Аз тақсими силоҳ то гусели майдоннишинон

  • Чоршанбе, Июл 10 2019

 

 

(ҷанги граждании Тоҷикистон аз дурбини 1 шоҳид дар Душанбе)

Нофаҳмӣ дар байни кормандони ВКД

Аввалҳои маймоҳи соли 1992 ман ҳамчун муовини сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Кӯлоб, роҳбари гуруҳи милитсияҳои вилояти Кӯлоб, иборат аз 40 нафар ба шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон бо даъвати ВКД ҶТ омада, тибқи фармони вазорат ҳимояи гирдиҳамомадагони майдони Озодиро ба уҳда доштем.

Рӯзи 4-уми хизмат 1 нафар коргари ВКД ба ман гуфт, шоҳиди гуфтугӯе будааст, ки «имшаб милитсияҳои Кӯлобро бе яроқ карданиянд». Он вақт мо дар дохили зали варзишии «Динамо» ҷойгир будем. Инро бояд махсус қайд кард, ки он замон аллакай дар амалҳои худи коргарон ва роҳбарияти ВКД ҶТ нофаҳмиҳо, бесарусомонӣ, роҳгумӣ сар шуда буд ва пагондорон ҳам худ гуруҳҳои ҳархеларо тарафдорӣ мекарданд. Ин ҳолатро дида ба хулосае омадам, ки коргаронро аз варзишгоҳ як илоҷ карда баровардан лозим, то байни мо низоъ нахезад. Ин вазъро ба сардори раёсат муҳтарам Пирӣ Ҳусейнов арз намудам. Он кас гуфтанд, ки «ҳолатро аз он ҷо шумо хубтар медонед. Ман ҳам пагоҳ ба Душанбе меоям».

Ҳамон вақт мо гуруҳи милитсияҳои Кӯлоб маслиҳат намудем, ки дунафарӣ бо баҳонае ба постҳоямон меравем ва аз «Динамо» берун шуда, пеши бинои алоқа ҷамъ мешавем. Ҷамъ ҳам шудем ва ҳайрон будем, ки чӣ кор кунем ва ба кӣ итоат намоем? Дар ин ҳолат ман он ҷо шиносеро дидам, ки коргари Кумитаи иҷрояи яке аз ноҳияҳои вил.Кӯлоб буд. Ӯ ба ман гуфт, ки дар дохили бинои Шӯрои Олӣ раиси вилоят Қурбон Мирзоалиев ҳузур дорад.

Ҳама дар итоати дед Сангак

Ҳамин тавр машварат шуд, ки дохили бино шавам ва аз он кас маслиҳати фаъолияти ояндаи худро бипурсем. Вақте дохили бино шудам ба ман гуфтанд, ки дар ошёни дуюм Ситод амал мекунад ва аз аъзои ситод маслиҳат пурсед. Ман ба кабинет (ҳуҷра)-е, ки роҳбарияти ситод қарор дошт, даромадам. Он ҷо аксаран ашхоси баландпояи вил.Кулоб, раиси вилоят Қ.Мирзоалиев, сардори майдони Озодӣ Сангак Сафаров (дед Сангак), Мулло Ҳайдар, Лангарӣ Лангариев ва дигарон оид ба бесарусомонӣ ва ким-кадом масъалаҳо баҳс мекарданд. Пеш аз ҳама бобои Сангак маро диду номамро гирифта, савол кард: «Пирӣ (сардори онвақтаи РКД вил.Кӯлоб) дар куҷост?» Гуфтам, ки «пагоҳ ҳамин ҷо мешавад». Бобои Сангак бо хитоб гуфт, «ин хел намешавад, бояд зуд имрӯз ҳозир шавад. Ҳоло бошад бо милитсияҳои худ бехатарии шахсони дар бино буда ва худи биноро ба уҳда гиред. Ба Шумо ҷавоб! Ва аз иҷрояш ба ман шахсан хабар диҳед». Ин вақт ҳис кардам, ки дар ин ҷо ҳама фармони ӯро бояд иҷро кунанд, аз дасти раиси вилоят мумкин чизе наояд, вагарна… Ман хостам аз ҳуҷра бароям, лек бобои Сангак маро нигоҳ дошту гуфт: «Дар ошёнаи 1 утоқи Усмоновро истифода баред». Баромадаму рост назди гуруҳ рафта, саф ороста дохили майдон шудем. Мардуми майдон моро бо чапакзаниҳо, бо нидоҳои «қанд занед, ана пуштибонҳои мо!!!» гуфта пешвоз гирифтанд. Дохили бино шуда, маконро интихоб ва коргаронро ба ҷойҳои лозимӣ ҷо ба ҷо кардам. Дохили бино афроди касбу корашон гуногун саргардон буданд, гӯё ким-кадом масъалаҳои муҳимро ҳал мекарда бошанд.

Бӯрӣ Ҷобир: Мо хато кардем!

Одамони майдон бо ҳоли худ буданд ва албатта аз дарун роҳбарӣ карда мешуданд, талабҳои худро мекарданд (ин ба ҳама маълум буд). Рӯзи дигар баъди постҳоро дида баромадан бо сардори раёсат П.Ҳусейнов вохӯрда, вазъро фаҳмонидам. Ӯ ба мо супориш дод, постҳоро таъкид кунам, ки одамони бегона дохили бино нашаванд. Вазифа ва супориши ҳаррӯзае, ки ба мо дода мешуд, иҷро менамудем. Рӯзе наздам П.Ҳусейнов омада гуфт, «якҷо назди президент Раҳмон Набиев медароем, ту комменданти ш.Душанбе бояд шавӣ. Ваъзият дар шаҳр бисёр муташанниҷ. Ин вазифаро бояд ба даст гирӣ ва аз уҳдааш бароӣ, чунки таҷрибаи комсомолию советию милисагӣ дорӣ». Ман ҳам зиёд фикр накарда, мисли аскари қаторӣ гуфтам: «Агар роҳбарон лоиқ донанд, чаро не?» Аммо баъди 2 руз фаҳмидам, комменданти шаҳр яке аз паҳлавонҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, марҳум Бӯрӣ Ҷобировро, ки хуб мешинохтам, таъйин намуданд. Баъдан дар вохӯриҳо ӯ ба ман изҳор карда буд, ки «Мо хато кардем. Агар Шуморо коммендант таъйин мекардем, мумкин кор ранги дигар мегирифт». Сабабашро пурсидам, гуфт, ки (номи он одамро ҳам маълум намуд): «Хулоса, маҳаллат туғрӣ наомад». Пуштам, яъне волидонам аз дигар ноҳия буданд, шояд ҳамин буд сабабаш. Дигар доир ба ин масъала то имрӯз ба касе чизе нагуфтаам. Рӯзҳо паси сар ва соат ба соат вазъият батар мешуд. Ҳар хел овозаҳоро мешунидем: Ана якум қурбонӣ, ана он ҷо тирпаронӣ шуд, ғорат намуданд, касеро ба гарав гирифтанд, идораеро оташ заданд ва ғайра… Умуман, пур аз даҳшат буд чунин хабарҳо.

Орифов: Соҳиби яроқ шудем…

Дар яке аз ҳамин рӯзҳо марҳум Ҷӯрахон Орифов-шиноси деринаамро, ки дар риштаи варзиш якҷо кор мекардем, дохили бинои Шӯрои Олӣ дидам. Баъди салому алейк, ба ман таърифкунон гуфт, «акнун масъала ранги дигар мегирад». Пурсидам: «Чӣ хел?» Гуфт: «Яроқ дастрас намудем ва ҳоло ба бачаҳо тақсим мекунем». Гуфтамаш: «Ҷӯрахон, эҳтиёт кунед, яроқро бо маслиҳати мутахассисон, роҳбарон, бо шахсони масъул ва бо навишти ному имзо (рӯйхат) тақсим кунед, чун пагоҳ ин яроқ дарди сар шуданаш мумкин». Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Вазифаи ман овардан буд, овардам. Тақсимотро бобои Сангак мекунад». Хуллас, дар муддати кӯтоҳ дохили бино пур аз силоҳбадастон гашт, ба ғайр аз коргарони милитсия. Баъди фоҷиаҳои зиёде барои майдонро тарк намудан байни раиси вилоят Мирзоалиев, бобои Сангак баҳсҳои зиёде шуд. Бобои Сангак тамоман розӣ набуд, ки одамон майдонро тарк кунанд. Ба ӯ мефаҳмонданд, ки ҳар 2 майдон соҳиби яроқ шудаанд ва ин оқибати хуб надораду боиси талафоти зиёди ҷонӣ мешавад, аммо ӯ розӣ намешуд. Оқибат бобои Сангак розигӣ медиҳад ва шарт мегузорад, ки ӯ охирон аз майдон меравад. Ва худи ҳамон рӯз бо кадом роҳ рафтанро супориш медиҳад, ки муайян намоянд. Бо роҳи Кофарниҳон (ҳоло ш.Ваҳдат) хел вазнин арзёбӣ шуд. Лангарӣ пешниҳод намуд, ки бо роҳи н.Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) ва н.Ёвон меравем. Лек пеш аз он ки мардум ба мошинҳо савор шаванд, бояд роҳро месанҷиданд. Ин санҷиш ба зимаи гуруҳи Қосим Саидов (ҳоло полковники милитсия) афтид. Ба роҳ баромаданд, аммо баъди якчанд соат гашта омаданд, зеро дар роҳи н.Ленин ба онҳо гуруҳи номаълум бо яроқҳои оташнишон ҳамла намуданд ва дар ин даргириҳо худи Қосим ҷароҳат бардоштааст.

Қозӣ: Калони кӯлобиҳо кист?

Акнун масъалаи одамонро аз майдон бе хафв баровардан ба миён омад. Бобои Сангак ба ман супориш дод, ки бо роҳбарияти ВКД ҶТ гуфтугӯ кунам, то онҳо кафил шаванд, барои бемамоният ва бе талафот гусели иштирокчиёни майдони Озодӣ, ки сохти конститутсионии давлатро пуштибонӣ мекарданд. Бобои Сангак аввалан номи муовини вазир Абдусаттор Раҷабовро гирифта гуфт, «дар ин масъала ба ӯ муроҷият намоед». Ба бинои ВКД ҶТ даромада Раҷабовро суроғ кардам. Ба ман гуфтанд, ки «ӯ бемор ва дар беморхонаи ВКД бистарист». Ман наздаш даромада, масъаларо фаҳмондам, аммо Раҷабов гуфт: «Касе дар ин ҳолат гапи маро барои кӯлобӣ буданам намегирад ва кафолат дода ҳам наметавонам, афсӯс». Аз роҳбарон дар вазорат фақат муовини вазир А.Қаҳҳоров буданд. Наздаш даромадам, хотирпарешон буд. Ваъзиятро фаҳмондам, ки мардумро бе зарар ва бе талаф аз майдон баровардану гусел кардан лозим. Қаҳҳоров каме фикр карду супориш дод, ки сардори ГАИ Ҳабиб Сангинов (шодравон) наздаш ҳозир шавад. Баъди чанд вақте Сангинов ҳозир шуд. Ва аз Сангинов пурсид, ки аз уҳдаи гусели мардум мебарояд, ё не? Сардори ГАИ дар посух гуфт, ки «не, ҳоло бе иҷозати қозикалон ягон кор иҷро ва ҳал намешавад, касе кафолат дода ҳам наметавонад». Қаҳҳоров савол дод, ки бо онҳо (яъне қозикалон) чӣ тавр ба алоқа барояд? Сангинов гуфт, «инро ташкил мекунам». Баъди ним соат худи қозикалон Акбари Тӯраҷонзода ба утоқи кории Қаҳҳоров омада расид. Ӯ бисёр шод ва саволи якумаш ҳам ин буд: «Калони Кӯлобиҳо кист?» Аз ҷо хеста гуфтам, ки ман намояндаам!

Лангарӣ: То интизори фардо намеистем!

Рӯзи 8.05.1992. Онҳо баъди маслиҳатҳо ба хулосае омаданд, ки пагоҳ 1 БТР ва коргарони ГАИ-ро вобаста мекунанд, то одамони майдони Озодиро то гардиши роҳи Ёвон гусел намоянд. Бо ин маслиҳат ман аз бинои ВКД баромада, ба Шӯрои Олӣ баргашта, хулосаро ба бобои Сангак расонидам. Аммо Лангарӣ аз ҷо хеста гуфт, «то пагоҳ интизор намешавем! Ман худам роҳро ба зимма мегирам. Худи ҳозир пеш-пеши колонна мо ва аз қафои колонна милитсия ба роҳ мебароем». Бобои Сангак дар ҷавоб гуфт: «Ин хел бошад «по коньям»! Ман бошам дар ин майдон то 1 одам мондан ин ҷо мемонам. Касе хоҳад истад, маҷбурӣ нест!» Марҳум Рустами Абдураҳим гуфт: «Ман ҳам меистам». Дар ин ҷо муовини вазири корҳои дохилӣ Шералӣ Хайруллоев низ ҳузур дошт ва ба ман гуфт: «Вазъият бисьёр вазнин аст, эҳтиёт кунед. Дар дасти бегонаҳо яроқ зиёд ва ин фалокат аст. Агар аз уҳдааш бароед бо роҳбарон маслиҳат карда, дар н.Данғара милитсия ҳамаи яроқҳоро ба ихтиёри худ гирифта қайд кунад ё ақаллан рӯйхат кунед, ки яроқ дар дасти кист». Хуллас, бо як мушкилӣ, бо талафоти на чандон калон мардумро аз майдони Озодӣ баровардем. Ман аз қафои колонна будам. Дар мошини давлатии ман Сардори РКДи вил.Кӯлоб Пирӣ Ҳусейнов, муовини сардор Азизов Халил ҳузур доштанд. Ва дар роҳ мошине, ки полковники милитсия Иброҳим Исмоил дар он буду назди пули «Текстилкомбинат» ба садама дучор шуда буд, ӯро низ бо худ гирифтем ва то ш.Кӯлоб расидем. Барои гирифтани яроқ аз дасти мардум ва тартиб додани рӯйхат аллакай дер шуда буд. Ва ҳамин тавр, оташи ҷанги дохилӣ-шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга зад…

Шеравлиё Мирзоавлиёев,

собиқадори ВКД ҶТ, ш.Душанбе

 

Дар ҳамин маврид…

Муноқишаи Чоркуҳ-оғози даргириҳо

Ёддошт ва хотираҳои генерал-майори милитсия Шеравлиё Мирзоавлиёевро пурра тасдиқ ва дастгирӣ мекунам. Аслан гирем, нотинҷиҳо дар Ватани барои ҳамаи мо азиз, аз тобистони с.1989, дар минтақаҳои Чоркуҳ ва Ворухи ш.Исфараи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) байни тоҷикон ва қирғизҳо барои обу замин сар зада буд. Он вақтҳо ман муовини командири баталони пуставу пайраҳадори (ППС)-и Раёсати Корҳои Дохилии ш.Душанбе будам ва дар кашмакашиҳо ва тинҷ кардани он бо кормандонам ширкат доштам. Тирамоҳи с.1989 шоҳиди муноқишаҳои н.Ғончӣ (ҳоло Деваштич) низ будем. Ҳамон сол ва аввали с.1990 нотинҷиҳои н.Колхозобод (ҳоло Ҷ.Балхӣ), Ҳисор ва дар ш.Душанбе воқеаҳои февралӣ («февральские события»)-ро низ пешгирӣ ва ором кардем, аммо душманони хориҷӣ Ватани моро осуда намонданд ва баъди пошхӯрди Иттифоқи Советӣ (СССР) ҷанги шаҳрвандиро асос гузоштанд…

Генерал Ш.Мирзоавлиёев, Пирӣ Ҳусайнов, Ҳабибулло Маҷидов, полковники милитсия Азизов Халил, ман ва бисёр рафиқони мо шукр, ки зиндаву ҳаётем ва таърихи зиндаем. Аз ҳамин хотир, вақт ғанимат аст ва пешниҳод дорам, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд 1 гуруҳи корие таъсис дода шавад ва воқеият таърихи навини Тоҷикистонро нависем ва ба фарзандонамон боқӣ гузорем.

Аслан худи ман, ки он солҳо дар Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД ҶТ кор ва фаъолият доштам, аз с.1994 бо Қарори Ҳукумати ҶТ ба ҳайати гуруҳи кории байниидоравӣ ва Оштии Миллӣ ворид шуда будам, то охирин гуреза ва муҳоҷири тоҷикро дар дохил ва берун аз кишвар баргардонида оварда, дар ҷойҳои муқимиашон ҷо ба ҷо намудем. Ва 100 бор шукр, ки натиҷаи чунин заҳматҳоро дида ҳоло мефахрем! Албатта ҳамаи ин дастовардҳо, сулҳу салоҳ, пешравиҳои иқтисодӣ, робитаҳои байнидавлатӣ ва бурдбориҳо бе роҳбарии Сарвари муаззам, Пешвои Миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ногусастанӣ ва ғайричашмдошт буд.

Ғаффор Ғолибов,

полковники мустаъфии милитсия

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Намуд: / Вид
  • Font size:
  • Decrease
  • Reset
  • Increase