«Генерали мардумӣ» 25 сол суд шуд!

  • Панҷшанбе, Июн 14 2018

Суди олии Тоҷикистон «генерали мардумӣ»-Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев), яке аз ораторҳои майдони «Шаҳидон» дар солҳои 1990-ро ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Мавсуф бо 3 моддаи Кодекси ҷиноӣ-"барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" айбдор дониста шудааст.
Ғозиев моҳи ноябри соли 2017, замоне ки тариқи Истанбул аз Эрон ба Русия бармегашт, аз ҷониби нерӯҳои амниятии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шуд. Эълони ҳукми ин рӯҳонӣ дар ҳолест, ки рӯзи 12-уми май президент Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқоташ бо аҳли ҷомеаи кишвар зимни интиқод аз ТЭТ ҲНИТ ва пайравии ин ҳизби мамнӯъ аз мазҳаби шиа, ба қазияи Ғозӣ ҳам алоҳида муроҷиат карда гуфт: "Ба ном генерал Қиёмиддин, мулло Қиёмиддини Ғозималик, яке аз сабабгорони бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дастгир карда шуд. Ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак дӯсти мо. Боз барои ҳамон амалҳои нопоки худ. Худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии он кишвар зидди миллати тоҷик кор кардааст".
Эшони Қиёмиддин дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз иҷрокунандагони майдони Шаҳидон – тарафдорони нерӯҳои исломӣ ва демократӣ буд ва ӯро бо унвони ғайрирасмии “генерали мардумӣ” ҳам доданд. Баъди шурӯи ҷанг ба Афғонистон гурехта, дар ҳайати ИНОТ фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд.

Дар ҳамин маврид
“Генерал” бояд ҷазо гирад!
Ҳафтае пештар ва қабл аз ҳукм гирифтани Эшони Қиёмиддин 1 нафар хонандаи газетаи мардумии СССР ба редаксия хотироти худро навишта фиристод:
-1 шиносам ба ман аз хусуси майдони “Шаҳидон” дар с.1992 нақл намуд. Ӯ он сол донишҷӯи Донишкадаи аграрӣ буда, баъди дарс пои пиёда 2 майдонро гузашта ба хонаи иҷорааш мерафтааст. Дар “Шаҳидон” ҷавонону мардони мӯсафеди саллаю тоқии сафеддор рӯи замин нишаста, бо забон “Оллоҳу акбар” мегуфтанд. Ин амалу рафтори онҳо ба мо чун тамошо ба чашм мерасид. Дар 1 мошини сабукрави “УАЗ-469”-и болояш кушода шахси ришдоре бо либоси ҳарбӣ худ танҳо савор ва рост истода, дасташ чун дасти Адолф Гитлер ба боло буд. Ин одам Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ будааст, ки аз ноӯҳдабароии ҳокимони вақт соҳиби майдон гашта, худро “генерали мардумӣ” номид. Гурӯҳи ришдорони тарафдораш аз ақиби мошин омада бо овози баланд:
Золимин, золимин,
Марг ба найрангатон!
Хуни шаҳидони мо,
Мечакад аз чангатон!- мехонданд ва 1 каси дигар бо овози баланд “Такбир” мегуфт. Дигарон бошанд якҷоя “Аллоҳу Акбар” мегуфтанд.
Ҳоло ВАОи ҷумҳурӣ хабар доданд, ки эшони Қиёмиддини фирорӣ, ки бо пули мардуми бегона зархарид шуда, мазҳаби шиъаро қабул кардааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Саволи конкрет ба миён меояд, ки суди адолатнок ӯро барои шиъа шуданаш ё ҷурми хиёнат ба Ватан ваё барои рехтани хуни чандин бегуноҳу гунаҳдорон ҷазо медода бошад? Агар генерали мардумӣ ҷазояшро гирад ва ҳаммаслакони ӯ, ки аз ақибаш “Аллоҳу Акбар” мегуфтанд, беҷазо мемонда бошанд?

Абдусалом Абдуллоев,
н.Ёвон, тел: 93 588 92 23

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase