате аз осорхонаҳои шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ гунаи созҳои қадима маҳфузанд, ки боиси хушнудист. Ҳамчунон, дар дасти ашхоси алоҳида асбобҳои қадима ҳифз мешаванд. Ба мисол, танбӯри устоди забардаст Фазлиддин Шаҳобов, ки с.1935 дар ш.Бухоро усто Тоҳири Бухороӣ тарошидааст, дар дасти мутриби мумтоз Муродҷон Эшонқулов маҳфуз аст. Фаромӯш набояд кард, ки навозандагони ҳама гуна созҳои мусиқӣ, ба масал, бо 1 дойра ё 1 асбоби хурд ризқу рӯзии аҳли хонаводаашонро меёбанд ва аз ҳисоби ҳамин сози хурд дар ҷамъият соҳиби обруву унвону манзалат мегарданд. Аз ин хотир ҳар 1 муғаннӣ бубоист сози мусиқии хешро эҳтиром гузорад.

Умари Шерхон,
адиб

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase