Наздики 20 миллион сомонӣ-зарари селу борон

  • Панҷшанбе, Июн 14 2018

135 хоҷагиро кӯчониданд
Боронҳои шадиди рӯзҳои 16-18-уми майи соли 2018 сабабгори омадани сел дар 2 ноҳияи вилояти Хатлон шуданд. Дар н.Панҷ: деҳаҳои Коммунизм, Пешқадами ҷамоати Намуна, деҳаи Селгаи ҷамоати Кабуд Сайфуддинов ва деҳаи Отчопари ҷамоати Озодагон, дар н.Фархор бошад, деҳаҳои Сурхоб ва Нурмат Сафарови ҷамоати Ғалаба. Дар н.Панҷ 1471 хоҷагӣ сари вақт кӯчонида шуда, дар н.Фархор бошад 135 хоҷагӣ ба ҷои дигар интиқол дода шуданд. Аз ин сели харобиовар ним моҳ сипарӣ гашт, аммо он зарару харобиҳои зиёд овард, 2 нафар бар асари он ҳалок шуда, хонаҳо зери обу гил монданд, роҳу пулҳо хароб шуданд. Бо гузашти ин ним моҳ зиндагӣ дар ин минтақаҳо тадриҷан ба ҳолати аввал бармегардад. Вале ҳоло корҳои зиёдеро бояд анҷом дод, то оқибати ин сели харобиовар бартараф карда шавад.

12 хона аз лойоба тоза шуд
Барои андешидани чораҳо ва татбиқи амалии он гурӯҳҳои корӣ бо сарварии ҷонишинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ таъсис ёфт, ки худи ҳамон рӯз ба минтақҳои офатзада эъзом шуданд. Ҳамчунин бо мақсади муайян намудани мизони зарари расида ва ҳаҷми вароншудаҳо Комиссия аз ҳисоби намояндагони Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ, Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ ва мақомоти дахлдори вил.Хатлон созмон дода шуд. Аз ҷониби наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вил.Хатлон танҳо дар таърихи 17-уми май 12 хонаи истиқоматӣ аз лою лойоба тоза карда шуда, наҷотдиҳандагони КҲФ дар н.Фархор дар заврақҳо 40 нафарро ба макони амн интиқол доданд. Барои анҷоми корҳои поксозӣ дар ҷамоатҳои зарардида ва деҳаҳо қарор қабул шуд, ки сарбозон, афсарони воҳидҳои низомии кумита, ки дар қаламрави вил.Хатлон ҷойгиранд, ҷалб шаванд. Дар ҷараёни роҳандозии корҳои поккорӣ онҳо 977 хонаҳои зарардидаро аз лою лойоба ва сангу хору хас тоза карданд. Ҳамчунин кӯчаҳои зиёде аз пасмондаи сел тоза карда шуданд, поксозии роҳҳо, қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳамоно дар ҷараёнанд, корҳои соҳилбандӣ дар соҳилҳои дарёи Сурхоб идома доранд. Ҷасади ҳайвоноти мурда берун оварда шуда, корҳои беҳдоштӣ анҷом дода шуданд.

Сел 7838 км роҳро шуст
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи н.Панҷ 977 хонаҳои селзадаро аз назар гузаронд. Ошкор шуд, ки дар натиҷаи офати табиӣ 20 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон шуд, 8 хона қисман зарар дид, 949 иншоотҳои ёрирасон ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, бинои 1 мактаб, 7838 км роҳи мошингард, 4 пул, 5.061 км хати интиқоли нерӯи барқ, 0,5 км иншоотҳои соҳилмутаҳкамкунанда, 41.8 км селбурда, 8 адад стансияи насосӣ ва иншооти гидротехникӣ, 738.58 га замини кишт ва 3 боғ қисман хароб шудааст. Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи н.Фархор муайян кард, ки офати табиӣ 6 хонаи истиқоматиро вайрон карда, ба 11 хона, 114 иншоотҳои ёрирасон ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, 3.3 км роҳи байни деҳаҳо, 0,95 км хати интиқоли нерӯи барқ, 24.02 км канал, 15.6 км шабакаҳои коллекторӣ-дренажӣ, 6.72 га қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, 272.14 га заминҳои кишт қисман зарар расонд.

Қулмуродро сел чӣ хел бурд?
Тавре дар сӯҳбат бо мухбири СССР Камолзода Раҳматхуҷа-муовини раиси н.Фархор гуфт, омадани сели даҳшатнок дар ҷамоати деҳоти «Ғалаба» 273 га заминҳои кишоварзиро нобуд карда, зарари молии аз ин офат расида то ба имрӯз маблағи 862 698 сомониро ташкил кардааст. Аз ҷумла, 63 га замини пахта, 84 га замини ғалладонагӣ, 25 га хӯроки чорво, 39 га сабзавот, 55 га замини полезӣ, 6,1 га замини картошка зарар дидаанд. Инчунин, 40 км хатҳои обёрӣ, каналҳо ва заҳбуру заҳкашҳо осеб дида, 104 таҳхонаи манзизи зисти сокинони деҳаи Сурхобро сел зер карда, зарари молӣ ба иншоотҳои ёрирасон бошад 342 000 сомониро ташкил менамояд. Гуфта мешавад, ки сел роҳҳои автомобилгарди магистаралии Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстиро аз км 45 то 48 ба масофаи 2600 метр зер карда, 500 метр роҳро хароб кардааст. Дар натиҷаи офат 20 адад симчӯбҳо, 120 адад оиқ (изолятор) ва 400 кг ноқили интиқоли барқ корношоям шуда, маблағи зарар 32.000 сомониро ташкил мекунад. Маблағи умумии зарар аз офат дар деҳаҳои Сурхоб, Н.Сафаров ва Ваҳдати ҷамоати деҳоти «Ғалаба»-и ноҳия 3 83 180 сомониро ташкил менамояд.
Рӯзи 17 май Одинахонов Қулмурод сокини 25-солаи деҳаи Н.Сафаров ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди байни деҳаҳои Сурхоб ва Н.Сафаров дар натиҷаи фурӯ рафтани роҳ ба чуқурӣ афтида, сел бо сангу шағал ӯро ба дарёи Сурхоб бурда ба ҳалокат расонидааст. Дар деҳаи Сурхоб 6 хона пурра вайрон гашта, ҳаҷми зарар 242 345 сомониро ташкил медиҳад. Ҳукумати ноҳия дар ҳамбастагии соҳибкорон кӯшиш доранд, дар рӯзҳои наздик хонаҳои осебдидаро тариқи ҳашар барқарор намоянд.

Аз мақомот миннатдорем!
Қувватова Сайрия-сокини деҳаи Сурхоб дар сӯҳбат афзуд, ки «айни ҳол ба сокинони осебдида мақомот кӯмак расонида, бо маводи озуқа-орду равған ва 3 маротиба хӯроки гарм таъмин намуда истодаанд. Ягона хоҳиши мардум ин то фасли тирамоҳ барқарор шудани хонаҳо аст. Шукрона аз Худованд мекунем, ки офати табии рӯзона сар зад, агар шабона мешуд на танҳо хонаҳоро сел мебурд, балки ҷони чандин нафари пиронсолу беморро низ мегирифт, ташаккури бе андоза ба ҳукумати ноҳия, ки фаврӣ омада кӯмак расониданд, умедворем, ки то охир дар паҳлуи мо меистанд». Ҳамсӯҳбати дигари мо Ибронов Бахтовар, ки хонааш пурра аз сел зарар дидааст, афзуд, чунин сели даҳшатнокро мо солҳои 1978 дида будем. Ҳамасола бориши пай дар пай буд, аммо то чунин ҳолат нарасида ва касе дарк ҳам намекард, ки сели шадид хонаҳои мардумро канда мебарад.
Мақомоти ҳокимияти маҳаллии н.Панҷ ба аҳолии зарардида 33660 кг орд, 2402 литр равғани рустанӣ, 2379 кг макарон, 3968 кг биринҷ, 555 кг намак, 1447 кг шакар, 14030 нон, 57 кг чойи хушк, 648 кг гӯшт, 17 865 кг картошка,1380 кг сабзӣ, 20606 кг пиёз, 17 адад қолин, 9 адад палас, 239 дона кампал, 6 адад матрас, 340 дона курпача, 246 адад болишт, 22 адад дастурхон, 54 адад чойники алюминӣ, 253 адад чойник, 782 дона косача, 70 адад қошуқ, 210 тақсимча, 90 бастаи зарфҳо, 305 адад либоси мардона, 359 либоси занона, 358 либоси бачагона, 12 ҷуфт пойафзоли мардона, 5 ҷуфт пойафзоли занона, 12 ҷуфт пойафзоли бачагона, 6 қуттӣ собун, 22 адад хокаи ҷомашӯӣ, 15 дона сачоқ, 108 адад сатил, 12 дона термос, 8 дег… кумак карданд. Ба зарардидагони н.Фархор бошад 25250 кг орд, 252,5 кг чойи хушк, 505 кг намак, 2525 литр равғани рустанӣ, 2525 кг макарон, 2525 кг шакар, 2525 кг биринҷ, 310 қуттӣ хокаи ҷомашӯӣ ва 620 собун тақсим карда шуд. Бино ба иттилои Давлатов Фаридун-сармутахассиси шӯъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии ҳукумати вил.Хатлон, зарари молии офатҳои табиӣ ба ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Хуросон ва Вахш расида, дар маҷмӯъ 19 544 242 сомониро ташкил медиҳад.

Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase